Имрӯзҳо сокинони ноҳияи Данғара барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Дар аксари кӯчаҳои шаҳрак, ки ба таври замонавӣ тармиму таҷдид гаштаанд, дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст. Парвариши гулу гулбуттаҳои ҳархела ба таври муташаккилона оғоз ёфтааст.Сокинони шаҳрак ва коргарони ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, кӯчаҳову гулгаштҳои шаҳракро ба таври намунавӣ зебову дилкаш менамоянд.
Кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ва хонандагони мактабҳои ноҳия алҳол барои омода намудани сисилаи зиёди чорабиниҳои идона саъю талош варзида истодаанд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӣ,
«Садои мардум»