Барқияҳои тасаллият

№92 (3886) 31.07.2018

30 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Фоҷиаи ба ҳалокат расидани  ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи сайёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андуҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.

Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наз­дикону пайвандони фавтидагон бирасонед».

******

 30 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем — Александр барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат!

Фоҷиаи ба ҳалокат расидани  шаҳрванди Шоҳигарии  Нидерландия бар асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи сайёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андуҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.

Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз Шумо, Аълоҳазрат, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтида бирасонед».

******

 30 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Фоҷиаи ба ҳалокат расидани шаҳрванди Конфедератсияи Швейтсария бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи сайёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андуҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.

Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтида бирасонед».

www.president.tj