Субҳи 24-уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони касбу кори гуногун дар мавзеи Кончоч гарму самимӣ сурат гирифт.
Нахуст Сарвари давлат аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳия дидан намуданд. Дар он маҳсули заҳмати сокинони ноҳия, хоса маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.
Инчунин, ба Сарвари давлат лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», аз қабили корхонаи истеҳсоли соддаи каустикӣ ва поливинилхлорид бо иқтидори 50 ҳазор тонна соддаи каустикӣ ва 50 ҳазор тонна поливинихлорид дар ноҳияи Ёвон, корхонаи истеҳсоли алюминий бо тавоноии истеҳсоли 100 ҳазор тонна маҳсулот дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи бойгардонии ноҳияи Айнӣ дар асоси кони Қазнок муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин намоиши дастовардҳои КВД «ТАЛКО Кемикал»-и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли криолит, фториди алюминӣ, каогулянт ва кислотаи сулфат машғул мебошад, баргузор гардид.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ояндаи ҶСП «ТАЛКО Голд», ки аз ҷониби мутахассисон тавассути видеоролик намоиш дода шуд, шинос шуданд.
Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, — Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, ба истифода дода мешавад. Дар он захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма, нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.
Ҳама унсури кимиёии зикргардида дар кишвар истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.
Аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ ду — се сол пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Хитой, Россия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт.
Ҷоиз ба зикр аст, ки солҳои охир ҳаҷми истихроҷу коркарди сурма беш аз пеш афзудааст.
Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир аст.
Баробари ба истифода додани корхона Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёт қадами устувор гузорад.
Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳандаҳо бо гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ метавонанд боз ҳам афзун гарданд.
Бинобар ин, роҳбарияти корхона, хусусан ҷониби Хитойро, ки масъули лоиҳакашӣ ва воридкунандаи технология мебошад, зарур аст, ки хатти технологиро на танҳо барои унсурҳои асосӣ, яъне тиллову сурма, балки барои унсурҳои ҳамроҳ — нуқра, симоб ва флюорит низ ҳатман ба назар гиранд.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи ҶСП «ТАЛКО Голд» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ дар як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида, истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ширкат дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиии мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки бунёди иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Ҳамчунин, баробари ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, ба зиндагии арзанда шарафёб мегарданд.
24 июни соли равон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.
Сарвари давлатро сокинони ноҳия бо самимият ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон иштирок карданд.
Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои ташхисиву табобатии бинои иловагӣ шинос шуда, бо ҳайати кории он аз наздик суҳбат карданд.
Тавре маълум гашт, бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум аз шуъбаи наҷот, ҳуҷраҳои амалиёт, ҳуҷраи махсус барои хатнаи кӯдакон ва утоқҳои ёрирасон иборат аст. Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои алоҳидаи табобатӣ бо 34 кат мавҷуд аст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ бинои иловагии тозабунёд дорои 46 кат буда, дар баробари утоқу озмоишгоҳҳои соҳавӣ, ҳамчунин дорои ошхонаи муосир барои хизматрасонӣ ба беморону аёдаткунандагон мебошад. Сохтмони иншооти мазкур соли 2016 оғоз ёфта, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба стандартҳои муосир бунёд ёфтааст.
Бино ба маълумоти масъулин, барои анҷоми корҳои сохтмонии бинои иловагии шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳорат» ва «Қасри замон» иҷро намуданд.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ дар бинои иловагӣ аз ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ харидорӣ шудаанд. Барои харидорӣ ва насби дастгоҳҳои тиббӣ бештар аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Бунёди иншооти муосири тандурустӣ имконият медиҳад, ки ташхису табобати ниёзмандон минбаъд дар ноҳия ҷараён гирад.
Зимни боздид аз бинои иловагӣ ва суҳбат бо табибону кормандони соҳа Пешвои миллат онҳоро ба истифодаи дурусти имконияти фароҳамовардашуда, муомилаи хуб бо беморон ва иҷрои содиқонаи масъулияти доштаашон ҳидоят карданд.
Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, ба фаъолияти кишоварзон дар Кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон», боғи интенсивӣ дар хоҷагӣ аз наздик шинос шуда, бо масъулину мутахассисони соҳа суҳбат намуданд.
Бо татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти тараққии соҳаи кишоварзӣ баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар корҳои зиёд амалӣ гардида, солҳои охир ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Рушди боғу токпарварӣ, афзун намудани истеҳсоли мева аз самтҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ буда, дар ин ҷода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» заминаи воқеӣ гузошт ва дар ин давра дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзор бунёд гардид.
Бо мақсади идома бахшидан ба ин раванд Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020»-ро қабул намуд, ки тибқи он дар кишвар бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ намудани усулҳои пешрафта, технологияи нав, бунёди боғҳои интенсивӣ аз самти муҳими фаъолияти боғу токдорон гардидааст.
Дар ин самт дар вилояти Суғд корҳои назаррас оғоз шудаанд ва иқдоми аҳли Кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон» шоиста арзёбӣ гардид. Сарвари давлат таъкид карданд, ки иқдоми аҳли хоҷагӣ намунаи татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти истифодаи оқилонаи обу замин ва бо усули замонавӣ афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таҳкими иқтидори содиротӣ аст.
Боғи интенсивӣ дар замини боғи дарахтони бисёрсола бунёд гардидааст. Пешвои миллат кишоварзону боғдорони ноҳияи Шаҳристонро ҳидоят намуданд, ки масоҳати боғҳои интенсивӣ, хусусан боғҳои себу нокро зиёд кунанд. Зеро обу иқлими минтақа ба боғҳои истеҳсоли ин меваҳо мутобиқ буда, аҳли ноҳия дар ин соҳа таҷриба доранд.
Сарвари давлат ба боғдорони хоҷагӣ маслиҳат доданд, ки талаботи агротехникиро сари вақт, мутобиқ ба меъёрҳо бо истифодаи таҷрибаи мавҷуда, машварату тавсияи олимон иҷро намоянд. Ин асоси муваффақ шудан дар ҷорӣ намудани усули бунёди боғи интенсивӣ ва минбаъд афзун намудани технологияи нав дар ноҳия мебошад.
Яке аз талаботи асосии ҳосилнокии баланду меваи хушсифати боғи интенсивӣ коркарди агротехникӣ аст. Зеро дарахтони боғ баланд намешаванд, коркарди байни ниҳолҳо бо истифодаи тракторҳо, плуг, чизел, култиваторҳо, дорупошакҳо осон, нармкунию чизели замини боғ наздик ба дарахтон сурат мегирад.
Таҷриба ва илм собит намудаанд, ки боғи интенсивӣ ҳосилнокии баланд дорад. Ин ба шумораи дарахтон дар 1 гектар ва ҳосили ҳар як бех дарахти мевагӣ вобаста аст. Ниҳолҳои боғи интенсивӣ дар соли 2-юм ба ҳосил медароянд ва дар солҳои 3-юму 4-ум ва минбаъда ҳаҷми ҳосил зиёд мешавад. Ҳосили меъёрии як гектар боғи интенсивӣ то 50-60 тонна аст.
Бо ҳамин ҳосилнокӣ боғи интенсивӣ то 25 сол дар шароити иқлими Тоҷикистон дар ҳар мавсим ҳосил медиҳад.
24 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов оғози расмӣ бахшиданд.
Хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни хобгоҳ бо самимияти хоса ва рӯҳияи созанда истиқбол гирифтанд.
Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи хоб, утоқи кори роҳбари муассиса, сармуҳосиб, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, китобхона ва ошхона иборат буда, бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ошхонаи тобистона ва ҷиҳати ба варзиш ҷалб намудани тарбиятгирандагон варзишгоҳи хурди футбол низ бунёд карда шудааст. Дар интернати наздимактабӣ 50 тарбиятгиранда бо шумули 13 ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи фаро гирифта шудаанд.
Хобгоҳ дар масоҳати қариб 2 гектар қомат афрохта, дорои шароити муосири истироҳату фароғат ва таълиму тарбия мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо хонандагон онҳоро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло, омӯхтану забонҳои хориҷӣ ва дар оянда хидмат ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Тарбиятгирандагон ба Сарвари ғамхору ятимпарвар барои фароҳамсозии шароити арзандаи таълиму тарбия миннатдорӣ баён намуданд. Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон дар мамлакат имкон додааст, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар шуда, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхориҳои пайвастаи Давлату Ҳукумати мамлакат қарор гиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани хобгоҳи наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов ва шиносоии ҳамаҷониба бо шароити муосири он ба 50 кӯдаки ятим кумакҳои пулӣ тақдим намуда, барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
Ҳамчунин аз тарафи Пешвои миллат ба тарбиятгирандагон 20 компютер тақдим гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тақдими туҳфаҳо таъкид доштанд, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳи хоса дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.
Ин аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ба ятимону ниёзмандон ғамхорӣ карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия иштирок намуданд.
Он аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхтор муҷаҳҳаз шуда, дигар шароити зарурӣ низ барои кормандони соҳа фароҳам мебошад.
Дар иншооти нав, ҳамчунин утоқҳои кории иҷрочиёни суд, мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат расондан ба сокинону шаҳрвандон дастур доданд.
Бинои Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 380 метри квадратӣ дар 6 моҳ аз ҷониби бинокорони варзида бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Пас аз мавриди истифода қарор додани бино Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо ба шаш ҷуфт оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ҳамчунин ба ҳар як навхонадор як ададӣ телевизор, яхдон ва мошинаи ҷомашӯйӣ тақдим намуда, таманниёти нек баён намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол аз сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
24 июн дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.
Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аҳли санъату ҳунари ноҳияро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон моҳи августи соли 2017 дар Ҷамоати деҳоти «Шаҳристон» аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардид.
Харҷномаи лоиҳавии иншоот зиёда аз 23 миллион сомониро ташкил дода, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Раёсати сохтмони барқарор»-и шаҳри Хуҷанд ва лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдлоиҳакаш» мебошад. Дар Қасри фарҳанг беш аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ Роҳбари давлат суханронӣ намуда, аҳли ҳунару санъати ноҳияро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба сокинону фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон дар кору фаъолият барору комёбӣ таманно намуданд.
Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Дар интиҳои он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон 20 асбоби мусиқӣ тақдим гардид.
Субҳи 25 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан ва аҳли ҷомеа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.
Фазои шукуҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии Пешвои миллат нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқ ба фарзанди оқилу сарсупурдаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат мебошад.
Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру тавоно, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик амал карда, ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардану таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ намуданд.
Сулҳу ваҳдати миллӣ ва минбаъд пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаи ин фарзанди фарзонаи миллат марбут аст.
Истиқболи самимии аҳли ҷомеаи шаҳри Истаравшан далели возеҳи меҳру муҳаббат ва самимияти бепоён ба Президенти маҳбуб мебошад.
25 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли ҷорӣ пурра ба анҷом расид. Он аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландии он 24 метрро ташкил медиҳад.
Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, лоиҳакаш корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан, пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «МПМК ӯротеппа» мебошад.
Назди Нишони давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бо бунёди фаввораҳо, шинонидани гулу бутаҳо ва чароғонкунӣ зебою дилрабо гардида, барои сайругашти сокинон макони хуби истироҳату фароғат хоҳад буд.
Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, дар қатори дигар иншооти бунёдгардида ба симои шаҳр ҳусни дигар зам намудааст.
Саҳни рамзи давлатӣ тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ навсозӣ гардида, дар бунёди роҳравҳо ва ҳудуди он аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода шудааст.
Қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан нишонаи возеҳи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, бо ин васила дар ниҳоди насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро тақвият хоҳад бахшид.
25 июн дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои «Маркази ҷавонон ва наврасон»-и шаҳр сохта шудааст, ки қаблан ҷойи нообод буд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «МПМК Ӯротеппа» мебошад.
Атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро фаввораҳою роҳрав назаррабо сохта, бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба як макони дилписанду зебо табдил ёфта аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.
Саҳни рамзи давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мувофиқу мусоид буда, бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ дар боғи Парчам қаҳвахона, толори бозиҳои кӯдакона ва меҳмонхонаву дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд гардидааст.
Дар маҷмааи бозиҳои кӯдаконаи шафати майдони парчам, ки бо саҳми як нафар соҳибкор бунёд гардидааст, барои дилхушии кӯдакон дастгоҳу таҷҳизоти муосири шавқовар мавҷуд мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ, бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим дар шаҳри Истаравшан мавзеъҳои зиёди истироҳатию фароғатӣ навсозию бунёд гардида, барои сайругашти сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногун шароити мусоид фароҳам шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июн дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» оғоз бахшиданд.
Иншооти мазкур бо тарҳи муосиру ҷавобгуй ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ қомат афрохта, ба ҳусни шаҳри бостонӣ зебоии дигар зам намудааст.
Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз чор ошёна иборат мебошад.
Дар Маркази хизматрасонӣ ошхонаи миллӣ барои омода кардани таъомҳои миллию аврупоӣ бо 20 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҳамон ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 ятими кулли шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Пешвои миллат бо кӯдакон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ, таҳсил ва кору фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои таълимии замонавӣ ҷиҳати таълиму тарбияи ятимону бепарасторон таъсис дода шудааст, ки имрӯз кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба воя мерасанд.
Он рӯз шодию нишоти кӯдаконро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раиятпарвар сару либос, пойафзол, кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишмандро гирифтанд.
Дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони хайрхоҳу ватандӯст пайваста ба кӯдакони яккаву танҳо анҷом дода мешавад ва онҳо аз ин ғамхориҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба ояндаи нек дилгарм мешаванд.
Дар ошёнаи дуюми Маркази хизматрасонӣ аз ҷониби Ширкати истеҳсолӣ-ҶДММ «Ноҳид» ва ташкилоти «Фонди рушди ҷомеа» коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 70 зану духтари шаҳр ва деҳот ба кор ҷалб гардиданд.
Боиси қайд аст, ки дар ин коргоҳ ҷойҳои корӣ ва шароити созгори фаъолият, асосан барои шахсони маъюб, ки имконияти сухангӯӣ ва шунавоияшон маҳдуд мебошад, фароҳам шудааст.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҷалби аҳолӣ, хусусан шахсони имконияташон маҳдуд бо шуғли доимӣ марҳила ба марҳила тадбирҳои зарурӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ шуда истодаанд.
Дар коргоҳ 36 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз ҷумла буррандагӣ ва дарзмолкунӣ васлу насб гардида, маоши миёнаи кормандон аз 800 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.
ҶДММ «Ноҳид» дар асоси технологияи муосир қариб 70 намуди таҳпӯш ва болопӯши бачагона, занона ва мардона истеҳсол менамояд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар як моҳ зиёда аз 10 ҳазор дона маҳсулоти гуногуни трикотажӣ, аз ҷумла 3 ҳазор дона либоси тагпӯши мардона, 3 ҳазор дона либоси сабуки тобистона (футболка), якуним ҳазор дона либосҳои кӯдакони навзод ва 2, 5 ҳазор дона либосҳои тагпӯши занона мебошад. Маҳсулоти истеҳсолнамуда 100 фоиз аз пахта буда, дар ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Молҳои истеҳсолнамудаи коргоҳ пурра маҳсулоти воридотивазкунандаанд. Фармоишгари Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» соҳибкорон Шукрулло Ашӯров ва Ином Мамуров буда, пудратчии он ҶДММ «Озодаи Амрӣ» мебошад ва иншоот дар масоҳати 614,10 метри мураббаъ сохта шудааст.
Ифтитоҳи Маркази нави хизматрасонӣ дар шаҳри Истаравшан дар самти ҷалби шахсони бешуғл ба кор заминаи мусоид фароҳам овард.
Аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат занону бонувон изҳори минатдорӣ намуда, таъкид намуданд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорони ватандӯст аст, ки онҳо коргоҳу марказҳои хизматрасониро мавриди баҳрбардорӣ қарор медиҳанд.
25 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» санги асос гузоштанд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Дар маҳали сохтмони иншоот нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди он муаррифӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур аз 16 ошёна иборат буда, дар он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳо барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегардад. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Масоҳати умумӣ 4 ҳазору 400 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгар ва пудратчии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабдаи Нур» буда, лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком ва компания»-и шаҳри Душанбе таҳия шудааст.
Маҷмааи мазкур дорои меҳмонхона, таваққуфгоҳ барои 92 нақлиёт, толори варзишӣ, спа — салон бо маркази солимгардонии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 30 нафар ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Бунёди маҷмаа ба симои шаҳр ҳусни тоза зам мекунад, зеро ҳамрадиф бо он сохтани майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкорони ватанӣ арзи сипос карда, онҳоро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва идомаи бунёдкорӣ ҳидоят карданд.
25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии «Киропол»- ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Бурҳон Эргашев буда, лоиҳакашон — Корхонаҳои воҳиди давлатии «Меъмор», «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии «ӯротеппа» мебошад.
Маблағи умумии сохтмони бинои меҳмонхона 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби даромади софи соҳибкорон сарф гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона соли 2012 оғоз ёфта, басо рамзист, ки он дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт.
Масоҳати умумии меҳмонхона наздики 1 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат мебошад.
Ошёнаи якум аз ҳуҷраҳои корӣ, тарабхона, толорҳои хизматрасонию конфронс иборат мебошад. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум 20 ҳуҷра мавҷуд буда, дар як вақт барои қабули 40 нафар мизоҷ шароит фароҳам аст.
Хусусияти хоси ҳуҷраҳои меҳмонхона дар он аст, ки ҳар яки он бо услуби хоси меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.
Баъди ба истифода супоридани иншоот 25 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ ва бо маоши хуб таъмин гардиданд, ки иқдоми нек барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва дастирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд ва онҳоро ба идомаи анъанаи накуи мардуми тоҷик — меҳмоннавозии сатҳи баланд ба мизоҷон ҳидоят карданд.
Нимаи дуюми 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ»-ро, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
«Қалъаи Муғ» таърихи қадима дошта, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо нишони қадршиносию арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимаи мардуми тоҷик азнавсозӣ карда шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба сокинони шаҳр ва сайёҳон ифтитоҳ гардид.
Маблағи умумии корҳои азнавсозӣ беш аз 13 миллион сомонӣ ва масоҳати умумии иншоот 4 гектарро ташкил медиҳад. Дар иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра барои ҷойгир намудани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон, пешбинӣ шудааст. Дар корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иштирок карданд, ки сифати кори онҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои баланд гирифт.
Пеш аз иштирок дар ҷамъомади бошукӯҳи идона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои аҳли ҳунари шаҳрро тамошо карданд. Дар гӯшаҳои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар майдони Қалъаи Муғ баргузор гардид, беҳтарин намунаи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои саноатии шаҳр ба маъраз гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи кори меҳнаткашони шаҳри бостонии Истаравшан баҳои баланд дода, эҳё ва рушди ҳунарҳоро дар соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» беҳтарин иқдом маънидод карданд. Мавриди зикр аст, ки мардуми шаҳр дар хориҷи кишвар бо ҳунарҳои дастӣ маълуму машҳуранд ва таъриху фарҳанги ғанию қадимаи миллатро ба оламиён муаррифӣ мекунанд.
Баъдан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди фаъолони шаҳри Истаравшан суханронӣ карда, сокинони шарафманди он, мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфтанд.
Дар бинои амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ», ки дорои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сокинони меҳнатқарини шаҳри Истаравшан барои истиқболи самимии Пешвои миллат ҷамъ омада буданд. Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат аз эълони соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, бо дарназардошти имкониятҳои васеи кишвар барои пешрафти соҳа, бахусус, ободии шаҳрҳои қадима, ки дар онҳо ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ҳифз гардида, мардум ҳунарҳои аҷдодиро пос медоранду идома медиҳанд, қабул карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад. Таҷдиду барқарорсозии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи Истаравшани бостонӣ, аз ҷумла ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар онро самараи соҳибихтиёрии давлат маънидод карданд. ҳамчунин Сарвари давлат оид ба дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёди шаҳраку деҳоти нав ва дигар иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар ин шаҳри бостонӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ҷонибдории мардуми шаҳри Истаравшан аз сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар андешаронӣ карданд
Ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома ёфт.
Субҳи 26 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Намояндагони аҳли ҷомеа, роҳбарият, ҷавонон ва аҳли фарҳангу зиё Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти зиёд ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Роҳбари сулҳофару хирадманди миллат шоиста ороста шуда буд ва аҳли илму фарҳанг ва дигар қишрҳои ҷомеа Пешвои миллатро бо шодию фараҳмандии беандоза пазироӣ намуданд.
Шаҳри Хуҷанд дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бо талошу дастгирии пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, сокинонаш ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дар тамоми соҳа ноил шудаанд.
Аҳли ҷомеаи он ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот дар кишвар эҳтироми беандоза мегузоранд.
26 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок карда, бо кадбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Аз ҷониби кишоварзони зафаровари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар ҳама бахши соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар порча заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, занбӯриасалпарварони 12 шаҳру ноҳияи вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба маъраз гузоштанд.
Соли гузашта занбӯриасалпарварони вилоят аз 52 ҳазору 250 оилаи занбӯр 1 ҳазору 360 тонна асал истеҳсол карда, имсол ният доранд, ки ин нишондодро боз ҳам зиёд намоянд, зеро шароит ва иқлими шаҳру ноҳияҳои вилоят, хусусан Шаҳристон, Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ мебошад.
Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварони вилоят Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.
Дар Иди зардолу шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» навъҳои маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, аз қабили «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ», «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузоштанд. Таъкид шуд, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ҳазорҳо гектар боғи зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна дубора барқарор гардид. Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1040 ва имсол 737 гектар боғи нав бунёд карда шуд, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронида шинонида шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар миқёси вилоят 54 591 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 36 205 гектараш ҳосилдеҳ мебошад.
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 46 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосилаш ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи бандубасти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Беларус, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Халқии Хитой, давлатҳои арабии Шарқи Наздик ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад. Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар қариб 35 ҳазор тонна мева, аз ҷумла 4 800 тонна меваи тар, содирот шудааст. Дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми содироти мева ба 12 ҳазор тонна расидааст, ки аз ин 1 600 тоннааш зардолу мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондиҳандаи боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор, ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу, баҳои баланд додаанд.
Дарвоқеъ намоишгоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон сокину меҳмони шаҳри Хуҷанд ба ҷашнгоҳи бузурги Иди зардолу ва асал табдил ёфт.
26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой ба истифода дода, ба 80 кӯдаки ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Бунёду ба истифода додани ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо, чойхона ва бинои лоиҳавии кӯдакистон барои 240 ҷой бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ собитгари пуштибонӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат, самараи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба бахши хусусӣ мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти иншооти навро расман ифтитоҳ бахшида, саҳми соҳибкорони ватаниро дар рушди ободонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бунёд гардидани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою таваққуфгоҳ барои нақлиёт, чойхона, кӯдакистон барои 240 ҷой, майдончаи варзишии замонавӣ, мавзеи сайру истироҳат дар баробари соҳиби манзил шудани шаҳрвандон барои хизматрасониҳо ва фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, шуғлу бозӣ, шароити замонавӣ фароҳам оварда шудаанд. Барои сохтмону муҷаҳҳазгардонии иншоот 38 млн. сомонӣ сармояи соҳибкори маҳаллӣ равона гардидааст.
Ду бинои истиқоматии 5 ва 6 — ошёна дорои 9 даромадгоҳ ва 313 манзили аз 1 то 4 — ҳуҷрагӣ буда, сохтмони онҳо бо усули ипотека, саҳми соҳибони ояндаи манзилҳои истиқоматӣ амалӣ шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд бо афзоиши аҳолӣ эҳтиёҷот ба манзили истиқоматӣ меафзояд. Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир ба 5 500 оилаи эҳтиёҷманд қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Дар баробари ин, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо усули ипотека ва сармояи соҳибкорӣ вусъат дорад ва ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад. Саҳми соҳибкори ватанӣ Муртазо Алиев ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иморатсоз» дар ин самт арзанда аст.
Сокинони шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққии шаҳри Хуҷанд дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат изҳори сипосу қаноатмандӣ менамоянд.
Бинои кӯдакистон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъсиси ҳашт гурӯҳи тарбиявӣ-яъне 240 кӯдак, дар ошёнаи якуму дуюм шароит фароҳам оварда шуда, барои маҳфилу баргузории машғулияту чорабиниҳо дар ошёнаи сеюм толорҳо мутобиқ аст. Тибқи барномаи таълим, тарбия ва инкишофи кӯдак, маҳфилу дарсҳои омӯзиши ҳисобу ҳарфҳо, мусиқӣ, компютер, бозиҳои шавқовар ва ғайра таъсис дода мешавад.
Сарвари давлат дар суҳбат бо соҳибкорон, муаллимону мураббияҳо таъкид намуданд, ки имконияту шароити арзанда аз масъулон ва кормандони муассиса масъулияти дучанд, истифодаи донишу маҳорат дар таълиму тарбияи кӯдакро тақозо мекунад.
Дар баробари таваҷҷуҳи хоса ба таълиму тарбияи фарзанд ғамхорӣ ва парастории кӯдакони ятим дар сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар мадди аввал меистад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим меҳру муҳаббат ва ғамхории падарона мекунанд. Дар ҷараёни ба истифода додани иншооти иҷтимоӣ ва кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат гурӯҳи кӯдакони ятимро, ки ба ҳукми тақдир аз меҳру муҳаббати волидайн бебаҳраанд, ба ғамхорию меҳру муҳаббати падарона фаро гирифтанд. Сарвари давлат ба 80 кӯдаки ятим туҳфаҳои идона тақдим доштанд.
26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия «Арча — мебел» — ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арча» дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ифтитоҳ карданд.
Он аз тарафи муассисон — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва Компания»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «УчЮлдиз» — и Туркия бунёд шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва Компания»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати «УчЮлдиз» — и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд.
Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла масоҳати биноҳои истеҳсолӣ наздики 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад.
Таҷҳизоти технологии замонавии корхона аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Беларус, Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад.
Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачӯбҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ барои биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд.
Дар саҳни ҳавлии корхона намоиши маҳсулоти мухталифи истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ҷевон, рахти хоб ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор барпо карда шуд. Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои корхона Пешвои миллат ба сифати маҳсулот ва тарҳи онҳо баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини талаботи мардум намоишгоҳ ва мағозаҳои фурӯши маҳсулоти корхона дар шаҳри Хуҷанд ва пойтахти мамлакат таъсис дода шавад.
Қобили зикр аст, ки аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба таври маҷмӯӣ коркарди якҷояи матоъ, чӯб, пластмасса ва оҳан ба роҳ монда шуда, аз онҳо мебелҳои хушсифат тайёр карда мешавад.
Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд.
26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ — ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада дар муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд. Ба истифода додани муассисаи томактабиро сокинони маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карданд.
Бинои замонавии боғча бо харҷи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳар рӯз 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад.
Мавриди зикр аст, ки Боғчаи бачагонаи рақами 28, дорои утоқҳои барҳаво, хонаҳои қабули кӯдакон, таълимӣ, хоб, нуқтаи санитарӣ, утоқ барои омӯзиши фанни мусиқӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, анборҳои маҳсулоти хӯрока, 12 айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, майдончаи омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳавзи шиноварӣ, шабакаи гармидиҳии мутамарказонидашуда мебошад.
Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар муассисаи томактабӣ омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат аз тарбиятдиҳандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароити хубу арзанда кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ба камол расонанд.
26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳии навъи «сазан» ва «амури сафед» — ро сар доданд.
Бояд гуфт, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фурӯши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Аз рӯи маълумоти мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо ҳазор моҳии навъи «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» парвариш карда мешаванд.
Моҳиҳои «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» ба ҳисоби миёна дар як сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва татбиқ карда мешавад.
Баъди сар додани моҳиҳо дар дарёи Сир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушд бахшидани ин бахши сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Субҳи 27 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Пешвои миллатро бо самимияти хоса ва шукргузории беандоза аз фазои сулҳу суботи Ватан истиқбол гирифтанд.
Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони он дар асоси супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2016 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардид. Маблағи умумии бунёди иншоот 12,8 миллион сомониро ташкил дода, пудратчӣ ҶДММ КММ №44-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Бинои нави сеошёна аз 22 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, устохонаҳои таълимӣ барои писару духтарон, ошхона бо 90 ҷой, китобхона бо толори хониш ва бинои алоҳида барои маҳфили рӯзгордорӣ иборат буда, аз нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ бо гармӣ таъмин карда мешавад. Он барои 1320 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона таҳният гуфтанд ва ба мактаббачагон дар ҷодаи азхудкунии илмҳои замонавӣ комёбӣ орзу намуданд.
Ҳамон рӯз дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» мавриди истифода қарор гирифт.
Он аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нозир Олимов навсозӣ гардида, масоҳати умумиаш бештар аз як гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар маҷмаа ноябри 2017 оғоз гардида, бо дарназардошти талаботи меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудааст.
Барои навсозии Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» тақрибан 50 коргару мутахассиси маҳаллӣ ҷалб шуда, бо ин мақсад 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ харҷ шуд.
Дар маҷмӯъ, иншооти нави хизматрасонӣ дорои тарабхона барои 150 нафар, чойхона барои 200 нафар, мағозаи хӯрокворӣ ва ошхона мебошад. Меҳмонхонаи маҷмааи хизматрасонӣ барои 20 нафар пешбинӣ шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар ин ҷо барои 150 ятим аз шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хони идона ороста шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ятимон пайваста зери ғамхории хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Сипас, ба 150 ятим аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона, аз қабили маблағ ва сарулибос тақдим гардид.
27 июн дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон — Исфара, Исфара — Ким ва Ким-Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт.
Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта, шарикони рушд ҳавасмандиро барои оянда саҳмгузорӣ кардан дар тарҳҳои коммуникатсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар маҷмӯъ, дар доираи татбиқи лоиҳа дар 3 қитъа 45,1 километр роҳ ба истифода дода шуд.
Таҷдиди роҳи мазкур соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Корҳои сохтмонӣ бо дарназардошти талаботи замони муосир ба анҷом расонида шудааст.
Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати «Чайна-Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.
Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони тоҷику хитойӣ ҷалб шудааст. Дар қисматҳои аҳолинишини роҳ бо дарназардошти талабот истгоҳҳои замонавӣ бунёд шудааст.
Дарозии қитъаи Гулистон-Исфара 18,2 километр бо ду хати ҳаракат, қитъаи Исфара-Ким 13 километр аз 2 то 4 хатти ҳаракат ва дарозии қитъаи Ким-Кучкак 13,9 километрро бо ду хати ҳаракатро дар бар мегирад. Дар 3 қитъаи роҳ 90 қубури обгузар ва 8 пул таҷдиду бунёд шудааст.
Дар ду шафати роҳи Ким-Кучкак ба таври таҷрибавӣ дар як километр ниҳоли дарахтони сояафкан бо обёрии қатрагӣ шинонида шудааст. 12 километри маҳалҳои аҳолинишин чароғон ва дар 3 чорроҳа чароғакҳои роҳнамо насб гардидааст. Инчунин, дар маҳалҳои аҳолинишин барои пиёдагардон роҳравҳо бунёду сафолакпӯш карда шудааст.
Дастгириҳои доимӣ, татбиқи нақшаҳо, талошҳои пайваста ва натиҷаҳои бадастомада рушди иқтисоди миллиро таъмин ва имкониятро барои расидан ба зиндагии боз ҳам беҳтар фароҳам мегардонад.
Тадбирандешиҳои доимии роҳбарияти Давлату Хукумати мамлакат ва нишондиҳандаҳои баланди бадастомада аст, ки Тоҷикистон мувофиқи таҳлили Индекси рақобатнокии глобалии роҳҳои автомобилгард дар солҳои 2017-2018 дар байни 137 давлати ҷаҳон ҷойи 70-умро ишғол намуд.
27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои прокуратураи шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Он бо тарҳи нав ва тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам шуд.
Зимни ба истифода додани бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро туҳфаи арзанда дар рӯзи барои мардуми тоҷик таърихӣ ва тақдирсоз муҳим арзёбӣ намуданд.
Барои сохтмони бино зиёда аз 2 миллион сомонӣ сарф гардида, он аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст. Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ва толори варзишӣ ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи котибот, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, санитарӣ, посбон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраи фароғатӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи санитарӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо миз ва дигар таҷҳизоти корӣ ва технологияи компютерӣ таъмин мебошанд.
Фармоишгари бино идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз гардид. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Суғд лоиҳакаш» таҳия гардида, пудратчии асосӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Аз сохта мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав кормандон изҳори хушҳолӣ намуда, барои дастгириҳои ҳамешагӣ дар самти фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд, ифтитоҳ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои муҷассамаи барқади аввалин Асосгузори давлати тоҷикон-шоҳ Исмоили Сомонӣ бардоштанд, ки он дар маркази шаҳри Конибодом бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот марти соли 2018 аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, фармоишгар Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Зимни боздид Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати кор изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Лоиҳаи иншооти мазкурро Корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и вилояти Суғд таҳия карда, барои сохтмони он тақрибан 8 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки масоҳати боғи фарҳангӣ – фароғатӣ 9 ҳазору 500 метри мураббаъ буда, баландии муҷассамаи зикршуда 7,5 метрро ташкил медиҳад.
27 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ пояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 43 метр бунёд гардида, ба ҷойи назаррабо ва мавзеи сайругашти сокинон табдил ёфт.
Парчами давлатӣ 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дошта, дар гирду атрофи боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гул шинонида шудааст. Илова бар ин, дар атрофи боғ ва пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда насб ва бунёд гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сиёсати бунёдкорона барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва комил гардондани истироҳати сокинони мамлакат, аз ҷумла сокинони шаҳри Конибодом тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Изҳори боварӣ карда шуд, аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд.
27 июн дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ қитъаи шоҳроҳи «Конибодом — Патар» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тибқи лоиҳа барои амалӣ кардани марҳилаи аввал, ки бунёди 5, 7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд. Дар рафти татбиқи лоиҳа, ҳамчунин 3 кӯпрук, 11 километр қубурҳои обгузар ва 2 чароғаки раҳнамо сохта ва насб шуд.
Дар маҷмӯъ, барои татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони 67,7 километр роҳ наздики 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати «Чайна-Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расида, дар корҳои сохтмонӣ то 400 нафар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуданд.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.
27 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими анҷомёбии татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати ошомиданӣ иштирок намуданд.
Барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои қарзию грантӣ анҷом дода шуда, 25 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бо оби босифати ошомиданӣ таъмин шуданд.
Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ҳол дар асоси лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардидаанд.
Корҳои барқарорсозӣ дар доираи лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара низ гузаронида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати дигар корҳо дастур доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Шабакаи обёрӣ ва таъмини аҳолии шаҳри Конибодомро бо оби босифати ошомиданӣ туҳфаи арзандаи Давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Шоми 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ Варзишгоҳи марказии «Ҷавонӣ»-и шаҳрро бо 10000 ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
Маблағи умумии лоиҳа наздики 8 миллион сомонӣ буда, фармоишгари он Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Сохтмони иншоотро пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарора» — и шаҳри Конибодом ба уҳда дошт ва лоиҳа аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»- и вилояти Суғд таҳия шудааст.
Варзишгоҳ аз ду даромадгоҳ, толори қабули меҳмонон ва утоқҳои махсус барои варзишгарон иборат буда, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинобар муддати тӯлонӣ мавриди истифода қарор надоштан, нокифоя будани ҷойи нишаст таъмирталаб будани инфрасохтори он, солҳои охир дар варзишгоҳ ягон чорабинӣ доир нагардида буд. Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби оммавии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон ба варзиш, иншооти мазкур бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат азнавсозӣ гардид.
Пешвои миллат ҳозирин, тамоми мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ — яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи тайкардаи мардуми шарафманд ва сулҳхоҳи тоҷик баҳри ба ҳам омадану ба ваҳдати комил расидан андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки танҳо баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа имконият пайдо гардид, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ дар фазои озоду демократӣ баргузор шаванд.
Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳамияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвар, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки зарур аст то ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фаҳмонида шавад.
Оид ба дастовардҳои шаҳри Конибодом дар солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки айни ҳол мувофиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020» дар шаҳру деҳоти Конибодом татбиқи 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 780 миллион сомонӣ идома дорад.
Бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таҷдиду азнавсозии шабакаи обрасонӣ ба масофаи дувоздаҳуним километр ва бунёди инфрасохтори зарурии захираву интиқоли оби босифати ошомиданӣ бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ ҳаллу фасл карда шуд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвар саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат дар ҳузури шумораи зиёди сокинони шаҳр ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили кишвар буд.
Субҳи 28 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» боздид ба амал оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз коргоҳи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд.
Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид мешуд. Баробари фаъол гардидани коргоҳ истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар корхона ба роҳ монда мешавад, ки дастоварди арзанда дониста мешавад.
Дар коргоҳ асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол шуда, таҷҳизоти он аз Белгия, Олмон ва Фаронса харидорӣ шудаанд. Айни замон иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 8,5, дар як моҳ 250 ва дар як сол 2 миллиону 700 тонна риштаро ташкил медиҳад.
Ин коргоҳи истеҳсолӣ бо харҷи 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани он 70 сокини шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд.
Хатти нави технологӣ дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» аз қисматҳои истеҳсоли ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад. Бо таъсиси хатти нави истеҳсолӣ корхона имкон дорад дар оянда корхонаҳои дигари истеҳсоли қолин дар ҷумҳуриро бо ашёи хом таъмин намояд.
Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Бо дарназардошти роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом ва таъмин намудани кори мунтазами истеҳсолот, масъулин пеш аз ҳама, коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулотро пешбинӣ мекунанд ва бовар доранд, ки ташкили коргоҳ ва истеҳсоли риштаҳои полипропилении пати қолин барои боз ҳам бозоргир шудани маҳсулоти корхонаи бузурги саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.
Дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии корхона, ки ба таври хеле зебо омода шуд, дидан карда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд доданд. Ҳамчунин Пешвои миллат аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки аз соли 2013 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» шаш дастгоҳи нави бофандагӣ дастрас карда шуда, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд, сифати он беҳтар ва дар як вақт рақобатпазирии он дар бозори фурӯш таъмин карда шудааст.
28 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гузоштани санги асос ба бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти «Исфисор» оғоз бахшиданд.
Он бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл дар мавзеи хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар сохта шуда, дар се сол аз ҷониби фармоишгар — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кохи малика» бояд дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Дар иншоот 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Дар осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар сохта мешавад.
Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам шуда, он дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ қомат хоҳад афрохт. Таъкид гардид, ки дар сохтмони осоишгоҳ мутахассисону бинокорони ботаҷриба ҷалб карда мешаванд.
Бо мақсади таъмини пурраи фароғати мизоҷон ва сайёҳон бунёди бинои табобатӣ, маркази ҷавонон, толор барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун, ошхона, чойхонаи миллӣ, се майдончаи варзишии хурд, як майдони варзишии калон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, аквапарк ё парки обӣ, истгоҳи нақлиёт ва дигар иншооти табобативу маишӣ пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани иншооти зебою замонавӣ муваффақият орзу намуданд.
28 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии «Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардхонаи навро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд.
Айни ҳол масоҳати боғ ба 700 гектар расонида шуда, дар он навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шудааст. Ҳосили аксар дарахтони мевадиҳанда барои таъмини бозори дохилӣ ва содирот нигаронида шудааст.
Имсол аз 700 тонна зардолуи боғ беш аз 20 тонна ба Федератсияи Россия содирот шуд.
Дар сардхонаи нав коргарони боғи миллӣ себ, зардолу ва олуи сиёҳро барои содирот ҷой кардаанд. Президенти мамлакат ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини меваҷот дар ҳама фасли сол баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки бо истифода аз имконот дар он ҳамчунин сабзавот нигоҳ дошта шавад.
Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур 20 марти соли 2008 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, бо пешниҳоди Сарвари давлат бо нияти пойдории сулҳу субот ҳамчун омили муҳимтарини пешрафт Боғи «Ваҳдат» номида шуд.
Соли 2008 ба нақша гирифта шуда буд, ки дар даромадгоҳи боғ бошишгоҳ ва толори намоишгоҳ, гармхона барои кишти сабзавоти барвақтӣ, ниҳолхона барои парвариш ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда, сехҳо барои хушконидани мева ва коркарди меваю сабзавот, мағозаву нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, чойхонаи миллӣ, бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳ сохта шавад.
Чойхонаи Боғи «Ваҳдат» низ бо дастури Сарвари давлат бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ, чӯбкорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва дигар унсурҳои миллии хоси мардум сохта шуда, ба макони бошукӯҳи баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ мубаддал гардидааст.
Аксар вақт зимни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғ дидан карда, барои нигоҳубини дарахтон, рушди соҳаи боғдорӣ, парвариши зироатҳои гуногун дар байни қаторҳои боғ, истифодаи самараноки иншооти хизматрасонӣ маслиҳатҳои созанда медиҳанд.
Он рӯз низ зимни боздид аз Боғи «Ваҳдат» Президенти мамлакат бо шароити хизматрасонӣ дар чойхонаи миллӣ шинос шуда, ба роҳбарияти вилоят барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва меҳмоннавозии хос дастур доданд.
Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017 тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвари давлат, зиёиёни кишвар ва фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Боғи «Ваҳдат» бо шукӯҳи хос ва хотирмон таҷлил гардид.
Сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дар растаҳои боғ намоишгоҳ ташкил карда, дастовардҳои меҳнатиро ба маъраз гузоштанд. Дар барномаи фарҳангӣ-оммавии наврӯзӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассум пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.
29 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 таҳлилу баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз 750 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
Аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз 4 миллиард сомонӣ равона шуд. Илова бар ин, дар се соли оянда ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ зиёда аз 3 миллиард сомонӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи сеюним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид.
Соли 2017 ҳиссаи вилоят дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 27 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — 32, маҳсулоти кишоварзӣ — 7 ва дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9 ва 6 фоиз афзоиш ёфт.
Солҳои 2017-2018 ба вилояти Суғд 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона шуд.
Содироти мол аз вилоят дар солҳои 2000-2017 аз 109 то 505 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 5 баробар афзоиш ёфт. Аммо ин нишондиҳанда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки айни ҳол «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таъсиси даҳҳо корхонаи нав ва ташкил намудани ҳазорҳо ҷойи нави кор, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, пешбинӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба зарурати ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ҷалб карданд. Таъкид гардид, ки бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ дар шафати роҳҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар ин самт буда, метавонанд ҳазорҳо нафар аҳолии кишварро, махсусан, дар деҳот, бо шуғл таъмин намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят таъмини волоияти қонун, пешгирии қонуншиканиҳо ва амалҳои номатлуб, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аз роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф, зиёиён, ходимони дин ва ҳар фарди солимфикри ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки барои ба роҳ мондани корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ бо мардум, алалхусус, дар байни ҷавонон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зичу пурсамар дошта бошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ ду сол баъд, яъне моҳи июни соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ доир карда шавад. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомот вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани ҷашн корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд.
Соли 2021 дар Тоҷикистон 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо заҳмати содиқонаву пурсамар, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон таҷлил кардани ин иди умумимиллӣ Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода, мардуми ватандӯсти кишварро ҳидоят карданд, ки омодагии ҷиддӣ гиранд.
Барои ин бояд дар се соли оянда дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.
Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд.
Ҳамчунин ҳисоботи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти бахшҳо дар 5 моҳи соли 2018 шунида шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз номи сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ташаббусҳои созанда баҳри беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум арзи сипос намуд.
www.president.tj