Вобаста ба кори эҷодӣ китоби «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» (Душанбе, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик, 2013, ҷилди 2, 369 саҳ.) варақ задам. Дар саҳифаи 166 чашмам ба номи шинос, сурати шинос, вале санаи ғамангез расид:
«Аҳмадов Пӯлод (30.5.1938, Душанбе — 30.8.1995, ҳамон ҷо), сенариянавис, коргардон ва муҳаррири филмҳои ҳуҷҷатӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991)».
Наход Пӯлот Ахматов соли 1995 дар синни 47 вафот карда бошад?! Чаро аз ин хусус чизе нанавиштанд? ҳатто сӯгворӣ ҳам чоп накардаанд. Вале ба соли таваллудаш 30.05.1938 каме шубҳа доштам. Зеро номбурдаро хуб мешинохтам. Филми ӯ «Аз субҳ то шом» соли 1980 дар Намоиши умумииттифоқии корҳои кинематографистони ҷавон сазовори ҷоиза, филмҳои мустанади «Рондо барои чемпион» ва «Бозиҳо барои калонсолон» соли 1985 дар Кинофестивали умумииттифоқии филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Алмаато сазовори ҷоизаи «Барои беҳтарин кори режиссёрӣ» ва соли 1988 дар Кинофестивали XI умумииттифоқии филмҳои варзишӣ дар шаҳри Ашқобод медали нуқра гирифта буданд.
Соли 1988 бошад, барои филми «Ҳусейн — полвон ва фарзандони ӯ» дар Кинофестивали байналхалқии Палермо (Италия) соҳиби «Тоҷи калони нуқрагин» шуд.
Кормандони энсиклопедия санаи муҳими эҷодиёташ –таҳияи аввалин филми ҳунарии «Мусофир» (Тоҷикфилм», соли 1989)- ро ба шарҳи ҳолаш ворид накардаанд.
Мавриди зикр аст, ки ӯ зиндаву саломат буда, ба корҳои эҷодӣ машғул аст. Аммо кормандони энсиклопедия Ахматов Пӯлотро даҳ соли дигар калонтар нишон додаанд. Ба китоби «Энсиклопедия кино Таджикистана» (мураттибон Галина Элбаум ва Саъдулло Раҳимов, зери назари Сафар Ҳақдодов, Душанбе, «Эр-граф», 2012, 369 саҳ.) рӯ овардам, ҳуш аз сарам парид. Хатоиҳои ниҳоят дағали китоби «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» маълум шуд. Дар тарҷумаи ҳоли Аҳмадов Пӯлод Раҳматович (аз рӯйи ҳуҷҷатҳои расмӣ Аҳмедов Пӯлод Раҳматович) саҳ. 166 хатоиҳои ҷиддӣ ва нобахшиданӣ роҳ ёфтаанд. қисмати аввали тарҷумаи ҳоли мухтасар: — Аҳмадов Пӯлот (30.5.1938, Душанбе – 30.8.1995, ҳамон ҷо) сенариянавис, коргардон ва муҳаррири филмҳои ҳуҷҷатӣ. Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991) ба Аҳмадов Пӯлот Раҳматович дахл дорад. Вале давоми тарҷумаи ҳол ва сурат ба режиссёри дигар — Ахматов Пӯлот Александрович (соли таваллуд 30.05.1948), кинорежиссёр, муҳаррир, узви Иттифоқи кинематографистони СССР (1977) мансуб аст. Ин Пӯлот сиҳату саломат буда, аз соли 1995 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору зиндагӣ дорад. Мутаассифона, матбуоти тоҷик дар бораи чунин эҷодкорони берун аз Ватан, ба ғайр аз Одили Нозир, чизе наменависад.
Дар асл ҳам Ахмедов Пӯлот Раҳматович 30 июли соли 1996 вафот кардааст. Дар «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» бошад, санаи вафоташ 30 августи соли 1995 дар шаҳри Душанбе нишон дода шудааст. Яъне, кормандони энсиклопедия ӯро як сол пештар «куштаанд». Суратҳоро низ хато, ба ҷойи сурати Аҳмадов Пӯлот Раҳматович сурати Ахматов Пӯлот Александровичро чоп кардаанд. Вой бар ҳоли хонандаи имрӯзаи «Энсиклопедияи миллии Тоҷик»!
Агар хонанда дар бораи сенариянависон, режиссёрону актёрони тоҷик маълумот надошта бошад, аз куҷо пай мебарад, ки дар тарҷумаи ҳоли ду шахсияти шинохтаи кинои тоҷик хатоӣ ва саҳви ҷиддӣ рух додааст.
Сониян, ба ҷойи сурати марҳум Аҳмадов Пӯлот Раҳматович сурати Ахматов Пӯлот Александровичи дар қайди ҳаётбударо мондаанд. Таҳиягарони энсиклопедия метавонистанд сурати онҳоро аз гулчини (буклети) суратҳои «Энциклопедия кино Таджикистана» истифода баранд.
Ба ғайр аз ин, Ахматов Пӯлоти зиндаро Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон (1991) навиштаанд. Аммо афсӯс, ки ӯ чунин унвон надорад.
Кормандони «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» ҳатто намедонанд, ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» ду режиссёри ҳамном, вале дар синну сол ва мақому мартаба гуногун кор мекарданд.
Шояд дар идораи «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» коғазу қалам ва вақтро сарфа карда, ду Аҳмадови дар синну сол, сурат ва касбият фарқдоштаро як нафар карда, дар саҳ. 166-и китоб бо сурати Ахматови дувумӣ ҷо кардаанд.
Мо бо тақозои касб зуд-зуд ба китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» муроҷиат мекунем. Аз эҳтимол дур нест, ки чунин хатоиҳо дар энсиклопедия хеле зиёд ҷой доранд ва тадриҷан маълум мешаванд.
Агар аз ҳисоби шахсони босалоҳият ва таҷрибадор як комиссия созмон дода, ҷилдҳои чопшудаи энсиклопедияро таҳлил намоем, бовар дорам, ки саҳву хатоҳои бештаре пайдо мешаванд.
То ин вақт аз хусуси норасоӣ дар энсиклопедия мақолаҳои «Шахсиятҳои шинохта, вале фаромӯшшуда дар ЭМТ» («Садои мардум», 15 августи соли 2017, №97 (3734), саҳ. 3.) ва «28 Норасид», муаллиф Умари Шерхон, ҳафтаномаи «Самак», (№14, 14 апрели соли 2018, саҳ.4.) чоп шудаанд.
Кормандони илмии энсиклопедияро зарур аст, ки эроду пешниҳод ва хатои ҷойдоштаро ба назар гирифта, аз пайи ислоҳ шаванд. Вале чӣ тавр? Ҳарфҳои А. Б ва В… аллакай чоп шуданд. Пас чӣ гуна метавон хатоиҳои дағали зикршударо ислоҳ кард…
Агар ба кормандони илмии энсиклопедия то қароргоҳи Иттифоқи киносозони Тоҷикистон (бинои собиқ кинотеатри «Зебуннисо») роҳ дурӣ кунад, ақаллан ба китоби «Энциклопедия кино Таджикистана», ки як сол пеш, соли 2012, аз ҷилди дуюми китоби «Энсиклопедияи милли Тоҷик» чоп шудааст, муроҷиат мекарданд.
Ниҳоят, дар зери тарҷумаи ҳоли саҳвшудаи Аҳмадов Пӯлод дар «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» саҳ. 166 ному насаби муаллифро надидем. Пас тарҷумаи ҳоли пур аз хато ва сурати ивазшударо кӣ тайёр кардааст? Киро айбдор кунем? Бо айби киҳо Ахматов Пӯлот «зиндадаргӯр» шудааст? Зеро дар матн омадааст, ки: «… аз с.1980 то поёни умр таҳиягари филмҳои ҳуҷҷатии киностудияи «Тоҷикфилм» буд». (саҳ. 166).
Баъд аз чунин бепарвоӣ ва хунукназарӣ зарур мешуморем, ки кормандони илмии «Энсиклопедияи миллии Тоҷик» дар мураттаб кардани шарҳи ҳоли ин ё он шахс вобаста ба ихтисос бо мутахассисони соҳа ҳамкорӣ намоянд.
Агар дар ҳар ҷилди «ЭМТ» тахминан 50-60 нафар фаромӯш шаванд ё дар шарҳи ҳолашон хатоӣ роҳ ёбад, дар энсиклопедияи бисёрҷилда шумораи онҳо чӣ қадар мешавад?
Тиллои Некқадам, «Садои мардум»