Дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ рӯзҳои шанбе қабули шаҳрвандон аз субҳ оғоз гардида, баъзан то нисфирӯзӣ идома меёбад. Ин ҳолатро мо дар Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ мушоҳида кардем. Дар ҳавлии идораи ҷамоати деҳот 10-12 нафар шаҳрвандон интизори омадани раис буданд.
Вақте раиси Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ Ҳадятулло Норов вориди идора гардид, муроҷиаткунандагон зуд ӯро ҳалқа гирифтанд. Раис ҳамаи онҳоро ба толори маҷлисгоҳи ҷамоат хонд ва моро низ барои иштирок даъват кард.
Дар рафти қабул муовини раиси Ҷамоати деҳот Гулнора Бобоева, муҳандис-заминсоз Маҳмадалӣ Бадиев, мутахассис оид ба ҳуқуқ, кадр ва бойгонӣ Ҷамшеди Хуршед ва дигар масъулин низ ҳузур доштанд.
Бештари муроҷиаткунандагон оид ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баҳси оилавӣ, ба қайд мондану аз қайд баровардан, роҷеъ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, истифодаи заминҳои лалмӣ, кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва беморони маъюб суол мекарданд. Раис баъди муроҷиати ҳар шаҳрванд ба масъулини соҳаҳо супоришҳоёи мушаххас медод.
- Ман мушкилоти ҳар яки шуморо хуб эҳсос мекунам. Аз ин хотир тамоми неру ва имконоти дар ихтиёр доштаамро истифода менамоям, то шумо ва ҳар як хонаводаи ҳудуди деҳотамон, вобаста ба қонунҳои ҷорӣ ба муроҷиати кардаашон ҷавоби қаноатбахш гиранд ва масъалаҳои ба миёномадаро сари вақт ҳал намоем,-изҳор дошт дар рафти қабули шаҳрвандон Ҳадятулло Норов.
Дар охири қабули шаҳрвандон раиси Ҷамоати деҳот бо муовин, масъулини бахшҳои кор бо занон ва оила, дин ва танзими ҷашну маросимҳо, муҳандис-заминсоз, мутахассис оид ба ҳуқуқ, кадрҳо ва бойгонӣ якчанд аризаҳои шикоятии шаҳрвандони ҳудуди деҳот, аз ҷумла аризаи шикоятии сокини деҳаи Чавалай Қимат Ёроваро баррасӣ намуданд. Раис дар ин робита супориш дод, ки худи ҳамин рӯз бо муаллифи мактуб дар ҷойи истиқоматаш вохӯрда, асли масъаларо муайяну баррасӣ намоянд.
Баъд аз ҷамъомад гурӯҳи корӣ бо сардории муовини раиси Ҷамоати деҳот Гулнора Бобоева ба деҳаи Чавалай рафта, аз ҳоли муаллифи мактуб бохабар шуданд.
Маълум гардид, ки муаллифи мактуби шикоятӣ Қимат Ёроваи 48 — сола бо амри тақдир 25 сол пеш — 6 июни соли 1988 зери девор монда ними бадан, яъне аз миён поён фалаҷ гардидааст. Ӯ маъюби гурӯҳи якум буда, дар хонаи шавҳараш (марҳум) бо писари ягона ва келину набераи дӯстрӯякаш зиндагӣ дорад. Ахиран мушкилоте пеш омадааст. Яъне, хешу табори шавҳари марҳумаш мехоҳанд хонаи истиқоматии ӯро фурӯшанд.
Ҳайати кории Ҷамоати деҳот дар вақти суҳбат ба ин зани маъюбу барҷомонда изҳор доштанд, ки масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ қарор гирифта, он ҳалли худро хоҳад ёфт.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»