6 июли соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Дар он масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳама арсаи манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидор изҳори хушнудӣ карда, натиҷаҳои сафари давлатии Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳиму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ва ба нафъи мардум баҳрабардорӣ кардан аз имкониятҳои истифоданашуда омодагӣ иброз доштанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
www.president.tj