Нимсолаи якуми соли равон дар мамлакат дар масоҳати умумии 461 ҳазору 800 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки алҳол дар шаҳри Душанбе нархи 1 метри мураббаи «Манзили дастрас» 350 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар Беларус — 816, Молдава — 662 ва Озарбойҷон — 1136 доллар аст.
- Ҳоло дар пойтахти мамлакат сохтмонҳои маҷмӯавӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он тамоми нозукиҳои иморатсозӣ, бунёди майдончаҳои истироҳатӣ ва ё варзишӣ ба инобат гирифта мешавад, — гуфт номбурда.
- Ба хотири истифодаи самаранок аз замин минбаъд танҳо хонаҳои аз панҷошёна баланд сохта хоҳанд шуд. Илова бар ин, барои зебо шудани биноҳо ба якрангии боми иморатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Тибқи нақшаи корӣ, мутахассисон дар нимсолаи аввал ҷиҳати ба роҳ мондани назорати риоя ва татбиқи нақшаҳои генералӣ ба ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Ҳамадонӣ, Шоҳин, Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон ва шаҳрҳои Душанбею Роғун сафарбар карда шуданд.
Аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 57 шаҳру ноҳия бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ки мавриди амал қарор доранд. Бо амалӣ шудани ин нақшаҳо фарқ миёни деҳоту шаҳр хеле кам мешавад, зеро дар деҳот низ сохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ пешбинӣ шудаанд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»