Ифтитоҳи Корхонаи ҷамъоварии троллейбусҳо дар шаҳри Душанбе

№112 (3097) 07.09.2013

10

Нимаи дуюми рӯзи панҷуми сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як зумра иншооти нави дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар қисмати ҷанубии пойтахт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як иншооти нави саноатӣ – Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва дучарха» расман ифтитоҳ ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки бунёди корхона 31 августи соли 2011 оғоз ёфта буд ва инак, пас аз ду сол он бо харҷи 13 миллион сомонӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо корхонаи троллейбусбарории ТРОЛЗА-и шаҳри Энгелси вилояти Саратови Федератсияи Россия  ба роҳ монда, асосан ба ҷамъоварии троллейбусҳо аз қисмҳои эҳтиётии он машғул аст. Дар марҳилаи кунунӣ танҳо даҳ фоизи корҳои ҷамъоварии ниҳойии троллейбус дар ин корхона анҷом дода мешавад. Яъне, троллейбусҳо аз Корхонаи троллейбусбарории ТРОЛЗА-и шаҳри Энгелси вилояти Саратови Федератсияи Россия бо ҷамъоварии 90-фоиза ба шаҳри Душанбе дастрас мегарданд ва 10 фоизи корҳои ниҳойӣ дар ин ҷо анҷом дода мешаванд. Дар ин корхона танҳо дару тиреза, чароғҳои беруну дарун, курсиҳо ва дигар қисмҳо насб мегарданд. Ба ҳамин тартиб, ҳоло дар ин ҷо чор адад троллейбус омода гардидааст. Оянда дар ин ҷо ҷамъоварии 35-40- фоизаи троллейбусҳо ба роҳ монда мешавад. Минбаъд, ҳамчунин истеҳсоли троллейбусҳои гибрид дар назар аст, ки бе пайвастшавӣ ба хатти барқӣ бо неруи аккумулятор дар як соат аз 10 то 40 км ҳаракат мекунад.

Троллейбусҳои дар ин ҷо истеҳсолшаванда дорои навовариҳои зиёд буда, ба стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй мебошанд. Дар онҳо, аз ҷумла барои бе мушкилот савор шудану фуруд омадани мусофирони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ, ки бо арабоча мегарданд, механизми махсус насб шудааст. Дар дохили троллейбус низ барои онҳо ҷойи махсуси бехатар муҷаҳҳаз гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин ҷо оянда ҷамъоварии автобусҳо низ ба роҳ монда шавад.

Бо иқтидори кунунияш ин корхона дар як сол метавонад 60 адад троллейбус омода созад, вале ҳаҷми кори ин корхона вобаста ба дархостҳои фармоишгарон аст.

Дар ин корхона, ҳамчунин навсозии троллейбусҳои кӯҳнаю фарсудаи шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад. Барои иҷрои чунин корҳо дар ин ҷо чанд коргоҳи махсус, аз ҷумла барои росту ҳамвор кардани қисмҳои осебдида, суфтасозӣ, рангубор ва насби қисмҳои гуногуни эҳтиётӣ омода гардидааст.

Дар ин коргоҳҳо то имрӯз як троллейбуси кӯҳна навсозию барқарор шуда, яктои дигар дар навбат истодааст. То охири сол дар корхона 15 троллейбуси нав ҷамъоварӣ ва 15 троллейбуси кӯҳна навсозӣ мешавад.

Дар марҳилаи дуюми бунёди корхона дар ин ҷо, ҳамчунин  истеҳсоли дучархаҳои  гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон ва калонсолон ба роҳ монда мешавад.

Дар ин корхона ҳоло 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. панҷ нафари онҳо мутахассисоне мебошанд, ки дар Корхонаи троллейбусбарории ТРОЛЗА-и шаҳри Энгелси вилояти Саратови Федератсияи Россия такмили ихтисос намуда, аз ҷумлаи кормандони фаъолу кордони он ба шумор мераванд. Ояндаи наздик шумораи коргарон дар ин корхона ба зиёда аз 100 нафар расонда хоҳад шуд.

Дар паҳлуи ин корхона ҳамчунин нуқтаи фурӯши гази табиӣ ва моеъ сохта шудааст, ки пеш аз ҳама барои автобусҳои ҷамъиятии пойтахт пешбинӣ гардидааст, то ки онҳо дар фурӯшгоҳҳои дигар бисёр дар навбат наистанд.

www.president.tj