Аз нишастҳои матбуотӣ

Музди меҳнати омӯзгорони ДТТ 14 фоиз зиёд шуд

№89 (3883) 21.07.2018

DSC_9152++18 июли соли 2018 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ нишасти матбуотӣ доир шуд. Ректори он профессор Одиназода Ҳайдар Одина маълумоти зеринро пешниҳоди ҳозирин намуд:

- Коллективи донишгоҳ бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат кӯшишу ғайратро дареғ нахоҳанд дошт. Ҳоло теъдоди умумии донишҷӯён – 9182 нафар — духтарон 647, тибқи квота – 177, донишҷӯёни бахши рӯзона – 6740, маълумоти дуюми олии касбӣ – 282 ва магистратура – 532 нафарро ташкил медиҳанд.

Ректор эътироф намуд, ки бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони ихтисосҳои муҳандисию техникӣ қаноатбахш нест. Аз 527 хатмкардаи соли 2017 танҳо 31 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаасту халос.

- Тибқи муқаррарот, ба 100 нафар донишҷӯйи шуъбаи рӯзона на кам аз 4 аспирант бояд рост ояд. Инчунин, зиёда аз 60 фоизи ҳайати профессорону омӯзгорон бояд унвони илмӣ дошта бошанд, — афзуд ӯ.

Дар донишгоҳ 459 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 196 нафар унвондор (20 нафар доктори илм ва 176 нафар номзади илм) мебошанд.

Инчунин, 53 донишҷӯйи хориҷӣ аз Афғонистон, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Нигерия, Олмон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Эрон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD таҳсил доранд, ки 27 нафараш ба таври буҷавӣ дар асоси бурсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудошуда ва боқимонда тариқи шартномавӣ қабул шудаанд.

Аз якуми январи соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ барои тақвият бахшидани фаъолияти илмӣ музди меҳнати омӯзгорони унвондор 14 фоиз зиёд шуд. Маоши онҳое, ки дар як воҳиди корӣ фаъолият доранд, аз 2300 сомонӣ то 3850 сомониро ташкил медиҳад, — гуфт ректори донишгоҳ.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»