Ба мо муроҷиат мекунанд

Сокинони шаҳри Душанбе ба ояндаи нек эътимод доранд

№74 (3868) 14.06.2018

Як қисми нома ва матолибе, ки ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» расидаанд, ба мушкилоти аҳолии пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе марбут буда, аз афзудани эътимоди мардум ба роҳбари он шаҳодат медиҳанд. Муаллифони номае, ки имрӯз дар гӯша ҷой додем, итминон доранд, ки танҳо бо мусоидати  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мушкилоти онҳо  роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

 МАНЗИЛҲОЯМОН ОБПАРТО НАДОРАНД

Мо, як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Роҳи нави шаҳри Душанбе бо умеди зиёд оид ба ду масъала ба шумо муроҷиат намуданием.

Аввалан, таъкид карданием, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти Шумо минҳайси раиси шаҳри Душанбе моро илҳоми тоза мебахшад. Ба шарофати ҷаҳду талошҳои Шумо имрӯз Душанбе ҷавонтару зеботар гардида, гулбоғеро мемонад.

Маҳаллаи мо қариб ҳамсоли Душанбеи азиз буда, чанд сол пеш манзилҳои қисми зиёди сокинони маҳалла ба шабакаи обпарто  (канализатсия) пайваст гардид. Мо — соҳибони манзилҳои боқимонда умед доштем, ки пас аз ним ё як сол манзилҳои мо низ бо корез пайваст мешаванд. Вале хулосаи имрӯзаамон ин аст, ки манзилҳои моро фаромӯш карданд.  Дар шароити кунунӣ обпарто надоштани манзилҳо аз ҷиҳати беҳдоштӣ ва ахлоқӣ ҳаргиз раво нест.

Илова ба ин, хуб мешуд, ҷӯйи маҳалла, ки беш аз 80 сол пештар кофта шуда буд ва онро яке аз сокини кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев чанд сол боз баста, монеи гузаштани об ба маҳалла мешавад, аз нав кушода гардад. Зеро оби он барои шодоб намудани гулу дарахтон ва полезҳо зарур аст.

Умед дорем, ки мушкилоти мо роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.

Раҷаб Солиев, Кенҷа Норматов, Фахриддин Ҷумъаев, Парвина Аҳророва…, ҷамъ 15 имзо, сокинони маҳаллаи Роҳи нави шаҳри Душанбе