Субҳи 14 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчунин шиносойӣ бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд ташриф овард.
Сафари корӣ ба вилояти Суғд бо боздид аз шаҳри Чкалов оғоз ёфт. Дар маҳаллаи нави ин шаҳри овозадори саноатӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои истиқоматии дорои 46 хона барои омӯзгорони Мактаби президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре аён гардид, дар ин бино 46 нафар омӯзгор соҳиби хонаҳои барҳавои истиқоматӣ гардиданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хонаи ин бино дидан карда, ба сифати корҳои сохтмон ва ороиш баҳои баланд дод. Шодию фараҳи омӯзгоронро аз ин туҳфаи пурарзиши Сарвари давлат ҳадду канор нест, зеро дарвоқеъ соҳиби хонаи нав шудан рӯйдоди басо муҳим дар ҳаёти ҳар як оила аст.
Чунонки иттилоъ доданд, ин бино аз хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, бо харҷи шаш миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар заминаи бинои чорошёнаи нимсохт бунёд ёфтааст.
Дар ин бино беш аз 90 фоизи омӯзгорони Мактаби президентии шаҳри Чкалов соҳиби хонаҳои хизматӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони хуштолеъро бо ин рӯйдоди пурфараҳ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки минбаъд сохтмони чунин биноҳо барои кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ идома хоҳад ёфт.
САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҚАРОРГОҲИ ДАСТАИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ
14 сентябри соли 2013 дар шаҳри Чкалов Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо шароити будубош ва хизматии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.
Дар аввали боздид аз ҷониби ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус машқҳои зиддитеррористӣ доир ба озод кардани гаравгонон ва безарар гардонидани ҷинояткорони шартии мусаллаҳ намоиш дода шуд.
Зимни боздид аз қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла аён гардид, ки биноҳои он бо харҷи беш аз се миллион сомонӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, дар он шароити муосири будубоши шаборӯзӣ, машқу тамринҳои махсус, аз ҷумла майдончаҳои машқҳои низомӣ, майдону толори калони варзишӣ ва ғайра муҳайё гардидааст. Ошхона ва ошпазхонаи бино ҳам бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои бароҳат таъмин мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмини онҳо бо хӯроки серғизо ва дигар шароити зарурӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шавад.
Зимни суҳбатҳо бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки онҳо дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳизфи оромию суботи ҳаёти мардум ва дар мубориза бо ҷинояткорони хавфнок саҳми арзандаи таҳсин доранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Давлату Ҳукумат баҳри муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ барои сохторҳои низомию амниятии кишвар онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.
БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НАВИ НОҲИЯИ АШТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
Субҳи рӯзи 15 сентябри соли 2013 сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт идома ёфт.
Дар ноҳияи Ашт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои нави беморхонаи марказии шаҳраки «Шайдон», ки маркази маъмурии ин ноҳия аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар саҳни ҳавлии беморхонаи нави ноҳиявӣ дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаю башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хатнасури 20 нафар писарча аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъӣ ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин маросими фараҳбахшро ба аҳли байти ин дӯстрӯякон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла телевизору яхдон, тақдим намуд.
Биноҳои нави беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин биноҳо ҳанӯз соли 1983 оғоз ёфта, дар солҳои 90 — уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қатъ гардида буд. Идомаи сохтмони биноҳои нимсохт бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2010 бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт ва то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ барои баҳрабардорӣ омода гардид. Аз он ду миллиону 200 ҳазор сомонӣ барои хариди дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ масраф шудааст. Беморхона дорои 150 кат буда, ду бинои он сеошёна ва боқимонда биноҳо аз ду ошёна иборат мебошанд. Дар беморхонаи нав беш аз 300 нафар кормандони соҳаи тиб ва хадамоти ёрирасон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири муоина, ташхис ва муолиҷаи беморон дар ин муассисаи муосири тиббӣ шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти наваш баҳои баланд дод.
Чунонки аён гардид, миёни ҳамаи даҳ шуъбаи беморхона шабакаи ягонаи алоқаи видеоӣ ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он машварату маслиҳатҳои фосилавӣ гузаронда мешаванд.
Беморхонаи нави марказӣ дорои маҷмуи утоқҳои физиотерапевтӣ мебошад, ки дар онҳо усулҳои гуногуни табобату тавонбахшӣ пешкаш мегардад.
Тамоми шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳазанд. Аз ҷумла таваллудхонаи он бо усули нави аврупойӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин беморхона иловатан панҷ мошини ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии беморхона дар назди кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт суханронӣ намуда, аз ҷумла аз ғамхориҳои пайвастаи Давлату Ҳукумат ба ин соҳа ва таъмини солимии аҳли ҷомеа ёдовар шуд, табибонро ба хизматрасонии босифат ба ниёзмандон даъват кард.
БОЗДИД АЗ НОҲИЯИ СПИТАМЕН
15 сентябри соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ашт ба ноҳияи Спитамен омад.
Дар ноҳияи Спитамен Президенти кишвар нахуст ба интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ташриф оварда, аз ҳоли ин дӯстрӯякон хабар гирифт. Зимни боздид ва шиносойӣ бо шароити интернат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол бинои он бо тариқи ҳашар ва кӯмакҳои хайрия мавриди тармими куллӣ қарор гирифта, аз нав ободу зебо шудааст. Бино якошёна буда, аз 12 утоқи хоб, утоқҳои машғулиятҳои фаннӣ ва толори маҷлисӣ иборат аст.
Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар тарбиятгирандаи интернат кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла либосҳои зимистона ва дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо 1000 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим гардид. Тавре зикр гардид, дар ин муассисаи иҷтимоӣ 30 нафар кӯдакони синни мактабӣ, ки се нафарашон ятимони бепадару модар мебошанд, бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Спитамен бевосита шинос шуд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз аллакай 4 км роҳ навсозӣ шудааст ва тайи чанд рӯзи дигар боз 3 км дигар ҳам навсозӣ мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор дар дигар роҳҳои маҳаллии ноҳия ҳам бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад. Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо талабу супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои маҳаллӣ авҷи тоза пайдо намудааст.
ИФТИТОҲИ КЛИНИКАИ ХУСУCӢ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН
15 сентябри соли 2013 дар деҳаи Саидқӯрғони деҳоти «Истиқлол»-и ноҳияи Спитамен бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи хусусии ташхисию табобатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре аён гардид, ин муассисаи хусусии тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бо маблағи зиёда аз се миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои шифохона сеошёна буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Япония муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин ҷо, аз ҷумла дастгоҳи ташхисии фаросадоӣ, кардиографи барқӣ, дастгоҳи замонавии дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидааст.
Ин муассисаи тиббӣ дорои 34 кати хоб буда, дар он 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Маоши кормандон аз 1000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, уҳдадор шуд, ки то Наврӯзи соли 2014 як коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намуда, 200 нафар занону духтарони маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин менамояд.
ПАРДАБАРДОРӢ АЗ БОЛОИ ПАЙКАРАИ СПИТАМЕН
15 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Спитамен бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи чорметраи қаҳрамони таърихии миллати тоҷик Спитамен баргузор шуд.
Дар атрофи пайкара бо номи ин шахсияти таърихӣ гулгашти зебою дилнишине бунёд ёфтааст, ки аллакай ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони ноҳияи Спитамен табдил ёфтааст.
Дар ҳудуди гулгашт чор фаввораи ранга ва ду айвонча, 49 сутун ва девори баландиаш чорметраи нимдоира дар пушти пайкараи Спитамен бо нақшу нигори замони ориёиҳо ва манзараҳои тамошобоби дигар ба назар мерасад.
Гузоштани пайкараи ин шахсияти бузурги таърихӣ омили муҳим барои омӯзиши рӯзгори гузаштаи пуршуҳрати ниёгонамон ва сабақомӯзӣ барои рушди ояндаи давлатдории мустақили Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
ШИНОСОЙӢ БО КОРИ ИБРАТБАХШИ ДУ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН
15 сентябри соли 2013 дар деҳаи Саидқӯрғони деҳоти «Истиқлол»-и ноҳияи Спитамен Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои пахтаи хоҷагии деҳқонии «Саидқӯрғон» ташриф оварда, бо кори намунавии заҳматкашони он бевосита шинос шуд.
Тавре зикр гардид, пахтакорони ин хоҷагӣ соли гузашта пахтаи навъи «Ирам» кишт намуда, аз ҳар гектари он 45 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол онҳо дар 16 гектар аз ҳамин тухмӣ кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш то 45-50 сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд.
Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии «Искандар»-и Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки аҳли заҳмати он низ дар 11 гектар пахтаи навъи «Ирам» кишт намуда, аз ҳар гектараш 45 сентнерӣ ҳосил гирифтанианд, ҳарчанд як қисми пахта дар миёни қаторҳои боғи навбунёди шафтолу корида шудааст.
Тавре аён гардид, дар заминҳои ин хоҷагӣ тавассути кишти такрорӣ гирифтани ду ва зиёда ҳосили ғалладона ва сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ба роҳ монда шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи хоҷагии деҳқонии «Сурхзамин»-и ноҳияи Спитамен бо роҳбарият ва фаъолони ноҳия мулоқоти тӯлонии ошкорову самимӣ дошт.
Ҳангоми мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ карор дод. Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум дар назди масъулин барои оянда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
ФИЛИАЛИ НАВИ СОЗМОНИ ХУРДИ ҚАРЗДИҲИИ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ НАМУД
Дар шаҳраки «Нов» бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали нави Созмони хурди қарздиҳии «Имон Интернешнл» ифтитоҳ ёфт.
Тавре зикр гардид, ин бино аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Дилфуза Ҳусайнова бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфта, ба Созмони хурди қарздиҳии «Имон Интернешнл» ба иҷора дода шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва ороишу таҷҳизи бино баҳои баланд дод.
Зимни шиносойӣ бо кори Созмони хурди қарздиҳии «Имон Интернешнл», аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи ғайридавлатӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи занони соҳибкори ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳоло дар тамоми қаламрави кишвар 108 намояндагии он боз гардидааст. Дар онҳо 1400 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Маоши кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ аз 800 то чор ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сандуқи умумии қарзии Созмони хурди қарздиҳии «Имон Интернешнл» дорои 424 миллион сомонӣ маблағ буда, беш аз 69 ҳазор қарзгиранда дорад. Тавре иттилоъ доданд, беш аз 40 фоизи мизоҷони ин муассиса занону духтарони соҳибкор мебошанд.
Дар намояндагиҳои ин муассиса дар ноҳияи Спитамен беш аз 100 нафар бо кор таъмин гардидааст. Танҳо дар намояндагии нави имрӯз ифтитоҳёфта қариб 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, ки сандуқи қарзии он дорои 30 миллион сомонӣ маблағ аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ доир ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҳавасманд кардани мардум ба нигоҳ доштани пасандозҳояшон дар бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ маслиҳату ҳидоятҳои муфид дод.
ШИНОСОЙӢ БО КОРХОНАИ САНОАТИИ «ФИРӯЗ»
Субҳи рӯзи 16 сентябри соли 2013 сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маркази маъмурии он -шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи саноатии «Фирӯз» ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши он бевосита шинос шуд.
Тавре зикр гардид, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Искандаров дар заминаи собиқ фабрикаи корҳои хонагӣ бунёд ёфтааст.
Дар даромадгоҳи корхона намунаҳои маҳсулоти гуногуни корхона ба маъраз гузошта шуда буд. Корхона аз коргоҳҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ иборат аст.
Тавре аён гардид, дар коргоҳи бофандагии ин корхона аз риштаҳои пахтагини корхонаҳои ресандагии ватанӣ матоъҳо барои дӯхти либосҳои варзишии навъи кимано омода мегардад.
Аз ҳамин матоъҳо дар коргоҳи дӯзандагии он киманоҳои навъҳои гуногун барои гӯштӣ, карате, таэквондо ва дигар намудҳои варзиши тан ба тан дӯхта мешавад.
Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки киманоҳои ин корхона ба 22 давлати ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ бо тамғаи ширкати «Фирӯз» ва нишонаи истеҳсоли Тоҷикистон содир карда мешавад. Тавре иттилоъ доданд, ширкати Фирӯз»-и Тоҷикистон яке аз даҳ ширкат дар ҷаҳон аст, ки барои дӯхтан ва фурӯши ин намуди либосҳои варзишӣ дар бозори ҷаҳонӣ иҷозатномаи байналмилалӣ дорад.
Бо иқтидори имрӯзиаш корхона имкон дорад, ки беш аз 40 ҳазор маҷмуъ либоси варзишӣ дар як сол истеҳсол намояд. Корхона давоми соли 2012 аз ҳамин намуди маҳсулот ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содир кардааст ва ин нишондодро дар ояндаи наздик ба се миллион сомонӣ расониданӣ аст.
Дар назди корхона ҳамчунин толори калон ва майдони варзишӣ пешкаши ҳаводорони тарзи ҳаёти солим гардидааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз толори варзишӣ ба роҳбарияти корхона маслиҳат дод, ки як толори варзишии аз ин васею баланд ва универсиалӣ бунёд намуда, дар ин толор боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 60 ҷойи корӣ омода созад. Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дода шуд, ки барои сохтмони толори бузурги варзишӣ ба ин соҳибкор дар ҷойи дигар замин ҷудо карда шавад.
Дар корхонаи дару тиреза бошад, бо иқтидори ҳозира 12 ҳазор метри мураббаъ намудҳои гуногуни дару тирезаи пластикӣ дар як сол истеҳсол карда мешавад, ки арзиши аслии он бо нархҳои имрӯза ба ду млн. сомонӣ баробар аст.
Дар шафати корхона ин соҳибкори ватанӣ як меҳмонхонаи дараҷаи чор ситора ҳам бунёд намудааст, ки дорои 18 ҷой мебошад ва шароити муосир дорад.
Дар таҳхонаи он ҳаммоми финнӣ бунёд ёфтааст, ки он ҳам ба ҳама талаботи байналмилалии сатҳи баланд ҷавобгӯй аст.
Ҳоло дар корхонаи саноатии «Фирӯз» дар маҷмуъ зиёда аз 150 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. То Наврӯзи соли оянда шумораи коргарони он, бо шумули коргоҳи нави дӯзандагӣ, ба зиёда аз 210 нафар хоҳад расид.
Дар яке аз толорҳои ин корхона хатнасури дастаҷамъонаи 20 нафар писарча аз оилаҳои ниёзманд ба роҳ монда шуд, ки кори хайру савоб аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони ҳар яки ин кӯдакон туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла дучархаи кӯдакона, яхдону телевизор ва дигар ашёи рӯзгор тақдим намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкори маҳаллӣ ва ҳамкорону шариконаш барои дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва башардӯстонаи Ҳукумати кишвар арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд сафи чунин соҳибкорони баору номус боз ҳам бештар мегардад.
www.president.tj