Раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамит Шарипов бо ҳафт саҳмдор иддао доранд, ки як қисми замини хоҷагии онҳоро тасарруф кардаанд ва ӯ маҷбур шудааст, ки бо мактуби шикоятӣ ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат намояд.
Аз шикоятнома бармеояд, ки солҳо боз аз бетафовутии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, суди ноҳия ва дигар сохторҳои марбута сарсону саргардон аст.
Пӯшида нест, ки имрӯз дар мамлакат ғасби ғайриқонунии замин аз ҷониби баъзе ашхос мушкили рақами як боқӣ мондааст. Аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар нисбат ба заминфурӯшону харидорон чораҳо андешида шаванд ҳам, онҳо ин кори худро идома медиҳанд.
Ноҳияи Рӯдакӣ дар қонуншикании замин дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз «зина» — ҳои аввалро ишғол мекунад. Масъулини «Ҷамоати деҳоти «Россия» бошанд, дар тақсими ноодилона, зӯран гирифта, ба дигар шахс додани замин «шоистаи таҳсину намунаи ибрат» — анд. Кор то ҷое расидааст, ки ҳатто ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дахолат карда, саҳмдоронро таҳқиру таҳдид мекунанд.
Баъди таҳлилу санҷишҳои тӯлонӣ дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ»- и деҳоти «Россия» — и ноҳияи Рӯдакӣ муайян шуд.
Ҳамит Шарипов бо ҳамроҳии саҳмдорон соли 1995 барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои собиқ колхози «Россия» бо ариза ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) муроҷиат менамоянд. Роҳбарияти вақти ноҳия бо қарор таҳти №160 аз 20 июни соли 1995 ба ӯ ва саҳмдорон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз заминҳои корами обии деҳаи ба номи Лоҳутии деҳоти «Россия» (собиқ Қӯштеппа) се гектарро барои истифодаи якумрӣ — меросӣ ҷудо менамояд. Чордаҳуми декабри соли 2001 мақомоти дахлдори соҳаи замин Ҳамит Шарипов ва аъзои хоҷагиро бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №010361 таъмин мекунад, ки он дар китоби бақайдгирии сертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи замин таҳти № 1011 ба қайд гирифта шудааст.
Баъдан, дар асоси қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №548 аз 29 июли соли 2008 ва тибқи талаботи банди «а»- и моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон як гектар замини корами обии хоҷагии «Дӯстӣ» ба фонди махсуси заминҳои ноҳия гузаронида шуд ва масоҳати умумии замини хоҷагии деҳқонӣ ду гектар боқӣ монд.
Як гектари зикршуда бо қарори раиси ноҳия таҳти №594 аз 11 августи соли 2008 ба хоҷагии деҳқонии «Раҳматулло» вобаста гардид. Бо дарназардошти ин дигаргунӣ, Кумитаи идораи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ вазифадор шуд, ки заминистифодабарии хоҷагиҳои деҳқонии «Дӯстӣ», «Раҳматулло» ва «Хайрулло» — ро ба танзим дароварда, ба сертификати ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ тағйирот ворид намояд. Мутаассифона, то ҳол ин корро масъулини кумита ба анҷом нарасонидаанд. Ҳатто тарҳи харитаи замини деҳаи Лоҳутӣ низ ба танзим дароварда нашудааст. Ин нишонаи он аст, ки дар ин мавзеъ қонуншиканиҳо дар истифодаи замин хеле зиёданд.
Ҳамит Шарипов мегӯяд, ки солҳои минбаъда дар атрофи хоҷагии деҳқонии онҳо якчанд хоҷагии деҳқонии дигар таъсис ёфта, баъди гузашти солҳо баъзеашон аз байн рафтанд ва дар заминҳои онҳо манзили истиқоматӣ бунёд гардид. Бо истифода аз шароити мусоид баъзе ҳамсояҳо ғайриқонунӣ ба азонихудкунии заминҳои хоҷагиҳои дигар пардохтанд. Аз ҷумла, Маҳмадлатиф Бобишоев, писараш Ҳабибулло Бобишоев ва завҷааш Шамсия Бобишоева худсарона 0,70 га замини хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ»-ро ғасб карда, ба сохтмони манзили истиқоматӣ оғоз карданд. Баҳсу моҷаро ҳам аз ҳамин ҷо оғоз шуд.
Аҷиб он аст, ки собиқ раиси Ҷамоати деҳоти «Қӯштеппа» (ҳоло «Россия») А. Абдунабиев 15 декабри соли 2007 бо ду қарори якхела таҳти №46 ба Ҳ. Бобишоев ва Ш. Бобишоева (аз як оила ба ду нафар) аз замини хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» 0,6 га ҷудо менамояд. М. Бобишоев ҳамроҳи писару завҷааш ба ҷои 0,12 га 0.70 га заминро аз худ намуда, баъди гузашти чор сол дар он ба сохтмон оғоз мекунанд. ҳол он ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» онҳо ҷиҳати иҷрои қарори раиси ҷамоат мебоист дар се сол сохтмони манзилро ба анҷом мерасониданд.
- Баҳс бо хонаводаи М. Бобишоев ҳалли худро наёфт ва ман бо аризаи шикоятӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудам. Шикоят бенатиҷа монд. Маҷбур шудам ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шикоятӣ нависам. Хушбахтона, баъди санҷиш бо амри ин ниҳоди қудратии кишвар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони худсаронаро манъ карда, пойдеворҳоро аз байн бурданд.
Вале, тобистони соли 2013, М. Бобишоев худсарона бори дигар дар замини корами обии хоҷагӣ сохтмони ду манзили истиқоматиро оғоз кард. Лозим ба ёдоварист, ки М. Бобишоев раиси хоҷагии деҳқонии «Хайрулло» мебошад ва чанд сол пеш заминҳои хоҷагиашро барои сохтмони манзили истиқоматӣ бе ягон қарору иҷозат ба сокинони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда буд. Айни ҳол дар он ҷо деҳаи нав арзи вуҷуд дорад.
Ҳамит Шарипов бо саҳмдорони хоҷагӣ барои бунёди боғ ва токзор аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонӣ моҳи октябри соли 2013 ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ ариза пешниҳод карданд ва муроҷиати онҳо дастгирӣ ёфт. Бо қарори раиси ноҳия таҳти №1444 аз 30 декабри соли 2013 ба хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» иҷозат дода шуд, ки дар майдони 1.0 га 170 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонанд.
Аъзои хоҷагӣ парвариши ниҳолҳои боғи таъсисдодаашонро хуб ба роҳ монданд ва онҳо баъди ду сол ба ҳосил даромаданд. Аз чунин ранг гирифтани кор «рашк»-и ғосибони замин меояд ва онҳо боғи навбунёдро аз байн бурданӣ мешаванд. Бо ин мақсад М. Бобишоев бо қарорҳои ғайриқонунӣ, ки муҳлати қувваи қонуниашон барвақт гузаштааст, нисбат ба раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» ва саҳмдорони он бо аризаи даъвогӣ ба Суди ноҳияи Рӯдакӣ шикоят карданд. Судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Рухшона Ҳаким баъди омӯхтани ариза бо ҳалнома аз 16 декабри соли 2015 даъвои онҳоро нисбат ба раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» Ҳамит Шарипов оид ба бартараф намудани монеа ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин пурра қонеъ карда, аризаи даъвогии Ҳамит Шариповро нисбат ба М. Бобишоев, Ш. Бобишоева ва Ҳ. Бобишоев рад кард.
Ҳамит Шарипов 16 декабри соли 2015 бо шикояти кассатсионӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунад. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда А. Қосимов 27 апрели соли 2016 дар маҷлиси ошкорои судӣ шикояти кассатсиониро дида баромад, вале онро пурра насанҷид ва аризаи даъвогар бе қаноат монда шуд. М. Бобишоев фурсатро ғанимат шумурда, бо пуштибонии собиқ корманди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Маҳмадулло Сафаров, директори ҶДММ «Фермаи Калина» Қиёмиддин Валиев, Муҳаммадалӣ бо тахаллуси «Эшон» — истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Зоир Холов — собиқ раиси маҳаллаи ба номи Лоҳутӣ ва Ҳикматулло Назаров — муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти «Россия», боғи бунёднамудаи Ҳамит Шариповро решакан мекунанд.
Аъзои хоҷагӣ оид ба рафтори ин гурӯҳ ва муайян кардани ҳаҷми зарар ба Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Баъди санҷиши мактуби шикоятӣ ниҳодҳои номбурда решакан кардани дарахтони мевадиҳандаро амали ғайриқонунӣ ҳисобида, зарари овардашударо ба ҳисоби миёна муайян карданд.
Инак, шаш сол аст, ки кашмакаш миёни аъзои хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» ва гурӯҳи заминғасбкунандагон идома дораду Суди Олӣ, Суди ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ онро ҳал карда наметавонанд.
Дар рафти таҳлилу санҷиш чанд маротиба хостем бо Маҳмадлатиф Бобишоев ва ҳамроҳонаш ҳамсуҳбат шавем, вале онҳо саркашӣ карданд. Ахиран ба мо муяссар гардид, ки бо иштироки мутахассисони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти «Россия» ва кумитаи маҳаллаи ба номи Лоҳутӣ дар қитъаи замини баҳсӣ бо тарафҳо ҳамсуҳбат шавем.
Ҳамит Шарипов дар робита ба замини хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маълумот пешниҳод кард. Вале Маҳмадлатиф Бобишоев барои замини баҳсӣ ягон ҳуҷҷат надошт. Ӯ ҳамоно иддао менамуд, ки қитъаи замин ба хоҷагии деҳқонии «Хайрулло» тааллуқ дорад.
Вақте ки аз ӯ хоҳиш кардем қарор ва сертификати хоҷагии деҳқониро пешниҳод намояд, маълум гардид, ки ягон ҳуҷҷат надорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ӯ ва ҳамроҳонаш аз давом додани суҳбат саркашӣ карданд. Дар рафти суҳбат муҳандис — заминсози Ҷамоати деҳоти «Россия» Ҳикматулло Назаров ва мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Акмал Муродов ба суолҳои мо ҷавоб гуфта натавонистанд.
Дар идома зарур шуморидем аз масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини ноҳия доир ба фаъолияти имрӯзаи хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» (раисаш Ҳамит Шарипов) ва «Хайрулло» (раисаш М. Бобишоев) маълумоти заруриро ба даст орем.
Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Ҷунайдулло Файзалиев гуфт, ки моҷарои раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» Ҳамит Шарипов ва раиси хоҷагии деҳқонии «Хайрулло» Маҳмадлатиф Бобишоев барои 0,70 га замин беш аз шаш сол боз идома дорад. ҳол он ки қитъаи замини баҳсӣ ба ягон нафари онҳо тааллуқ надорад. Пас ин қитъаи замин дар ихтиёри кист, ки миёни заминҳои ду хоҷагӣ муаллақ мондааст? Гуфтан бамаврид аст, ки заминҳои хоҷагии деҳқонии «Хайрулло» дар тарҳи харитаи замини Ҷамоати деҳоти «Россия» муайян нест, зеро ҳанӯз чанд сол пеш онро барои сохтмони манзил ба сокинон тақсим кардаанду ин қитъаи баҳсиро аз мувозинаи заминҳои корами обӣ набаровардаанд. Доир ба ин масъала Ҷунайдулло Файзалиев ҳақиқати ҳолро ошкор накард.
Ҳақиқати ҳолро тавонистем аз ҳуқуқшиноси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Субҳон Ҳалимов дастрас намоем. Ӯ иброз дошт, ки фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» тибқи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шудааст. Дар якчанд санҷиш ҳуҷҷатҳои расмии хоҷагии деҳқонии «Хайрулло»- ро пайдо карда натавонистем. Айни ҳол он ҳамчун хоҷагӣ фаъолият надорад ва дар заминҳои он манзили истиқоматӣ бунёд ёфтааст. Фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Хайрулло» кай ва бо кадом сабаб қатъ гардидааст, маълум нест.
Ба пурсиши мо оид ба ин масъала дар Раёсати идораи кишоварзӣ ва Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия посухе нагуфтанд ва то ҳол намедонанд, ки хоҷагии деҳқоние ба номи «Хайрулло» фаъолият дорад ё не?
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 октябри соли 2017 бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти «Чимтеппа» бинои нави МТМУ — и рақами 59 — ро ифтитоҳ намуданд. Зимни суханронӣ Президенти кишвар аз қонуншиканӣ дар тақсимоти замин, тасарруфи ғайриқонунии заминҳои корами обӣ ва аз байн бурдани беш аз 58 хоҷагии деҳқонӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Шигифтовар он аст, ки масъулини ноҳияи Рӯдакӣ на танҳо ба мушкилоти мардум аз паси панҷара менигаранд, балки ба қонуншиканӣ даст мезананд. Шояд онҳо фаромӯш кардаанд, ки дар банди 3 — и моддаи 13 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» омадааст: «Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дахолат намоянд».
Мутмаинем, ки баъди чопи матлаб мақомоти дахлдор пеши роҳи қонуншиканиро мегиранд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»