Дар мамлакат ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад ва бо ин роҳ ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва ҳифз мегарданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003), «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (аз 31 октябри соли 2008, ) ин равандро боз ҳам вусъат бахшид.
Яке аз дастгириҳои муҳиму саривақтии Пешвои миллат он аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши маҳсули ҳунарҳои дастӣ аз пардохти андоз озод карда шуд. Илова бар ин, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.
Арзандаи арҷгузорист, ки ҳар сол аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон грантҳои президентӣ аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегарданд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2015-2016» имкон фароҳам овард, ки занони соҳибкор лоиҳа пешниҳод намуда, соҳиби грант гарданд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар доираи иҷрои қарори зикршуда дар 302 маркази таълимӣ-истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои кишвар занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, ҷомадӯзӣ, кешбофӣ, сабадбофӣ ва тоқидӯзӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, бо мақсади омӯзиши касби адрасбофӣ ва атласбофӣ дар вилояти Суғд 130 марказ таъсис дода шудааст, ки бо 369 дастгоҳ муҷаҳҳаз мебошанд. Чунин марказ дар бинои «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе низ фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Дар вилояти Хатлон ба омӯзиши қолинбофии дастӣ 286, зардӯзӣ 203, гулдӯзӣ 293, қуроқдӯзӣ 194, бофандагӣ 238 ва дӯзандагӣ 1938 нафар зану духтар ҷалб гардидаанд.
То ҷое иттилоъ дорем, дар ноҳияи Лахш фаъолияти марказҳои таълимӣ — истеҳсолӣ оид ба қолинбофии дастӣ, ҷӯроббофӣ, попӯшиҳои армуғону ҷузвдон аз ашёи хоми маҳаллӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳунармандони тоҷик аз соли 2003 ҳар сол ду маротиба дар ярмаркаи ҳунармандон, ки дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Хурсандиовар аст, ки маҳсули ҳунарҳои дастӣ солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ серхаридор ва шумораи занону духтарони ба ин кор машғулбуда зиёд гардида истодааст.
Аз ин рӯ, зарурати таъсиси мағоза ва растаҳои фурӯши чунин маҳсулот ба миён омадааст. ҳунармандони халқиро мебояд маҳсулоти тайёрнамударо ба талаботи замон мутобиқ намоянд.
Дар маҷмӯъ, эълони соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» агар аз як ҷониб, барои ҷалби сайёҳон муҳим бошад, аз тарафи дигар, ба муаррифии шоистаи фарҳанги волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Илова ба омилҳои зикршуда, ин иқдом ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъриху фарҳанги кишвар водор месозад.
Дилшод Тӯрахонзода, сармутахассиси шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон