Имрӯзҳо мавзӯи суҳбати аксар сокини ҷумҳурӣ гармии тоқатфарсои ҳафтаи охир мебошад. Сабаби якбора гармшавии ҳаво дар чӣ буд? Сардори маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иброз дошт, ки аз 6-уми июли соли равон дар қисми зиёди мамлакат ҳаво нисбатан гарм ва дар бисёр ноҳияҳо ҳарорат аз 40 дараҷа баланд шуд. Дар вилояти Суғд гармии ҳаво то ба 40 — 44 дараҷа расид, ки бори аввал ба қайд гирифта шуд.
- Дар вилояти Хатлон ҳафтаи охир гармии ҳаво 40 — 45 дараҷаро ташкил дод. Ҳавои гарм барои минтақаи Хатлон муқаррарӣ бошад ҳам, имсол бардавом мушоҳида шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ рӯзҳои охир ҳаво рӯзона аз 40 дараҷа поён нафаромад. Даҳуми июл дар шаҳри Душанбе гармии ҳаво 42 дараҷаро ташкил дод.
Солҳои қаблӣ дар пойтахт 1 — 2 рӯз ҳаво 40 — 42 дараҷа гарм шуда, сипас 37 — 38 дараҷаро ташкил медод. Аммо имсол теъдоди рӯзҳои аз 40 дараҷа гарм зиёд шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ ҳафтаи охир ҳаво рӯзона 31 — 36 ва шабона 18 дараҷа гарм шуд, ки боиси босуръат обшавии пиряхҳо хоҳад гашт.
- Сабаби якбора гарм омадани ҳаво дар зери таъсири гипрессияи тобистона қарор гирифтани Осиёи Марказӣ мебошад, — гуфт Ҷ. Байдуллоева. – Дар ин давра ба минтақа танҳо аз ҷануб Туркманистон, Эрону Ироқ ва нимҷазираи Арабистон ҳавои гарму хушк ворид мешавад.
Олимони соҳаи тиб ҳушдор медиҳанд, ки дурудароз дар чунин ҳавои гарм дар ҷойи офтобӣ кор ё гаштугузор кардан метавонад боиси офтобзанӣ шавад.
- Ҳавои аз ҳад зиёд гарм барои пиронсолон, кӯдакони ширмак, хурдсолон, гирифторони бемориҳои музмин ва дилу рагҳо бештар мушкил эҷод мекунад, — мегӯяд номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. – Нишонаҳои офтобзанӣ ин чархзании сар, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди сар, эҳсоси ташнагии зиёд, тез-тез нафаскашӣ ва босуръат задани дил мебошад. Агар ин нишонаҳо зоҳир шаванд, дарҳол ба ҷойи салқинӣ гузашта, об нӯшидан лозим аст.
Саидҷон Нодирӣ мегӯяд, ки ба мақсади пешгирии офтобзанӣ кам-кам ва зуд-зуд об, хушоб (компот), чолоб, дӯғ нӯшидан лозим аст. Касоне, ки дар саҳро меҳнат мекунанд, кофист аз субҳи барвақт то соати 8 кор кунанд. Дар сар кулоҳҳои сабуку ҳаворас пӯшанд. Аз соати 11 то 16 дар ҳавои кушод зиёд гаштан хатари офтобзаниро меафзояд. Рӯзона оббозӣ кардан ва ё рӯзе чанд маротиба баданро бо сачоқи намнок тоза кардан низ муфид аст.
- Бештар меваю сабзавот, шакароб, шӯлаю шӯрбо, угрои серсабзавот истеъмол намудан лозим аст. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва нӯшобаҳои ширини газдор тавсия дода намешавад, — мегӯяд номбурда.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»