Ҳунармандӣ рушд ёбад, сафи сайёҳон меафзояд

№92 (3886) 31.07.2018

2018-01-22tourism-pngБоиси ифтихор аст, ки 22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

Аз қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон дар баробари мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати дилкаш, бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрат дошт. Деворнигориву ёдгориҳои мавҷуда аз сатҳи баланди истеъдоди аҷдодони некном шаҳодат медиҳанд. Ҳунармандони моҳири тоҷик усулҳои бадеиву техникӣ, наққошӣ, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд. Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон давоми қарнҳои зиёд матоъ, зарфҳои гуногун, асбобҳои мусиқӣ, қолин, сӯзанӣ, маснуоти заргарӣ ва дигар маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд.

Тоҷиконе, ки дар водиҳо сукунат доштанд, ҳунармандиро касби асосӣ қарор дода, дар ташаккули шаҳрҳо нақши муҳим бозиданд. Аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ки дар гузашта ҳунармандон одатан дар маҳаллаҳои алоҳида сукунат доштанд. Аҳолии шаҳрҳо бо деҳнишинон робитаи мутақобилан судманди тиҷоратиро ба роҳ мемонданд.

Ҳунар дар шакли истеҳсолоти хонагӣ рушд карда, аксар оилаҳо ба бофандагӣ, чармгарӣ, кулолгарӣ ва равғанбарорӣ (ҷувозкашӣ), коркарди фулузот (оҳангарӣ, мисгарӣ, рехтагарӣ ва ғ.) ва чӯбтарошиву аробасозӣ машғул мешуданд. Ин намуди ҳунарҳо хусусияти меросӣ – оилавӣ доштанд. Қои­да, сирру асрор ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксаран ба писари калонии ҳунарманд омӯзонида мешуданд. То солҳои 20-уми қарни гузашта дар минтақаи Осиёи Миёна ба бофандагӣ мардҳо ва ба дӯзандагӣ занҳо машғул буданд. Ашёи хоми кулолгариро занҳо ва маҳсулоти ниҳоиро тавассути чархи кулолӣ мардҳо тайёр мекарданд.

Мутаассифона, дар даврони шӯравӣ бар асари тағйирёбии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, ба роҳ мондани фаъолияти заводу фабрикаҳо ва манъ гардидани соҳибкории хусусӣ эҳтиёҷот ба маҳсулоти ҳунармандон коста гардид. Новобаста аз ин ҳунармандон касбу кори аҷдодиро давом медоданд.

Бо ба даст омадани соҳиб­истиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ эътибори хоса дода шуд. Мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», ва қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин самт такони ҷиддӣ гардид.

Муҳимтар аз ҳама, бо пешниҳоди маҳсули ҳунармандони моҳиру чирадаст ва намоиш додани фарҳанги воло таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба Тоҷикистон бештар ва сафи сайёҳон афзоиш меёбад.

Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат кӯшишҳо ба харҷ дода шавад».

Мардуми шарифи кишвар ин иқдомро дастгирӣ карда, бо рӯҳбаландӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат саъю кӯшиш менамоянд.

Фарангис Немонова, омӯзгори МТМУ № 6-уми шаҳри Душанбе