Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистону Россия барои тасдиқ пешниҳод гардид

№116 (3101) 19.09.2013

Рӯзи 18 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар бораи мақом ва шартҳои будубоши Пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.

Бояд зикр кард, ки дар асоси мувофиқаи пешакии ҷонибҳо ҷиҳати дар маҷмуъ баррасӣ намудани масъалаҳо қаблан аз ҷониби Президент барои тасдиқ ба Парлумон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Москва 8 феврали соли 2013 ба имзо расидааст, пешниҳод гардида буд.

Ҳамчунин бо қарори Ҳукумат аз 2 майи соли 2013 таҳти №199 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, тасдиқ гардид.

www.president.tj