29 июни соли равон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса, бо мақсади пеш бурдани ташаббусҳои кишвар дар соҳаи рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо диаспораи тоҷикони Фаронса – «Равзана», дар шаҳри Париж шоми фарҳангӣ бо иштироки Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шавқатҷон Оқилов баргузор гардид.
Дар он намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, ҳайатҳои дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ, ки ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуд, бо манзури муаррифии бештари кишвар мизи миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардида, лавҳаю овеза ва аксҳои ҷолиб ба маъраз гузошта шуд.
Б. Каримзода, «Садои мардум»