Ёде аз шоири ҳаҷвнигор Мирзо Маҳмуд
Дар адабиёти муосир дар жанри ҳаҷв Мирзо Маҳмуд яке аз пештозон аст, вале то ҳол аз тарафи муҳаққиқон осори ӯ ба таври шоиста омӯхта нашудааст.
Дар хотири ман шабнишиниҳои меҳмонхонаи Мулло Самар, ки дар он шоирон Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Мирзо Маҳмуд, Алӣ Бобоҷон ва дигарон ширкат меварзиданд ва падари мо Шарариддин Самаров мизбонӣ мекарданд, нақш бастааст. Табиист, ки маҳфилҳоро хушгӯиҳои Мирзо Маҳмуд нуру зиё мебахшид.
Зиндагии шоир низ пур аз зарофат ва ҳаҷву мутоиба буд. Боре ӯ нияти шикор мекунад. Дар бозгашт бо мақсади ду хар ҳезум овардан ба ҷустуҷӯи хари дувум мебарояду бо шиносаш вомехӯрад.
- Куҷо меравӣ? – мепурсад рафиқаш.
- Фардо ба шикор рафтаниям, як хар дорам барои кироя кардани хари дувум ба хонаи фалонӣ меравам.
- Илтимос, маро ҳамроҳ гиред! — мегӯяд рафиқаш.
- Шарт ҳамин, агар хари дуюмро наёбам, шуморо мебарам, — мегӯяд шоир.
Ашъори Мирзо Маҳмуд чун сабзаҳои кӯҳӣ сабз, чун гулҳои диёр пуртароват, чун чашмаҳои кӯҳистон мусаффо аст:
Келини мо зи шаҳранд,
Хушқавоқу хушқаҳранд.
Қаланфур намекорем,
Келинчак тунди заҳранд.
Шеърҳои ҳаҷвии Мирзо Маҳмуд баҳри рафъи камбудиҳои ҷомеа ва нуқсонҳои ҷамъият равона шудаанд. Онҳо мӯшикофона, устокорона ба риштаи назм кашида шуда, куҳнашавӣ надоранд:
Чун порахӯрон ба пора одат карданд,
Сад киса харобу касса ғорат карданд.
Дидам зи ҳисоби он пули порахӯрӣ,
Мошина хариданду иморат карданд.
Мавзеи Даштибеди деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, ки ҷои обод буд, ба хонадони онҳо тааллуқ дошт. Падари Мирзомаҳмуд Мирзокарим марди фозил буданд ва дар гузашта қозигии вилояти Фалғарро бар уҳда доштанд. Манзили Мирзо Маҳмуд хонаи умеди мардуми водӣ буд. Кӯфти роҳро он ҷо мебароварданд.
Бегуфтугӯ, Мирзо Маҳмуд инсони зарофатгӯй ва ҳозирҷавоб буд. Маҳз ҳамин омил боис гардидааст, ки дар дилу дидаи мухлисони шеър абадӣ ҷой гирад.
Беҳзоди Сашориён