«Садои мардум» — боз дар сафи пеш

№114 (3099) 14.09.2013

Аз ҷумлаи мавзуоте, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» мунтазам инъикос меёбад, паҳлуҳои гуногуни масъалаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Бинобар саривақтӣ, баррасии дақиқ ва таҳлилӣ будани маводи дар ин бобат  нашрнамудаи аҳли эҷоди рӯзнома онҳо мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони соҳа ва коршиносон қарор гирифтанд. Соли гузашта зимни ҷамъбасти даври аввали озмуни маводҳо дар мавзуи экологӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеаи рӯзнома Бурҳониддин Каримзода сазовори ҷойи аввал ва мукофоти таъсиснамуда гардида буд.

Чанде пеш боз як хабари хуш ба мо расид. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатии маводҳои экологӣ ҷамъбаст ва дар бахши матбуоти даврӣ  корманди рӯзномаи «Садои мардум» Бурҳониддин Каримзода сазовори ҷойи аввал ва мукофоти таъсиснамуда гардид. Зимни муҳокимаи маводи дар мавзуъҳои экологӣ банашррасидаи журналистон дар матбуоти даврӣ маводҳои Б. Каримзода «Мо ва муҳити зист» (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷ. Наботов) , «Об ҳаёт аст», «Об- сарвати миллии Тоҷикистон» боиси таваҷҷуҳи аъзои Комиссияи ҷамъбасти озмун қарор гирифт. Дар ҷаласаи умумие, ки ба ифтихори ҷашни 22- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини раиси кумита О. Шарифова мукофотҳоро ба ғолибони озмун супорид.

М. МИРЗОЕВА, «Садои мардум»