Аз рӯйи маълумоти оморӣ, то соли 2030 қонеъгардонии талаботи аҳолии кураи замин бо оби нӯшокӣ ба мушкили асосӣ табдил меёбад. Имрӯз дар ҷаҳон қариб 1 миллиард нафар аз истифодаи оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Агар ин раванд идома ёбад, баъди 20-25 сол аз нисф зиёди аҳолии кураи замин (беш аз 3 млрд.) ба норасоии оби нӯшокӣ дучор мегарданд. Аз ин хотир, ташаббуси Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қобили қабул ва арзандаи ситоиш буда, барои ҳифз ва истифодаи захираҳои обӣ омили таҳрикбахш мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз лиҳози захираҳои обӣ бой мебошад, зиёда аз 50%-и сарчашмаҳои оби ҳавзаи баҳри Арал аз ҳудуди он ташаккул меёбад. Ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8%-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтааст, захираҳои бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, ки 845 млрд. метри кубӣ арзёбӣ мегарданд. Дар маҷмӯъ, 55,4% захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд ва кишвар аз ҳисоби захираҳои об дар ИДМ баъди Федератсияи Россия дар ҷойи дуюм, дар Осиёи Марказӣ ҷойи якум ва аз ҳисоби обҳои нӯшокӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал мавқеъ дорад.
Захираҳои обии Тоҷикистон ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла барои обёрикунонии замин истифода мешаванд. Тибқи маълумоти дастрасшуда, заминҳои обии ҷумҳурӣ зиёда аз 13 фоизи заминҳои кишоварзиро ташкил медиҳанд, ки то 90 фоизи маҳсулоти соҳаро дар онҳо истеҳсол мекунанд.
Бояд дарк намоем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза низ пешсаф аст ва ин нишондиҳанда 99,2% -ро дар ҳиссаи истеҳсоли неруи барқ ташкил медиҳад. Агар мо иқтидори истеҳсолии қувваи барқро дар ҷумҳурӣ таҳлил намоем, ин нишондиҳанда тақрибан 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ мегардад. Ҷоиз ба зикр аст, ки шароити табиӣ-иқлимӣ ва релефи ҷумҳурӣ барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид мебошад ва дар як дарё аз 5 то 10 НБО сохтан мумкин аст. Дурустии ин гуфта дар истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои Вахш, Сурхобу Хингоб ва Зарафшон зоҳир мегардад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масоили об замина фароҳам меорад, ки вазъиятро дар самти истифодаи оқилонаи ин неъмати бебаҳо беҳтар намуда, корҳои ба беҳдошти муҳити зист рабтдоштаро дуруст ба роҳ монем.
Эмомалӣ ШЕРАЛИЕВ,
декани факултети молия ва қарзи
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон