Имомҳусейнро бояд ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил кард

№68 (3862) 02.06.2018

FDD9D239-DDB8-484F-8604-727D8A00F8EA_w1023_r1_sИстеъдоди Имомҳусейни 7- сола фавқулода аст.  Сайёҳоне, ки тариқи интернет аз маҳорати ин писарак огоҳӣ доранд, замоне ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, ҳатман мехоҳанд ӯро бинанд.

Ӯ ҳар саҳар 12 километр роҳро дар 2 соат медавад  ва дар 6 соату 20 дақиқа бо даст вазнашро 11100 маротиба аз замин мебардорад.

Баъд аз бо Имомҳусейн шиносоӣ пайдо намудану нерумандии ӯро дарк намудан ба давидану тамрину варзиш машғул шудам. Яъне, маҳорати писарбачаи 7- сола барои мани 60- сола дарси ибрат гардид.

Варзиш асоси нерумандист. Шахсиятҳои маъруф, аз қабили Иброҳим Ҳасанов, Саидмуъмин Раҳимов, Зебунисо Рустамова, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Беҳрӯзи Хоҷазод, ки номбардори миллату давлат мебошанд, дар таърих аз худ номи нек боқӣ мондаанд ва хоҳанд монд.

На танҳо аз давлати мо, балки аз давлатҳои ҳамсоя — Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистону Қирғизистон нафаре ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил нагардидааст. Масъулини сохторҳои матбутаро мебояд ҳаматарафа дастгирӣ намоянд, то Имомҳусейн ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил гардад.

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ,

ноҳияи Восеъ