Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№113 (3098) 11.09.2013

4

7 сентябри соли 2013 дар толори бузурги Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» ба истиқболи 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ин тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толор ва мардуми кишвар ва ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 22-юми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфт.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, маҳз Истиқлолият аст, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон сарнавишти имрӯзу ояндаи худро ба дасти хеш гирифтанд.

Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз рӯзҳои мудҳиши солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистони маҳбуб, хусусан ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми садаи гузашта ва мушкилоти сангини ба сулҳу созиш овардани ду ҷониб, мардуми кишварро ба қадрдонӣ аз фазои орому осуда ва рушди бонизоми имрӯза даъват намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро тайи солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии кишвар дар соли 2013 дар ҳаҷми 42,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 19 баробар зиёд мебошад. Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз буҷети соли 2000-ум 48 баробар беш аст. Дар ҳамин муҳлат маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоии кишвар аз 35 то 55 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 2000 то соли 2012 ба 38,3 фоиз кам карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаҳои минбаъда тайи чанд соли оянда сатҳи камбизоатӣ бояд то ҳадди 31 фоиз коҳиш дода шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «таъмини зиндагии шоиста барои мардум дар тамоми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳадафи волои давлат буд ва минбаъд низ чунин хоҳад буд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии кишвар ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли равон баргузор мегардад, ёдовар шуда, аз касоне, ки номзадии худро ба ин мақоми воло пешниҳод карданианд, даъват намуд, ки фарҳанги волои сиёсиро риоя намуда, ин маъракаи муҳимро ба майдони моҷароҷӯйӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун интихоботҳои пешин шаффофу демократӣ баргузор гардида, мардуми кишвар озодона ва бо иродаи хеш роҳбари ояндаи худро интихоб мекунанд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустақили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намуд ва ҳамеша пос дошт.

www.president.tj