Мактабу майдони инноватсионии ронандагӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт

№116 (3101) 19.09.2013

17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бинои омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ, ки ба таври инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

739951_532277513509106_1628150538_o

Тавре зикр гардид, маркази инноватсионии омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти ин соҳа муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин муассиса, ки ҳамчунин маркази санҷиши техникии мошинҳои сабукраву боркаш ва майдони варзишии картинг дорад, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин сеюмин чунин муассисаи ин гурӯҳи соҳибкорон мебошад, зеро дутои дигарро онҳо то ин вақт дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа бунёд кардаанд. Ояндаи наздик чунин мактабу майдонҳои инноватсионии ронандагӣ боз як адад дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Данғара ва водии Зарафшон бунёд карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар ин муассисаҳо омӯзиш ва имтиҳоноти назариявӣ ва амалии ронандагӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад. Ин амали онҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо барномаи давлатии таъсиси ҳукумати электронӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоми дарсҳо, имтиҳонҳои назариявӣ ва ҳар ду марҳилаи санҷиши амалии маҳорати ронандагӣ, яъне ҳам дар майдони таълимӣ ва ҳам дар роҳҳои шаҳрӣ таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар воситаҳои электронии пайваст ба шабакаи ягонаи мутамарказ ҷараён мегирад ва касе ба ин раванд дахолат карда наметавонад. Имтиёзҳо барои супоридани ҳар як банду саволи имтиҳоноти назариявию амалӣ ва ҳам баҳои умумии довталаб ба ҳуқуқи ронандагӣ аз ҷониби барномаи махсуси компютерӣ гузошта мешавад. Дар сурати зиёд шудани хатоҳо дар ҷараёни имтиҳон компютер ба таври автоматӣ хабар медиҳад, ки довталаб аз санҷиш нагузашт.

Барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани дарсҳо ва санҷишу имтиҳоноти ронандагӣ барои се муассисаи инноватсионии то имрӯз фаъолгардида 250 мошини сабукрав, 30 автобус ва 50 мошини боркаш, ки ҳар яке барои ин мақсад бо дастгоҳу таҷҳизоти махсуси электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд, харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Танҳо ба ҳамин муассисаи сеюм, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт, 29 мошини сабукрав, даҳ мошини боркаш, ҳафт автобус ва даҳ мототсикл дастрас гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳори боварӣ намуд, ки дар сурати васеъ ба роҳ монда шудани ин таҷриба ва ҳам татбиқи босамари лоиҳаҳои «шаҳри бехатар», яъне таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ қарор додани роҳҳои мошингард шумораи қоидавайронкуниҳо бамаротиб коҳиш меёбад ва фарҳанги баланди ронандагӣ тадриҷан ташаккул ёфта, рушд менамояд.

Чунонки зикр гардид, ин муассиса дорои маркази санҷиши техникии мошинҳо мебошад, ки бо таҷҳизоти навтарини олмонӣ муҷаҳҳаз буда, кори кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро дар ин самт сабук хоҳад кард. Он аз ду хат иборат буда, дар яке ҳолати техникии мошинҳои сабукрав ва дар дуввумӣ аз мошинҳои боркаш санҷишу ташхис карда мешавад.

Дар паҳлуи ин мактаб ва майдони инноватсионии ронандагӣ майдони варзишии картинг барои дилхушӣ ва ҳам машқи ронандагии наврасону ҷавонон бунёд ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси ин соҳибкорони ватандӯсту соҳибзавқ изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки барои кам кардани шумораи қоидавайронкуниҳо, садамаҳои нохуши нақлиётӣ, коҳиш додани ҳолатҳои фавтидану осеббардории шаҳрвандон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани маданияти ронандагон дар роҳҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода бояд бурд.

www.president.tj

1269704_532277566842434_1131444405_o