Чанде пеш дар меҳмонхонаи «Истиқлол»- и пойтахт ҷаласаи роҳбарони Кумитаи варзиши назди Шӯрои вазирони мудофиаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Иштирокчиёни он масоили вобаста ба ташкилу ба роҳ мондани Спартакиадаи артишҳои ба ҳам дӯсти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки барои рушду нумуъ бахшидани варзиш дар байни ҷавонону наврасон ва хизматчиёни ҳарбӣ аз 1 то 5 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи мамлакат ва дар доираи Спартакиадаи артишҳои ба ҳам дӯсти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба гӯштии дзюдо баргузор гардид. Дар ин мусобиқа беҳтарин дастаҳои варзишии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Беларус, Озарбойҷон, Украина ва Федератсияи Россия ширкат менамоянд.
Мусобиқаи мазкур 3 сентябри соли ҷорӣ дар толори варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»