Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади ривоҷ додани соҳаи боғпарварӣ бунёди боғи шаҳриро дар майдони 49 гектар замин ба роҳ мондааст. Дар ин боғ шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва бахши кишоварзии шаҳр шинонидани 30 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳандаро ба нақша гирифтаанд. Аҳолии шаҳри Роғун бунёди боғҳо ва сабзонидани дарахтонро баҳри рушди соҳаи боғпарварӣ яке аз вазифаҳои шаҳрвандии худ ҳисобида, барои ҳар чӣ зудтар бунёд гардидани боғи шаҳрӣ кӯшиш намуда истодаанд. Инчунин ҷиҳати бунёди боғи мазкур ҳама ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардидаанд.
Осиямоҳ ДАВЛАТОВА,
шаҳри Роғун