Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар тарбияи мутахассисони забондону забоншинос миёни мактабҳои олӣ ҷойгоҳи хос дорад.
- Мо ба шогирдон забонҳои мухталифи кишварҳои дунёро меомӯзем, — гуфт ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода, дар нишасти матбуотӣ, ки 25 июл баргузор гардид. — Онҳо барои дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани илму фарҳанг ва суннатҳои мардум нақши муассир хоҳанд гузошт.
Донишкада дорои чор факултет — филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романӣ-германӣ, забонҳои Шарқ ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ бо шумули 14 кафедра мебошад. Дар он 3373 донишҷӯ аз рӯи 27 ихтисос таълим мегиранд.
Феълан дар таълимгоҳ 209 омӯзгор фаъолият доранд, ки 136 нафарашон корманди асосӣ мебошанд. Раёсати донишкада мекӯшад, ки ба муассиса бештар мутахассисони варзида, забондон ва дорои дараҷаи илмӣ ҷалб шаванд. Барои ҳавасмандгардонии устодони унвондор ва дараҷаи илмидор раёсати донишкада аз суратҳисоби махсуси донишкада бо қарори Шӯрои олимон дар ҳаҷми 3000 сомонӣ барои дифои рисолаи номзадӣ ва 5000 сомонӣ барои рисолаи докторӣ мукофотпулӣ муқаррар кардааст.
Маҳмадулло Раҷабзода таъкид намуд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар робита дорад. Дар донишкада 109 донишҷӯ аз кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Бразилия, Мисри Араб таҳсил менамоянд.
Яке аз дастовардҳои муҳими муассиса таҳсили донишҷӯёни донишкада дар хориҷи кишвар ва иштироки онҳо дар озмунҳои илмию фарҳангӣ мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 15 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 7 нафар ба Ҷопон, 4 нафар ба Куриёи Ҷанубӣ, 1 нафар ба Олмон, 3 нафар ба Ҳиндустон, 3 нафар ба Федератсияи Россия, 1 нафар ба Қатар, 2 нафар ба Ӯзбекистон барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ сафарбар шудаанд.
ВОРИС, «Садои мардум»