Бурдубохти корхонаҳои коммуналӣ

№85 (3879) 10.07.2018

6576834567Яке аз вазифаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» сабзу хуррамгардонии муҳити зист мебошад. Ҳар сол бо ин мақсад ҳазорҳо бех гулу бутта ва дарахтони ороишиву сояафкан дар маркази шаҳру ноҳияҳо шинонида мешавад.

Муовини директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Марҳабо Нуралӣ иттилоъ дод, ки корхонаҳои коммуналӣ соли 2017-ум 67 гармхона ба масоҳати умумии 12456,0 метри мураббаъ ташкил намудаанд, ки нисбат  ба соли гузашта 1860,0 метри мураббаъ зиёд мебошад. Дар онҳо 564,8 ҳазор қаламчаи гули садбарг, дар масоҳати 2833,2 метри мураббаъ гулҳои мавсимӣ ва 22,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ парвариш шуд. Илова бар ин, бо мақсади саб­зу хуррам гардонидани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 300 кило тухми гулу гулбутта ва 53 кило тухми дарахтони ороишӣ захира гардид.

- Солҳои пеш корхонаҳои коммуналӣ ниҳоли гулу гулбутта, гулҳои мавсимӣ, дарахтони ороиширо аз дигар минтақаҳо харидорӣ намуда, қисми асосии маблағҳои буҷетиро бо ин мақсад истифода мебурданд. Баъд аз ташкили гармхонаҳо талабот аз ҳисоби истеҳсоли худӣ таъмин гардид, — зикр кард ӯ.

Ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар тобеияти ин ё он корхона ба мақсад мувофиқ аст. Агар аз як ҷониб талабот бо маҳсулоти худӣ қонеъ карда шавад, аз тарафи дигар, маблағҳои бо ин мақсад ҷудошуда дар дохили ҷумҳурӣ гардиш карда, чанд нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Вазифаҳои дигари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо об ва беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ мебошад. Бино ба гуфти Марҳабо Нуралӣ, ҷиҳати ободонии партовгоҳҳои марказӣ ва майдончаҳои партовҷамъоварӣ, бо маблағузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Норак, Кӯлоб, Хоруғ, Ёвон ва Фархор амалӣ шуда истодааст. Лоиҳа ба талаботи санитарию эпидемиологӣ мутобиқ намудани партовгоҳҳои марказӣ ва майдончаҳои партовҷамъоварӣ, харидории қуттиҳои партовҷамъовариро пешбинӣ кардааст.

Ба ғайр аз ин, корхонаҳои соҳаи коммуналӣ баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» нуқтаҳои қабули лампаҳои каммас­рафи аз истифода баромадаро ташкил намуданд.

Ҳамсуҳбатам иттилоъ дод, ки солҳои 2011-2017 аз аҳолӣ ва  ташкилоту муассисаҳо 423,1 ҳазор лампаҳои симобдори корношоям ҷамъоварӣ  шудааст. Ӯ партофтани лампаҳои корношоямро дар ҷойҳои муқаррарнашуда, ки заминро заҳролуд намуда, ба  саломатии инсон таъсиррасон мебошад, аз мушкилоти асосӣ номид.

-  Бо ташаббуси мо ва аз ҳисоби маб­лағҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Қӯрғонтеппа нуқтаҳои харидории таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи корношоям, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2018 харидории чунин таҷҳизот  дар вилояти Суғд пешбинӣ шудааст, — иброз намуд Марҳабо Нуралӣ.

Хуб мешавад, агар масъулин барои ҷамъоварии лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада иқдомҳои ҳавасмандгардониро амалӣ намоянд. Масалан, барои панҷ ё даҳ лампаи каммасрафи корношоям дар иваз як дона лампаи нав дода шавад ё барои ҳар як лампаи супоридашуда 40-50 дирам пардохт шавад.

Марҳабо Нуралӣ изҳор дошт, ки риоя нагардидани ҷадвали баровардани партовҳо аз тарафи муштариён, баровардани партовҳо аз тарафи кӯдакон, ки онҳоро берун аз қуттиҳои партов, дар ҷӯйборҳо ва дигар ҷойҳо мепартоянд, боиси паҳншавии касалиҳои сироятӣ шуда метавонад.

Мувофиқи меъёрҳои тасдиқгардида, ҳосилшавии партовҳо дар хонаҳои баландошёна аз як нафар як метри кубӣ ва ҳавлиҳо ду метри кубӣ дар сол муқаррар шудааст. Аммо баъзеҳо ин муқарраротро инкор намуда, аз шартномабандӣ саркашӣ менамоянд. Ба ғайр аз онҳоро ҳосилшударо ба майдончаҳо мепартоянд ва корхонаҳои хизматрасон маҷбуранд, ки онҳоро ҷамъоварӣ ва безарар гардонанд, — зикр кард ӯ. Ташкил накардани нуқтаҳои партовҷамъоварӣ дар ҷамоатҳо боиси пайдоиши партовҷойҳои ғайрирасмӣ ва ҷамъшавии партовҳои бесоҳиб гардидааст.

Бино ба гуфти ӯ, мушкилии дигари соҳаи коммуналӣ дар сатҳи зарурӣ маб­лағгузорӣ нашудани муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда, аз ҷумла мактаб, беморхона, интернат ва ғайраҳо барои хизматрасонии коммуналӣ мебошад. Маблағҳои барои хизмат­расонии коммуналӣ ҷудошуда нисбат ба маблағҳои талаботӣ (мувофиқи меъёрҳо) 40-50 дарсадро ташкил медиҳад ва қисми хизмат­расонии коммуналӣ, аз ҷумла хизматрасонии ҳаётан муҳим ва характери санитарию эпидемиологидошта аз тарафи корхонаҳо ба ҳисоби қарз пешниҳод карда мешаванд. Табиист, ки ин омил фаъолияти зараровари соҳаро ба вуҷуд оварда, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ ва рушди соҳаи мазкур монеа эҷод менамояд.

Мушкилии дигари соҳаро масъулин дар норасоии техникаи махсуси коммуналӣ арзёбӣ карданд, зеро дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ қисме аз онҳо ба ҳолати корношоямӣ расидаанд. То якуми январи соли 2018 аз 868 техникаи махсуси коммуналӣ 291 адади он таъмирталабанд.

Нархномаҳои хизматрасонӣ, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, устувории молиявии корхонаҳоро таъмин карда натавониста, барои харидории техникаи нав имконият намедиҳад. Ҳамчунин, ин омил пешниҳоди хизматрасонии коммуналиро дар сатҳи зарурӣ маҳдуд сохтааст.

- Мутобиқи банди 3-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили идоракунии корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 13-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Номгӯи корҳое, ки барои ободонии симои берунаи шаҳрҳо, маркази ноҳияҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба сомон расонида мешаванд», сарчашмаи маблағгузории  харидории техника ва технологияҳои муосир аз буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо муқаррар шудааст, — изҳор дошт Марҳабо Нуралӣ.

Изҳори нигаронӣ шуд, ки сари вақт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасониҳо аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо ба самаранокии кор таъсири манфӣ расонида, корхонаро дар назди дигар идораҳо қарздор кардааст. Бақияи қарзҳои дебитории корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» то 31 марти соли 2018-ум дар маҷмӯъ 61 млн. 496,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Аз ин 31 млн. 938,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои гуногуни  коммуналӣ ба аҳолӣ, 9 млн. 501,4 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳои хусусию худмаблағгузор ва 20 млн. 057,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хизматрасониҳо ба муассисаҳо аз ҷумла беморхона, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ рост меояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»