Панҷуми сентябри соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи «Меҳнат»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо рафти сохтмони яке аз бузургтарин марказҳои муосири тиҷоратии пойтахт, ки дар майдони беш аз 10 гектар бо харҷи тақрибан 120 миллион сомонӣ бунёд меёбад, бевосита шинос шуд.
Зимни шиносойӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла зикр гардид, ки бинои асосии маркази тиҷоратӣ дар майдони 3,3 гектар ҷойгир шуда, барои фурӯши маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи мардум, пеш аз ҳама хӯрокворӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, меваю сабзавоти хушку консервашуда, қаннодӣ ва либосворию ашёи рӯзгор пешбинӣ шудааст.
Тибқи нақша дар ҳамаи бахшҳои ин бозор оянда бояд беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бинои асосӣ сеошёна сохта шавад ва таъкид намуд, ки «дар ин ҳолат он ҳамчунин хеле зебою диданӣ мешавад ва ҳам боз 300-400 ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё мегардад». Ҳамин тариқ, оянда дар ин маркази тиҷоратӣ қариб якуним ҳазор ҷойи корӣ муҳайё хоҳад шуд.
Бинои бузурги дигари марказ, ки майдони се гектарро ишғол хоҳад кард, барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло дар сохтмони ин маркази бузурги тиҷоратӣ 230 нафар бинокорон бо 22 техникаю механизмҳои боркашу сохтмонӣ сафарбар гардида, кор дар ду баст идома дорад. Ояндаи наздик шумораи бинокорон ба 350 нафар хоҳад расид.
Сохтмони ин маркази бузурги тиҷоратӣ, ки дар он ҳамчунин тамоми намуди хизматрасониҳои иловагӣ, пеш аз ҳама, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор пешбинӣ шудааст, то моҳи сентябри соли 2014 бояд ба поён расад.