Суҳбат бо намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид

№76 3870) 21.06.2018

41088418420_ed3b7d9ee3_o19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва бо яке аз ташкилотҳои бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Қабл аз оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.

Сарвари давлат ба намояндагони кишварҳо барои дастгирии ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об ва иштироки фаъол дар рафти чорабинӣ изҳори сипос карданд.

Тоҷикистон ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои об дар Созмони Милали Муттаҳид аст ва изҳори боварӣ карда шуд, ки бо кӯшиш ва дастгирии намояндагони кишварҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ин масъала дар оянда низ бар нафъи инсоният васеъ тарғиб хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе барои чорабинии канории Форуми сатҳи баланди сиёсӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Ню — Йорк баргузор мегардад, муҳим хоҳад буд.

Зимни мулоқот меҳмонон ба нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри қабули қатъно­маҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ва дигар талошу тадбирҳои мушаххаси Тоҷикистон бар нафъи аҳли башар, баҳои баланд доданд.

www.president.tj