шаҳри Душанбе, 19 июни соли 2018
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум! Хонумҳо ва ҷанобон!
Нахуст, бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусайн, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикстон хайра мақдам мегӯям.
Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сафи шарикони калидии мо қарор дорад.
Мо аз раванди рушдёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Музокироти имрӯзаи мо дар фазои барои муносибатҳои ду кишвар хоси ҳамдигарфаҳмии пурра, созандагӣ ва ҳусни эътимоди комил доир гаштанд.
Боварии комил дорам, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон ба робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯсти мо неруи нав бахшида, омили густариши бештари маҷмӯи ҳамкориҳои тарафҳоро ташкил хоҳанд дод.
Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати ду кишвар буда, ба густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидат менамояд.
Бо ибрози алоқамандӣ ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ мо аҳамияти Комиссияи муштараки байниҳукуматиро махсусан таъкид намудем.
Аз ҳисоби фаъолияти самарабахши Комиссия боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну муҳтавои ҳамкориҳои мо дар ин арса амри муҳим дониста шуд.
Дар ин зимн афзоиш додани ҳаҷми савдои хориҷии байни ду кишвар то ба 500 миллион доллари амрикоӣ дар меҳвари гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дошт.
Мо изҳори умед намудем, ки доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо иштироки судманд хоҳанд кард.
Мо омодаем, ки ҷиҳати ҳамкориҳои ҷонибҳо алалхусус дар татбиқи барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ шароити мусоид фароҳам орем.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур бо хушкӣ бори дигар алоқамандии худро ба истифодаи имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитии он барои тавсеаи тиҷорати минтақавӣ иброз дошт.
Дар ин замина, зарурати барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ низ мавриди баррасӣ қарор дошт.
Айни замон дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд, ки имкониятҳои густариши ҳамкориҳои моро дар ин ҷода афзун мегардонанд.
Дар ин росто, оғози ҳар чӣ зудтари татбиқи яке аз лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ – КАСА – 1000 махсус таъкид гардид.
Ҳар ду ҷониб ба мавзӯъҳои густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Мо ба дурнамои неки робитаҳоямон дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ишора кардем.
Дар ҷараёни музокирот атрофи доираи васеи масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар ин иртибот ба мавзӯи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ва истиқрори сулҳу суботи комил дар ин кишвари ҳамсоя яке аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти мо буд.
Ба манзури мусоидат ба ин раванд мо тасмим гирифтем, ки ҳамоҳангию ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро таҳкими бештар бахшем.
Ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи муассир алайҳи терроризму ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноякории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, дар маркази диққати мо қарор доштанд.
Масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ҷавҳари ҳамшарикии кишварҳои моро дар соҳаи амният ташкил медиҳанд.
Мо сари он қарор омадем, ки ҳамкориҳои судмандамонро дар ин арса таҳким бахшида, пеш барем.
Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯза бо Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн изҳори қаноатмандӣ намуда, муҳим арзёбӣ менамояд.