Ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии мо омили муҳимтарини ҳалли ҳамаи мушкилот ба шумор меравад

№115 (3100) 17.09.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Спитамен

15 сентябри соли 2013

 1

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Даҳ сол муқаддам мо дар ҳузури шумо ноҳияро ба номи абармарди таърихи миллат ва қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен номгузорӣ карда будем.

Ҳадафи боздиди имрӯзаи мо ба ноҳия дар баробари арҷгузорӣ кардан ба корномаи ин фарзанди ҷасури Ватан, ки воқеан рамзи беназири корномаҳои диловаронаи халқи сарбаланди тоҷик дар масири таърих маҳсуб мешавад, инчунин шиносойӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, дидору гуфтугӯ бо мардум ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда мебошад.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки Спитамен барои дифои марзу буми аҷдодӣ аз ҳамлаи аҷнабиён далериву шуҷоат ва мардонагии бемисл нишон дода, бо ин амали ватандӯстона номи худро дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҷовидон гардонидааст.

Мақоми ӯ ба унвони лашкаркаши беҳамто миёни ҳамзамонон ба ҳадде нуфуз пайдо карда буд, ки ҳатто Искандари Мақдунӣ бо ҳамаи бузургӣ ва манзалати сиёсиву ҳарбии хеш дар симои ин қаҳрамони миллии мо рақиби тавоно ва лашкаркаши зираку қавиро эътироф намуда, афзалияти усули ҷангии ӯро дар миёни сарлашкарони юнонӣ борҳо ситоиш кардааст.

Беҳуда нест, ки мо ҳамчун ворисони ин бузургмард корномаи ӯро чун намунаи қаҳрамониву шуҷоати фарзандони ҷасури хеш дониста, бо чунин шахсиятҳои таърихӣ ҳамеша ифтихор мекунем.

Ҳанӯз чанд сол муқаддам ба хотири ҳавасмандгардонии сарбозон ва муҳофизони Ватани азизамон бо номи ин абармарди таърихи халқамон ордени Спитаменро таъсис додем, ки ҳамасола беҳтарин кормандони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ин мукофоти олӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Имрӯз мо ба хотири таъмини абадияти номи ин қаҳрамони халқамон ва шинохти чеҳраи Спитамени бузург ҳамчун абармарди муҳофизи Ватан муҷассамаи ӯро дар яке аз гӯшаҳои зебои ноҳия ифтитоҳ намудем.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо-сокинони иззатманд ва сарбаланди ноҳияи Спитамен ва вилояти Суғдро ба ин муносибат, яъне гузоштани муҷассамаи яке аз қаҳрамонони халқамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод ва мисли Спитамен далериву матонатро дар ҷодаи ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол орзу менамоям.

Бо ифтитоҳ гардидани муҷассамаи Спитамен чеҳраи таърихии ӯ, бахусус дар назди таърих ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҳамчун намунаи диловариву қаҳрамонӣ ва мардонагиву ватандӯстӣ аз нав зинда гардида, майдони муҷассамаи ӯ ҷойгоҳи ҳамойиши дӯстон, макони таблиғи корномаҳои диловариву оини ватандорӣ ва садоқат ба Ватан хоҳад буд.

Инчунин мо имрӯз аз мактаб — интернати ноҳия барои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат боздид карда, аз вазъи муассисаи мазкур, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сарпарастон таъмиру азнавсозӣ шудааст, аз наздик шинос шудем.

Ҳамчунин мо дар ноҳия якчанд корхонаи истеҳсолӣ ва як муассисаи нави тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, ки нишонаи ҳиммати соҳибкорони ноҳия мебошад.

Бахусус боздид аз дармонгоҳи хусусии ташхису табобат дар деҳаи Саидқӯрғони деҳоти «Истиқлол», ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бо харҷи беш аз се миллион сомонӣ бунёд гардидааст, моро хеле қаноатманд гардонид. Табобатгоҳи мазкур дорои 40 кати хоб буда, бо таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ҳамаи иншооте, ки имрӯз ва умуман вақтҳои охир дар ноҳия ифтитоҳ гардидаанд, барои аҳолии маҳаллӣ, хоса ҷавонон даҳҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд.Аз ҷумла танҳо дар табобатгоҳи зикршуда 20 нафар табибон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Боиси хушнудист, ки бо иқдомҳои бунёдкориву созанда ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон рӯз то рӯз ободу зебо мегардад.

Ба хубӣ эҳсос мешавад, ки ба шарофати фазои орому осудаи мамлакат ҳар як сокини кишвар талош дорад, ки корҳои созандагиро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон вусъати тоза бахшад.

Аз ин рӯ, ба кулли соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи онҳое, ки дар баробари иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар тавассути бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро барои ободии Ватани азизамон мегузоранд, изҳори сипос менамоям.

Дар баробари ин, мо набояд фаромӯш созем, ки ҳамаи муваффақият ва пешравиҳои имрӯза дар самти рушди босуботи мамлакат, пеш аз ҳама, натиҷаи файзу баракати соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату ягонагӣ ва суботу оромии ҷомеа ба даст омадаанд.

Имрӯз ин амри воқеиро дар ҷомеаи Тоҷикистон аз хурд то бузург ба хубӣ дарк мекунанд ва боиси хушнудист, ки чунин ташаббусу қаноатмандиро мо дар чеҳраҳои гарму самимии мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен мушоҳида мекунем.

Инчунин эҳсос мекунам, ки шумо сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати кишварро ба хотири таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва вусъати корҳои ободиву созандагии Ватани азизамон самимона дастгирӣ мекунед.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии мо омили муҳимтарини ҳалли ҳамаи мушкилот ба шумор меравад ва мо метавонем минбаъд низ бо шукргузорӣ аз неъмати соҳибихтиёрӣ, аз баракати сулҳу суботи устувор бо андешаҳои созанда ва меҳнати бунёдкорона сарзамини аҷдодиамонро торафт ободу зебо намуда, барои расидан ба зинаҳои нави рушди Ватанамон қадамҳои устувор гузорем.

Ман ба ноҳияи Спитамен қаблан ҳам бисёр сафарҳои корӣ доштам, вале имрӯз бештар эҳсос мешавад, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯҳияи мардуми ноҳия комилан тағйир ёфтааст.

Ин пешрафту муваффақиятҳо, пеш аз ҳама ба он пайванд доранд, ки мардуми шарафманди ноҳия ба ояндаи ободи худ хушбин ҳастанд ва ба хотири саодати фардои ҷомеа аз тамоми захираву имкониятҳо оқилона истифода мекунанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар сохтори иқтисодии ноҳияи Спитамен соҳаи кишоварзӣ мақоми муҳим дорад ва дастовардҳои ин соҳа ба вазъи умумии иқтисодиёти ноҳия таъсири назаррас мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суръати афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар се соли охир 11 фоизро ташкил дода, афзоиши истеҳсоли маҳсулот асосан аз ҳисоби бахши растанипарварӣ, ки суръати афзоиши он ба 15 фоиз баробар аст, таъмин карда шудааст.

Хоҷагиҳои ноҳия дар соли сипаришуда бори аввал дар тӯли чанд соли охир ҳаҷми истеҳсоли пахтаро ба 15 ҳазор тонна расонидаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ду соли пешин беш аз 5 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Кишоварзон ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пахта асосан аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии он ноил гардидаанд, ки ба ҳисоби миёна дар ноҳия дар соли 2012 — ум зиёда аз 22 сентнер ва дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Саидқӯрғон» 35,5 сентнер, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии «Баландқӯрғон» ва «Фотеҳа» 42- 45 сентнерро аз ҳар гектар ташкил додааст. Ин рақамҳо яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳои соҳа дар қаламрави вилоят ба ҳисоб мераванд.

Вале бо вуҷуди ин, дар ноҳия ҳанӯз захираҳои истифоданашуда дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле зиёданд.

Бинобар ин, роҳбарону масъулинро зарур аст, ки барои истифодаи ҳар чӣ пурраи захираву имкониятҳо тадбирҳои мушаххас андешанд, зеро танҳо бо роҳи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакориву растанипарварӣ, боғдориву чорводорӣ ва бахшҳои дигар ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум ноил шудан мумкин аст.

Боиси қаноатмандист, ки дар ноҳияи Спитамен соҳаи саноат низ бомаром тараққӣ карда истодааст. Масалан, танҳо дар давоми ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 фоизро ташкил додааст.

Дар 13 корхонаи саноатии ноҳия истеҳсоли 18 номгӯйи маҳсулот ба роҳ монда шуда, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ вусъат гирифта истодааст.

Соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия чор корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо 100 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ин нишондиҳанда барои ноҳияи Спитамен хуб аст ва бовар дорам, ки минбаъд низ барои боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаи саноат корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.

Ман дар суҳбату мулоқотҳои хеш доим таъкид менамоям, ки мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ ва болоравии талаботи рӯзафзуни бозор ба маводи ғизоӣ моро водор менамояд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ба истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.

Бо дарназардошти ин масъала мо соли 2009 фабрикаи ресандагии «Спитамен Текстайл»-ро бо иқтидори коркарди 3000 тонна нахи пахта дар як сол ба истифода супоридем ва изҳори умед карда будем, ки ин корхона минбаъд дар ҳаҷми умумии истеҳсоли саноатии ноҳия ва мамлакат саҳми муассир хоҳад гузошт.

Дар ин коргоҳ мебоист 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешуданд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корхонаи мазкур ба ҷойи он, ки сол аз сол рушд намояд, баръакс рӯ ба таназзул овардааст.

Бинобар ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки якҷо бо соҳибмулкони корхона ҷиҳати вусъат додани соҳаи пахтакорӣ, бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи «Спитамен Текстайл», инчунин таъмини иҷрои супориши қаблии додашуда дар самти ба кор андохтани навбати дуюми корхонаи мазкур ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аз имкониятҳои мавҷуда ба таври зарурӣ истифода бурда, барномаи дурнамои рушди фаъолияти корхонаро сари вақт ба иҷро расонанд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Спитамен барои рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила афзун гардонидани иқтидори иқтисодӣ ҳоло захираву имкониятҳои хеле зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.

Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро густариш дода, ба соҳибкорон сол аз сол бештар қарзҳо пешниҳод менамоянд.

Танҳо дар соли 2012 ба соҳибкорони ноҳия беш аз 73 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011 беш аз 20 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дар ҳамин давра аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорони ноҳия беш аз 38 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2011-ум 22 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ғайр аз ин, дар давоми солҳои истиқлолият дар ҳудуди ноҳия якчанд лоиҳаҳои хурду бузург бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ гардида, масъалаҳои мавҷудаи ноҳия батадриҷ роҳи ҳалли худро пайдо карда истодаанд.

Дар маҷмуъ, аз соли 2007 то ин ҷониб дар ҳудуди ноҳия татбиқи се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба анҷом расида, ҳашт лоиҳаи дигар дар ҳоли татбиқ қарор дорад.

Маблағи умумии лоиҳаҳои мазкур беш аз 47 миллион сомониро ташкил дода, истифодаи самаранок ва сифатноки он боиси пешрафт ва рушди босуботи иқтисодиёти ноҳия мегардад.

Вобаста ба ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар баробари татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ истифодаи самаранок ва хароҷоти мақсадноки маблағҳоро таъмин намоянд.

Бо қаноатмандӣ метавон изҳор намуд, ки дар ноҳия теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, мунтазам афзоиш меёбад.

Аммо дар баробари ин имкониятҳои ноҳия барои боз ҳам рушд додани соҳибкории истеҳсолӣ пурра истифода нашудаанд.

Аз ин рӯ, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки минбаъд низ рушди соҳибкориро дар маркази таваҷҷуҳ қарор диҳанд, зеро рушди соҳибкорӣ тавассути воридсозии технологияҳои муосир ва ташкили корхонаҳои нав имкон медиҳад, ки на танҳо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёбад, балки ҷойҳои нави корӣ таъсис гардида, мушкилоти иҷтимоии мардум роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Айни замон барои таъмини пешрафти ҳамаҷонибаи ноҳияи Спитамен барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2010-2015 дар ҳоли татбиқ қарор дорад.

Барномаи мазкур аз 81 лоиҳаи афзалиятноки соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва инфрасохтору муҳити зист иборат буда, маблағи умумии онҳо дар маҷмуъ беш аз 460 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Татбиқи амалии ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам месозад, ки рушди бевоситаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давраи миёнамуҳлат таъмин шуда, аҳволи иҷтимоии аҳолӣ сол аз сол беҳтару хубтар гардад.

Вобаста ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супорида мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари дахлдор ҷиҳати татбиқи муваффақонаи барномаи мазкур тамоми тадбирҳоро амалӣ намоянд.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои таърихии сарзамини тоҷикон маҳсуб гардида, номи деҳаи калонтарини ноҳия — Куркатро муаррихон ба номи яке аз чеҳраҳои бузурги таърихи миллии мо Куруши Кабир вобаста медонанд.

Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ Куркат шаҳраке дар ҳудуди Уструшана дар нимароҳи Саботу Хуҷанд омадааст.

Дар яке аз маъруфтарин асарҳои ҷуғрофии асри Сомониён роҷеъ ба ҷуғрофиёи Куркат омадааст, ки «он шаҳраке бо кишту барз ва мардуми бисёр» будааст.

Аз ин маълумоти таърихӣ метавон натиҷа бардошт, ки мавҷудияти таърихии ин қаламрав ҳанӯз ба ҳазорсолаҳои то мелод, яъне ба айёми кишвардории давлати Ҳахоманишиҳои бузург ва хоса Куруши Кабир рост меояд.

Муаррихони юнониву румӣ низ дар бораи заминҳои ҳосилхези соҳили чапи дарёи Танаис, яъне Сирдарё ва маданияти баланди кишоварзии мардумаш маълумот додаанд.

Заминҳои ноҳияи имрӯзаи Спитамен ба ҳамин ҳудудҳо мувофиқ меоянд ва мардумаш ҳам ворисони сазовори аҷдоди ҳунарманду заҳматкаш будани худро бо истифодаи оқилонаи замин, муҳаббат ва садоқат ба марзу буми бобоӣ собит менамоянд.

Бо тақозои таърих ноҳия ба минтақаи сарҳадӣ табдил ёфт ва сокинони он тӯли даҳсолаҳо арзишҳои волои дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо ва анъанаҳои беҳтарини ҳамсоягиро бо аҳолии кишвари ҳаммарз риоя менамоянд.

Маҳз дар ҳамин ноҳия Театри давлатии драмаи ӯзбек амал мекунад, ки номи ҳунарпешаи машҳур Шукур Бурҳоновро дорад.

Шаҳраки Нов зодгоҳи шоири ӯзбекзабони кишварамон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аширмат Назаров мебошад, ки Тоҷикистонро бо забони ӯзбекӣ мадҳу ситоиш кардааст.

Ногуфта намонад, ки маҳз дар ҳамин ноҳия яке аз роҳбарони машҳури кишварамон Турсун Ӯлҷабоев мактаби роҳбарӣ ва ташкилотчигиро гузашта, то ба сатҳи сиёсатмадори шинохта ба камол расидааст.

Итминони комил дорам, ки ифтитоҳи муҷассамаи сарлашкари бузург ва чеҳраи ҷасуру диловари ҳарбии халқи мо — Спитамени нотакрор бори дигар дар вуҷуди мардуми шарафманди ноҳия меҳру ихлос ва иродату муҳаббат ба Ватани азизро нуфуз бахшида, рӯҳи ҷовидонаи ин абармарди мо тамоми сокинони ноҳияро ҳамчун фарзандони шарафманди як пораи зебои Тоҷикистони азиз ба сӯйи оянда равшану мунаввар хоҳад намуд.

Инчунин бовар дорам, ки шумо — мардуми ватандӯст ва баору номуси ин диёри аҷдодӣ дар пояи муҷассамаи аҷдоди диловари хеш — Спитамен ҳамчун рамзи оини ватандориву далерӣ, садоқат ба Ватан ва халқи худ муттаҳид гардида, минбаъд низ барои ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ иқдомҳои наҷибу ватандӯстонаро амалӣ хоҳед кард.

Бо чунин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо хонаи обод, сари баланд, баракати рӯзгор ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша комёбу сарбаланд бошед!