Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон 16 майи соли 2018 бо ҳузури вазири фарҳанги ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Юрий Бондар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар муҳайё сохтани фазои мусоид барои тавсеаи муносибатҳои фарҳангӣ, ки таҷассумгари арзишҳои маънавӣ, фарҳангии ду миллати соҳибтамаддун маҳсуб меёбад, муассир ва Китобхонаи миллии Тоҷикистонро намунаи барҷастаи дастовардҳои даврони истиқлол арзёбӣ кард.
- Мо омодаем муносибатҳои дӯстиро на танҳо дар соҳаи фарҳанг, балки дар дигар соҳаҳо беш аз пеш густариш бахшем, — гуфт ӯ ва афзуд: — Итминон дорем, ки Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон заминаи боэътимод баҳри густариши робитаҳои дуҷониба хоҳад гашт.
А. Мирзозода,
«Садои мардум»