Зебоиву зебопарастӣ, эҳтирому муҳаббат ба суннатҳои миллӣ, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ бояд дар овони хурдсолӣ ва наврасӣ талқин карда шавад. Чунин таҷриба дар ҷумҳурӣ, минҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, амалӣ гардида, таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ яке аз роҳҳои тавсеаи он мебошад.
Муассисаи таҳсилоти иловагии №1-и ноҳияи Шуғнон соли 2002 таъсис ёфта, бино ба иттилои муовини сарвари муассиса Зардодхон Зардодхонов, айни замон дар он 26 маҳфил амал мекунад.
Ба гуфтаи омӯзгори муассиса Гулбарг Маъсумова, дар маҳфилҳо ҳунарҳои дӯзандагӣ, пухтупаз, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва ғайраро ба толибилмон меомӯзонанд.
- Волидайн аз касбомӯзии фарзандон қаноатманд ва манфиатдор буда, шумораи хоҳишмандон сол аз сол меафзояд, — мегӯяд муаллима.
Омӯзгорон ба туфайли меҳнати содиқона на танҳо дар муассисаи мазкур, балки берун аз он ҳам шуҳрат пайдо кардаанд. Зеро мунтазам дар озмунҳои гуногун ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Масалан, соли 2017 омӯзгор Назира Шехова дар озмуни «Беҳтарин роҳбари маҳфил» иштирок намуда, дар вилоят соҳиби ҷойи дуюм гардид. Омӯзгор Гулшан Назаралиева бошад, дар озмуни «Беҳтарин сарвари созмон» дар вилоят ҷойи аввалро ишғол кард.
Дар фаъолияти муассиса камбудӣ низ вуҷуд дорад. Барои мисол, аз сабаби набудани нақлиёт онҳо наметавонанд маҳсули дасти наврасонро дар шакли пурра ба намоишгоҳ бурда, ба маъраз гузоранд.
Шоҳқосими Шоҳтолиб,
«Садои мардум»