Субҳи 20 июн дар «Кохи Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кор оғоз кард.
Барои иштирок дар он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмони байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Ҷараёни конференсия мустақиман тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радио пахш гардида, рафти онро шумораи зиёди хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ инъикос карданд.
Мавриди зикр аст, ки даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи ҷониби Тоҷикистон мебошад ва аз рӯйи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи орои кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қабул шудааст.
Соли 2018, дар айёми таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март, татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» расман оғоз гардид.
Қабл аз оғози чорабинии сатҳи баланд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳову ҳукуматҳо, роҳбарони ҳайатҳо ва коршиносони байналмилалиро дар даромадгоҳи «Кохи Сомон» гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сипас, маросими аксбардории Сарвари давлат бо роҳбарони ҳайатҳо ва созмонҳову кишварҳои иштирокчии конференсия баргузор шуд.
Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оғоз ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокчиёни конференсияро ба Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти муассир сурат хоҳад гирифт.
Изҳори итминон карда шуд, ки конфронс барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об баррасӣ мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки дар ин самт тайи понздаҳ соли охир Тоҷикистон талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби татбиқи ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ҳамаҷониба тақвият бахшид. Ҳамаи ин ибтикор барои дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёт саҳми арзишманд гузоштанд.
Дар фарҷоми суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки иштирокдорони конференсия бо истифода аз имконот дар таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои даҳсолаи нав саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар маросими ифтитоҳи конференсия муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, раиси Шӯрои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид хонум Мария Чотардова, раиси ниҳоди «Созмони Милали Муттаҳид — Об», роҳбари Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилбер Хунгбо ва ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози ниҳоди назоратии масъалаи озуқаворӣ Герда Верберг суханронӣ карда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд доданд.
Дар ҷараёни ин конференсия муроҷиати видеоии Мирослав Лайчак — раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид намоиш дода шуд. Номбурда оид ба оғози татбиқи даҳсолаи нави марбут ба оби тоза бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва ҳадафҳои созанда дар ин самт андешаронӣ намуда, ба иштирокчиёни конференсия барору комёбӣ орзу кард.
Зимни суханронии иштирокдорони воломақоми конференсия ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мавриди пуштибонии амиқ қарор гирифт.
www. president.tj