Бисту ду сол қабл Худованд пас аз даҳ садсолаи нокомиҳои таърихӣ, неъмати бебаҳои хеш истиқлолиятро ба миллати ситамдидаю ҷафокашидаи мо, арзонӣ намуд. Агар ин маъниро ба таври дигар шарҳу тафсир намоем, он солу он рӯзҳо чархи бузурги таърих якбораву ногаҳон ба майлу муроди ғайриинтизори мардуми собиқ шӯравӣ давр заду ин неъмати Иллоҳиро ба кулли ҷумуриҳои бародарӣ, туҳфа кард. Бале, дар ибтидо Истиқлолият барои миллати мо як туҳфаи ройгони таърих буд, чунки ками дар кам дидаем, ки таърих-ин довари сахтгиру якрӯ чунин неъмати бузурги худро ба миллату қавме бидуни кашмокашиҳою хунрезиҳо ва муборизаҳои тӯлонӣ арзонӣ карда бошад. Аммо ин туҳфаи таъриху Иллоҳӣ ба бузургманишони вақт хуш наомад ва онҳо тавонистанд тӯли панҷ сол мо камтаҷрибаҳои аз бозию найрангҳои пуштипардагии онҳо бехабарро вориди ҷанги бародаркуш намоянд. Вале боз ба ин миллати ҷафодида, ба қавли устоди зиндаёд Лоиқ, «раҳми Парвардигори мо омад» ва тавассути неруи Раҳмонию фарзандони дигари сарсупурдаи миллат, хавфи сад дарсади аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда гаштани исми Тоҷикистони азиз ва ба боди фано рафтани орзую ормонҳои 1000- солаи мардуми тоҷик аз миён бардошта шуд.
Акнун бо гузашти бисту ду сол истиқлолияти давлатии мо қавитару устувортар шудааст. Ҳарчанд бадхоҳони дохилию берунӣ дастовардҳои истиқлолият, манфиатҳои давлату миллатрро нодида мегиранд, аммо дигар он ҳама макру ҳиялҳои аҳриманиашон пеши мардум ба андозаи як ҷав қимате надорад. Ва шукр, ки мардум хеле пухтаю дурандеш шудааст ва дигар на он соли 1992 аст, ки ба осонӣ фирефта ва дар доми душманони Ватан шаванд. Имрӯз мардум бо чашми сар дидаю дар тарозуи ақл кашидаанд, ки чӣ гуна абарқудратон давлатҳои соҳибистиқлолро бо баҳонаҳои мухталифи аз воқеият дур, ки худ соҳиби тарҳи ин дасисаҳо ҳастанд, саркӯб мекунанд. Ва тарсу нооромиҳои ҳамешагиро, ба амсоли Афғонстону Ироқ, ҷорӣ карда, ҳатто ба ҳукми одат медароранд. Рӯзу соате нест, ки дар ин кишварҳои ҷангзада, бар асари таркишҳои даҳшатафкани террористон, садҳо хурду калони бегуноҳ қурбон нашаванд. Ҳизбу равияҳои тундгаро низ нақши тахаюлоти онҳост.
Сад шукр, ки бар хилофи ин ҳама таҳдидҳо, мардум дар кори сиёсат ва бозиҳои ноҷавонмардонаи онҳо то дараҷае ҳушёру зирак шудаанд. Шахсан ин сифатҳои неки пешакардаи мардумро чанд рӯз пеш тавассути як гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки ба даҳ шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб сафари корӣ намуда буд, бисёр хуб мушоҳида кардам. Мардум аз дастовардҳои истиқлолият он қадар изҳори ризоияту қаноатмандӣ мекарданд, ки бешак, шабеҳи ин гуна мавқеъгириро дар солҳои сипарии соҳибистиқлолиамон мушоҳида накарда будам. Қадри манфиатҳои миллату давлатро аз ҷон ҳам боло медоранд.
Патриотизми сатҳи олиро на дар садову симо, балки воқеияти онро бо чашми худ дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Муъминобод дидам.Онҳо ба хотири ҳамовозӣ ба мулоқоти баргузоргаштаи Сарвари кишвар бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат бо ҳам омада, мавқеи шаҳрвандии худро муайян мекарданд. Тамоми ҷамъомадагон талош менамуданд, ки сари мавзуъ арзи андеша намоянд. Тӯли панҷ соат танҳо ба 43 нафари онҳо муяссар гардид, ки фикру андешаҳои худро сари вазъи имрӯзаи кишвар иброз доранд. Дар ин миён суханронии модари афсари шаҳид Розиямоҳ Ҳабибова он қадар мутаассиркунанда буд, ки аксари ҳозирин тавони нигаҳ доштани ашки худро надоштанд. Модар расми фарзандро ба аҳли толор намоиш дода, ашкрезон мегуфт:- Фарзандам аз соли 1996 дар артиш ба сифати афсар хизмат мекард. 3 октябри соли 2010 дар ҷанги минтақаи Рашт аз дасти душманони Ватан ба қатл расид. Ман модари даҳ фарзандам ва розиям, ки онҳо низ чун бародари худ Амиршоҳ ба хотири ҳимояи Истиқлолияти кишвар ва гиромӣ доштани манфиатҳои давлату миллат ҷони худро қурбон намоянд,- силсилаи андешаҳои ибрознамудаи хешро ҳамин тариқ хулоса карда гуфт Р.Ҳабибова.
Мушоҳида кардам, ки аз розу ниёзҳои Ватанхоҳонаи апаи Розиямоҳ аз ҳама бештар муовини аввали раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршоев мутаассир гашта буду оби дидагони худро дошта наметавонист.
Иродаи ватанпарварию ҷасорати модари афсари шаҳид, ноаён ёду хаёли маро ба дуриҳои дур бурд. Аз дунёи воқеият ба сайри олами ривояту афсонаҳо рафтам. Ривоят аст, ки замоне 40 духтари тоҷик айни набарди нобаробар ва ақибнишинӣ аз ғосибони марзу буми хеш, аз Худованд илтиҷо мекунанд, ки онҳоро дар ин макон санг намояд, то асиру ғуломи душманон нашаванд. Худованд ин талаби духтарони далер, мубориз ва озодихоҳи тоҷикро мепазирад. Ва аз он замон ин мавзеи афсонавӣ ба худ номи «Чилдухтарон»-ро мегирад. Кас гумон мекунад, ки маҳз ҳамон ҳусну ҷамоли духтарони ватандӯсти баору номуси санггашта, нақши худро дар табиати афсункори ин мавзеъ ба мо имрӯзиён ба ёдгор монда бошад. Месазад, ки ба чунин модарон ё худ модарони оддии кӯҳистон сари таъзим фуруд овард, чунки ин гуна ҷасорату мавқеъгирии онҳо дар нисбати Истиқлолияти ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлати хеш, бидуни иғроқ, аз баъзе ҳизбҳои сиёсӣ болотар меистад. Ин ҷо хубтар ҳис кардам, ки муҳаббати модарон дар нисбати Ватан, хеле бартарию афзалият доштааст. Маҳз ҳамин омил будааст, ки халқиятҳои тамоми олам Ватанро ба модар ташбеҳу нисбат медиҳанд.
Зани дигаре бо исми Людмила Қурбонова бо як ифтихори хосаи Ватандорӣ, ба ин тариқ мегӯяд:- Маро пайвандони модариам барои зиндагии доимӣ пайваста ба Россия даъват мекунанд, вале ман ҳеҷ гоҳ ин даъвату таклифҳо, муҳаббати Ватанро бо Сарвари халқпарвараш Эмомалӣ Раҳмон иваз карданӣ нестам. Аммо нафратам меояд, нисбат ба он тоифае, ки имрӯз қадру қимати миллатро бо амалҳои ноҷои хеш, коҳиш медиҳанд…
Ин манзараҳоро мебинаму Яздонро шукри беҳад мекунам, ки акнун дар тору пуди миллат муҳаббату садоқати бепоёни Ватан ва Истиқлолият ҷовидонӣ маскан гирифтаасту аз хӯи ғуломию бегонапарастӣ дурӣ меҷӯяд. Мо айнан ҳамин гуна мавқеъгириҳои рӯҳбахшкунандаи ифтихоромезро дар тамоми вохӯриҳои баргузоргаштаи сокинони озодидӯсти шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб возеҳу равшан мушоҳида намудем. Дидем, ки ин мардум ҳамон таъкиди чанд сол пеш арзнамудаи Президенти Россия Владимир Путинро дар хусуси ин мавзуъ, ки воқеан ҳам бисёр хубу баҷо гуфта буданд, дарк кардаю пазируфтаанд. Яъне, шахсе, ки замони шӯравиро эрод мегирад, дил ва он нафаре, ки дар бораи барқарор карданаш андеша мекунад, ақл надорад.
Моҳе қабл, вақти хайрухуш, аз сокини деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Азизулло Раҷабов, маъруф ба Ҳоҷӣ Пиёда, ки нияти тарки манзили хеш дошт, эҳтиёткорона пурсон шудам:- Бобои Ҳоҷӣ, магар аз ин сафарҳои дуру дарози пиёда хаста нашудаед?
-Дӯсти азиз, ана ҳамин Парчами Тоҷикистон дар ҳама ҳолатҳо нерую ғайрат ва илҳомбахши тану руҳи ман аст, — парчами дар сари асои сафариаш насбкардаро ламскунон гуфтанд бо як ифтихори ба худ хос Ҳоҷӣ Пиёда. Ин дафъа ҷониби гуселкунандагон маънидорона нигариста, иловатан иброз намуданд:- Ин Парчами Тоҷикистони озод аст, ман зери ин парчам ду маротиба сафари пиёдаи ҳаҷ кардам ва дар ин сафарҳо баробари дидани ҷойҳои муқаддасу таърихӣ, оромгоҳҳои садҳо бузургонамонро зиёрат намудам. Акнун навбати гӯри Бобои Одам аст ва ҳатман бо ҳамсафарони худ зери ана ҳамин парчам ба сари гӯри Бобои Одам хоҳем расид. Дар ин сафар, ки то сарҳади Покистон идома ёфт, мо аллакай оромгоҳҳои бузургмардони бурунмарзии тоҷик, аз қабили Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Бурҳониддини Рабонӣ ва Аҳмад Зоҳирро зиёрат намудем. Айни ин сафар, ки имрӯз идомаи он оғоз меёбад, бо садҳо фарзандону наберагони муҳоҷирони иҷбории солҳои сиюми тоҷик, ҳамсуҳбату ошно шудем, ки аз падару бобоҳои дар ҳасрати Ватан бахокрафтаи хеш қиссаҳои риққатовар мекарданду аз оромию осудагӣ ва ободии кишвари бобоиашон-Тоҷикистон ифтихор менамуданд. Агар ин озодию истиқлол намебуд, пас аз куҷо ман тӯли ин ҳашт сол ин қадар рӯйи дунёро сайру саёҳат мекардам. Ман аз ҷумлаи он ҳоҷиёни тоҷикам, ки чун Сарвари давлатамон имкон даст дод то вориди Хонаи Худо шавам ва дар дохили он ва тамоми ҷойҳои муқаддас танҳо дуои ободии Ватану истиқлоли онро кардаам. Иншооллоҳ дар сари гӯри Бобои Одам низ дуо мекунам, ки истиқлоли мо умри ҷовидона ёбад.
- Хайр, гӯед, ки кадоме аз мо,- ба гуселкунандагон назар афканда, — то расидан ба истиқлол дохили ҳамин хатти сарҳадро, ки садҳо гектар заминро дар бар мегираду аз пушти хонаҳоямон ҳамагӣ 40-50 метр дурӣ дорад, дида будем?- бо таъкид мепурсад Ҳоҷӣ Пиёда. Ҳини аз дарвозаи манзилаш берун шудан Ҳоҷӣ шӯхиомез гуфт: шутурҳою бузҳои аз сафар овардаамро то бозгашт ба шумо амонат месупорам. Агар ҳамин соҳибихтиёрии кишвар намебуд, чӣ гуна аз молбозори Кобул ин ду сар уштуру ду сар бузро харидорӣ карда, ба хона меовардам?
Моҳе қабл чанд тан аз ҳамкасбони худро ба дидорбинии муҳоҷире бо исми Ҳоҷӣ Азиз, ки баъди 60 соли муҳоҷират дар Афғонистону Покистон ба деҳаи Арчаи деҳоти «Деҳқонариқ»-и ноҳияи Фархор баргаштааст, роҳбаладӣ намудам. Ҳампешагон мӯйсафеди 105-солаи хеле чаққону бардамро дида, дар тааҷҷуб монданд. Ӯ дар чунин синну сол бидуни айнак китоб мутолиа мекард. Зимни суҳбат эшон гуфтанд, ки дар деҳа омӯзгор будам ва шаби 13-уми октябри соли 1943 ҳамроҳи хоҳар ва як гурӯҳ ҳамдеҳагон дарёи Панҷро гузашта, Афғонистон рафтем. Тамоми умри он сӯйи дарё, мисли дигар ҳамватанони ҳиҷраткардаамон, зери тамғаи фирорӣ пушти сар шуд. Истиқлолияти Ватан, бозгашти муҳоҷирини иҷбории ҷанги шаҳрвандӣ аз Афғонистон, тантанаи Ваҳдати миллӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қалбҳои мо муҳоҷирони собиқ, шӯълаи умедро фурӯзон кард.Умри тӯлонӣ сабаб шуду боз ба дидани обу хоки Ватани аҷдодӣ, дидори пайвандону дӯстон ва шумо, ҳамватанони азизам даст ёфтам…
Ин гуна мавқеъгириҳои рӯҳбахшкунандаи мардум воқеан ҳам боиси андешаву ифтихор, илҳому сарбаландист ва ин нукот мо сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар вазъи кунунӣ сари масъалаи манфиатҳои миллию давлатӣ беш аз пеш, ҳушёру огоҳназар ва эҳтиёткору дурандеш бошем, то ки ин дастоварди бузурги миллат халал наёбад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»