Робитаҳои иқтисодии хориҷӣ тавсеа меёбанд

№58 (3852) 12.05.2018

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ дар муносибат бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати «дарҳои боз» — ро пеша намуд, ки он дар рушди робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ба яке аз омилҳои муҳим табдил ёфт.

Даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикис­тон дар сиёсати хориҷӣ ягон кишварро ба ҳайси «кишвари душман» зикр накардааст. Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар асоси эҳтироми тарафайн ва ҳусни тафоҳум барқарор гардидаанд. Соли 2017 Тоҷикистон ҳамкорӣ ва муносибатҳои судмандро бо зиёда аз 100 кишвари хориҷӣ ба роҳ монд. Ҳаҷми савдои хориҷӣ дар ин давра 3973,1 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Аз ҷумла, 1198,1 млн. доллари ИМА ба содирот ва 2775 миллион доллар ба воридот рост омад. Тӯли соли сипаригардида шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — Феде­ратсияи Россия, Қазоқистон, Хитой, Туркия, Ӯзбекистон, Люксембург, Олмон, Афғонистон, Швейтсария, Эрон, Туркманистон, Қирғизистон ба ҳисоб рафта, ҳиссаи давлатҳои аъзои ИДМ 52,5 фоиз ва давлатҳои хориҷаи дур 47,5 фоизро ташкил дод.

Мақомоти давлатӣ талош намуданд, ки нақшаҳои дар «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» муайяншуда дар амал татбиқ гардида, иқтидори содиротии мамлакат рушд ёбад ва вобастагии бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулот ҳар чӣ камтар гардад. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот аз 20 фоизи соли 2015 то 30,2 фоиз дар соли 2017 афзоиш ёфта, ҳиссаи воридот аз 80 фоиз то 69,8 фоиз кам шуд. Чанд сол муқаддам сохтори содироти кишвар асосан аз алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул меёфт. Андешидани тадбирҳо дар самти тақвияти истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунӣ имкон дод, ки дар таркиби содирот ҳиссаи маъдан, семент, қувваи барқ, маҳсулоти тайёр аз пахта, шоҳӣ, пӯсти коркардшуда, металлҳои сиёҳ ва ғайра афзоиш ёбад.

Шарикони асосӣ аз рӯйи амалиёти содиротӣ давлатҳои Қазоқистон, Туркия, Люксембург, Афғонистон, Швейтсария, Ӯзбекистон, Тайван, Хитой Федератсияи Россия, Эрон, Нидерланд, Покистон ва ғайра мебошанд. Бояд қайд намуд, ки вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши номгӯйи маҳдуди маҳсулот, аз қабили маъдану консентратҳо, тилло, нуқра ва металлҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он, нахи пахта, семент ва қувваи барқ ташаккул ёфтааст.

Мутаассифона, содироти меваю сабзавот дар сатҳи зарурӣ ташкил нашуд. Аз 3 миллиону 906 тонна меваю сабзавоти истеҳсолшуда 116 ҳазор тонна ё 3 фоизи он содирот шудааст, ки қонеъкунанда намебошад. Имрӯзҳо дар мағозаю супермаркетҳои кишвар хамираи помидор, обу афшураҳо ва маҳсулоти макаронии истеҳсоли Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия зиёд ба фурӯш бароварда шудаанд. Соли 2017 обу афшураҳо 3,5 ҳазор тонна ба маблағи 9,8 миллион доллар, маҳсулоти макаронӣ 13 ҳазор тонна ба маблағи 10,6 миллион доллар ва хамираи помидор 740 тонна ба маблағи 625 ҳазор доллар ворид шудаанд. Ҳол он ки намудҳои гуногуни ин навъи маҳсулот дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд.

Аз ин лиҳоз, тибқи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронида аҳамияти махсус диҳад. Ҳамчунин, вазифа гузошта шуд, ки бахши давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати тақвияти коркарди нахи пахта, пӯсти хом, пилла, ангур, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ашёи хоми минералӣ ва консентратҳо, чораҳои зарурӣ андешанд.

Тӯли солҳои охир дар сохтори содироти кишвар ҳиссаи маъдану консентратҳо ба таври назаррас — то 32,3 фоиз афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2017 аз ҷониби ширкатҳои саноати кӯҳӣ содироти маъдану консентратҳо дар ҳаҷми 387,3 млн. доллар амалӣ шуд, ки дар қиёс бо як соли пеш 148,2 млн. доллар зиёд мебошад. Нархи миёнаи содиротии ин номгӯйи маҳсулот ба 1100 доллар барои як тонна баробар гардида, дар қиёс ба соли 2016-ум 295 доллар боло рафт.

Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти солимгардонии вазъи молиявии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бояд ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он давра ба давра афзун гардад. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона дар соли гузашта гувоҳи он аст, ки вазъият ҳанӯз ба эътидол наомадааст. Талаботи бозори дохилӣ нисбат ба маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия зиёд буда, танҳо воридоти ноқилҳо ва маҳсулоти ниёзи мардум дар як сол беш аз 37 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар мавриди ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда ва васеъ намудани номгӯйи молҳо аз алюминий метавон ин вазъро ислоҳ кард.

Маҳсулоти дигаре, ки дар сохтори содирот ҳиссаи назаррас дорад, нахи пахта ва маҳсулоти тайёр аз он мебошад. Бо мақсади таъмин намудани иқтидорҳои истеҳсолоти ватанӣ бо ашёи хом дар доираи тадбирҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016 ба тасвиб расид ва мутобиқи он боҷи содиротӣ ба ивази андоз аз фурӯши нахи пахта ҷорӣ карда шуд. Баъд аз қабул гардидани санади мазкур коркарди сикли дуюми нахи пахта соли гузашта бамаротиб афзоиш ёфта, ҳаҷми содироти нахи пахта ва маҳсулоти тайёри он 179,6 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016- ум 27,7 млн. доллар зиёд аст.

Боиси зикр аст, ки дар мавриди ташкили истеҳсолоти ниҳоӣ арзиши содиротии он бамаротиб афзуда, вориди асъори қобили табдил ба ҷумҳурӣ зиёд мегардад. Тибқи пешбинии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020», то соли 2020 маҳсулоти тайёр дар ҳаҷми 467,5 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2017 аз ҷумҳурӣ 118,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши умумии 17,3 млн. доллар содирот гардид, ки дар қиёс ба соли 2016 аз рӯйи ҳаҷм 51,8 ҳазор тонна ва аз рӯйи арзиш 4,5 млн. доллар кам мебошад. Дар сох­тори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хушкмева 34,1 фоиз, ангур-23,1, пиёз-13,8, меваҳои тару тоза 10,4 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон ҳолати бастабандии баъзе намуди маҳсулот дар сатҳи стандартҳои байналхалқӣ ташкил карда нашудааст. Бинобар ин, дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ чормағз, зардолуи хушк ва тару тоза, хуч, ангур, мавиз арзиши баланди истеъмолӣ доранд ва зарур аст, ки онҳо дар шакли борпечшуда, бо нишондоди хусусиятҳои истеъмолӣ, ба харидорон пешниҳод шаванд. Ҳоло дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти номбурда фақат 6 фоизи онҳо дар намуди борпеч ё коркарди ниҳоӣ сурат мегиранд.

Кунун бисёр масъалаҳое мавҷуданд, ки онҳоро ҳал намудан мувофиқи мақсад мебошад. Сертификатсиякунонии маҳсулот, маркетинг, идоракунии сифат ва логистикаи ҳамлу нақл аз он ҷумла ҳастанд. Баъд аз иҷрои талаботи мазкур маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкорони ватаниро ба кишварҳои Аврупо ва Осиё содирот намудан имконпазир хоҳад шуд. Аз ин рӯ, вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, Агентии «Тоҷикстандарт», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти мутасаддиро мебояд дар масъалаи таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои санҷишӣ бо технологияи муосир ва аккредитатсияи онҳо аз тарафи ниҳодҳои байналмилалӣ, сохтмони анборҳо ва сардхонаҳои маҳсулотнигоҳдорӣ, таҳияи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, идоракунии сифат, ташкили марказҳои логистикӣ ҷиҳати ҳамлу нақли маҳсулот ва дарёфти бозорҳои харид чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳоло бозорҳои асосии фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти коркарди онҳо Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Туркия, Покистон, Ироқ, Афғонистон, Беларус ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Тайи солҳои охир дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои истеҳсолӣ, ба мисли ҶДММ «Хуаксин ғаюр семент», ҶММ «Тоҷ-чайна», ҶДММ «Ҷунтай моҳир семент», ҶСК «Сементи тоҷик», ҶСШП «Ғаюр» ва ғайра бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда таъмин гардида, ҳаҷми содироти семент давра ба давра меафзояд. Соли 2017 содироти 970,1 ҳазор тонна семент бо арзиши умумии 45,9 млн. доллар ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба як соли пеш 680,2 ҳазор тонна ё 30,4 млн. доллар зиёд мебошад. Семент ба ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир мегардад.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқа 21,7 фоиз, нефтӣ-17,1, воситаҳои нақлиёт-7,3, металлҳои сиёҳ 6,5 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти маҳсулоти озуқаворӣ аз рӯйи ифодаи арзишӣ дар қиёс ба соли 2016-ум 18,9 млн. доллар кам гардид ва дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқа ҳиссаи орду гандум, маҳсулот аз онҳо 35,6 фоиз, равғани растанӣ — 15,5, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ — 12,3, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ — 6,7, маҳсулоти тайёр аз орд ва гандум 6,4 фоизро ташкил медиҳад.

Вазни хоси маҳсулоти нефтӣ низ дар воридот назаррас аст ва тибқи маълумоти мақомоти гумрук, соли гузашта 426,1 ҳазор тонна маҳсулот бо арзиши 265,9 млн. доллар ворид гардидааст. Нархи гази моеъ нисбат ба бензин арзонтар мебошад. Бинобар ин, соли гузашта 353,2 ҳазор тонна гази моеъ бо арзиши умумии 161,3 млн. доллар ворид гардид, ки нисбат ба соли 2016- ум 3,9 ҳазор тонна ё 1,1 млн. доллар зиёд аст.

Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти таҷҳизоти технологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Соли гузашта воридоти таҷҳизоти технологӣ 132,8 млн. доллар, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 52,1 млн. доллар, мошин ва таҷҳизоти барқӣ 36,1 млн. долларро ташкил намуд.

Воридоти воситаҳои нақлиёти рӯйизаминӣ низ зиёд шудааст. Соли сипаришуда воридоти онҳо бо арзиши умумии 201,7 млн. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба соли гузашта 26,6 млн. доллар зиёд мебошад.

Бисту нуҳуми марти соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» қабул гардид, ки дар он барои воридоти автомашинаҳои нав пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз аз меъёрҳои амалкунанда пешбинӣ гардид. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 30 ноябри соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти 12920 адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2016-ум 6586 адад афзоиш ёфтааст.

Соли 2017, дар натиҷаи беҳтар гардидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1,8 маротиба зиёд шуд.

Моҳи марти соли равон дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 27 созишномаю қарордод ва санадҳои дигар ба имзо расида, даҳ гузаргоҳи нақлиётӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар байни ҳар ду ҷумҳурӣ ва минтақаҳои онҳо ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ қарордодҳо ба имзо расиданд. Бо нархҳои дастрас гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва барқи Тоҷикис­тон ба ҷумҳурии ҳамсоя интиқол дода шуд.

Дар маҷмӯъ, зарур аст, ки минбаъд низ барои таҳким бахшидан ба раванди ҳамгироии иқтисоди кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ, кам кардани таъсири омилҳои беруна, ташкили истеҳсолоти рақобатпазир мақомоти мутасаддӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ғафур РАСУЛОВ,

сардори Раёсати тадқиқоти макроиқтисодии

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон