Дуюми сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Франсия аз Гурӯҳи дӯстии «Франсия ва Осиёи Марказӣ»- ро, ки бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва сармоягузорӣ, илму техника ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
- Муносиботи Тоҷикистону Франсия тайи солҳои охир рӯ ба рушди устувор овардаанд, — бо қаноатмандӣ изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфти Андре Дюле: «Франсия, аз ҷумла парлумони он, омода аст, аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мудом дастгирӣ намояд».
Фаъолияти босамари ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Франсия, ба мисли «Тотал» ва «Алстом» дар Тоҷикистон нишонаи оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва технологии ду кишвар номида шуд. Ба таъкиди Андре Дюле «ширкатҳои зиёди дигар низ аз Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан ба бахши саноати кӯҳии он таваҷҷуҳи хоса доранд».
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, густариши ҳамгиройии дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт ва ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
www.president.tj