Зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 майи соли 2018 дар факултети муштараки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус (воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиев 266) Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус таъсис ёфт.
Меҳмонони беларусиро бо роҳбарии ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус Сергей Харитончик ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Одиназода Ҳайдар Одина, омӯзгорон ва донишҷӯён бо нону намак пешвоз гирифтанд.
Одиназода Ҳайдар Одина аз ҳамкориҳои ду донишгоҳ, ки соли 2011 оғоз ёфта, сол то сол ривоҷ меёбад, ёдовар шуд. Зикр гардид, ки ҳоло дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ду факултети муштарак – факултети муҳандисӣ – техникӣ ва факултети авиатсияи шаҳрвандӣ фаъолият доранд, ки дар курсҳои якум ва дуюми онҳо 300 донишҷӯ таҳсил доранд.
- Итминон дорам, ки марказ дар мустаҳкам кардани дӯстӣ ва тавсеаи равобит саҳми босазо хоҳад гузошт, — гуфт Одиназода ҳайдар Одина.
Ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус Сергей Харитончик дар робита чунин изҳори андеша кард:
- Хеле сарфарозем, ки ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ сол то сол ривоҷ меёбанд. Маркази маориф, илм ва фарҳанг бояд ба маконе табдил ёбад, ки мардуми фарҳангдӯсти тоҷик аз расму анъанаҳо, таърих ва навигариву комёбиҳои Ҷумҳурии Беларус бохабар шаванд.
Ният дорем, ки моҳи сентябри соли равон дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус Маркази фарҳангии тоҷиконро низ ташкил намоем, — гуфт Сергей Харитончик.
Н. Тилло, «Садои мардум»