Идомаи сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

№116 (3101) 19.09.2013

Ифтитоҳи ду бинои иловагӣ дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд

16 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои иловагии таваллудхонаи вилоятӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни боздид аз шароити наву замонавии ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави он бо харҷи зиёда аз 54 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо навтарин таҷҳизоти ҷаҳонии замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар бинои якум, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, таваллудхонаҳо ва утоқҳои табобатии модарону кӯдакони навзод ҷойгир шудаанд. Ҳамаи утоқҳо бо таҷҳизоти гаронарзиш муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо мутахассисони ботаҷрибаи сатҳи баланд ба кор ҷалб шудаанд.

Бинои дуюм маркази ташхисӣ буда, бо тамографи магнитӣ-резонансии компютерӣ, мамограф, рентгени рақамӣ, эндоскоп ва дигар таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Ин ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши муосир, ҷамъ қариб 70 номгуй ва ду мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо харҷи қариб даҳ  миллион доллари амрикоӣ аз ширкати олмонии «Сименс»харидорӣ ва дастрасу насб карда шудаанд. Нархи танҳо як мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо таҷҳизоташ 200 ҳазор доллари амрикоӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои кор бо ин таҷҳизот ва истифодаю нигоҳубини дурусти онҳо кадрҳои муносиб бояд омода карда шаванд, то ки ин дастгоҳҳои гаронарзиш солҳои зиёд хизмат карда, кори табибон ва мушкилоти ниёзмандонро саҳл гардонанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои пешинаи таваллудхона ҳам бо харҷи қариб 3,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ мавриди тармим ва навсозии куллӣ қарор гирифтааст. Дар ин муассисаи тиббии вилоятӣ 350 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар доираи тадбирҳои навсозӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии вилоят дар ин ҷо ҳамчунин корҳои ободонии дохил ва атрофи беморхона, тоза намудани ҳуҷраҳои табобатию корӣ иҷро шудааст.

 

 Бинои сеошёнаи иловагиро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 13-уми ноҳияи      Бобоҷон Ғафуров ба истифода доданд

Рӯзи 16 сентябри соли 2013 дар деҳоти «Ҳайдар Усмонов»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 бинои сеошёнаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 24 синфхона буда, барои 1450 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Тавре зикр гардид, дар баробари сохтмони бинои нав иншооти пешинаи мактаб ҳам мавриди навсозӣ қарор гирифт ва ҳамин тавр, дар маҷмуъ дар ин муассисаи таълимӣ барои 3700 нафар хонанда дар ду баст шароит муҳайё гардид.

Сохтмони бинои навбунёди мактаб моҳи феврали соли 2012 оғоз ёфта, бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ то имрӯз барои баҳрабардорӣ омода гардидааст.

Бинои нави иловагии мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад. Синфҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳаз аст. Тавре зикр гардид, чунин шароитро то солҳои наздик ҳатто факултетҳои забономӯзии мактабҳои олии ҷумҳурӣ надоштанд.

Мактаб дорои толори барҳавои маҷлисӣ, ошхонаи зебо, толори бузурги варзишӣ ва майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол ва дигар бозиҳо мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин мактаб муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, омӯзгорон ва падару модарони хонандагонро ба истифодаи босамар аз ин неъматҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваҳдату дӯстии мардуми кишвар ҳидоят намуд.

 

 Мактаб дар маҳаллаи нави шаҳри Хуҷанд

Иншооти сеюм, ки дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 16 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи нав барои 1000 нафар хонанда дар ду баст мебошад.

Чунонки зикр гардид, маҳаллаи нав дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд соли 2003 бунёд ёфта буд ва то ин вақт мактаб надошт. Аз ин хотир, дар ин ҷо бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ мактаби нави замонавӣ бо 16 синфхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯй бунёд карда шуд.

Акнун шодию нишоти сокинони ин маҳалларо ҳадду канор нест, зеро то ин вақт фарзандони онҳо ба мактабҳои дур аз макони зисти худ ба дарс мерафтанд. Ғайр аз ин, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи таълимӣ мушкили норасойии мактабҳо дар шаҳри Хуҷанд пурра бартараф гардид.

Дар ин мактаб шароити зарурӣ барои дарсҳои омӯзиши асосҳои кор бо компютер, забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои лабораторӣ барои фанҳои дақиқ, ба мисли физика, кимиё, биология ва ҳамчунин толорҳо барои дарсҳои рақс, сурудхонӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ, толори маҷлисӣ бо 120 ҷойи нишаст ва ошхонаи барҳаво бо 100 ҷойи нишаст дар сатҳи баланд омода гардидааст.

Ба дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ низ дар ин ҷо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Мактаб ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ ва майдони варзишии калон аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактаби замонавиро ба сокинони маҳаллаи нав ва кулли шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфта, омӯзгорон ва волидони мактаббачагонро ба таълиму тарбияи босифати насли оянда ҳидоят намуд.

 

Хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби мактаб шуданд

Бегоҳии рӯзи 16 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаби хонандагони болаёқат ва варзишгоҳи дорои ҳафт ҳазор ҷойи нишаст иштирок намуд.

Дар деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст мактаби хонандагони болаёқат, ки барои 640 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои мактаб аз се ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфҳои компютерӣ, ташхисгоҳ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад. Сохтмони иншоот соли 2012 оғоз ёфта, то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ ба поён расонида шуд.

Тавре зикр гардид, ба ин мактаб то 150 нафар хонандагони болаёқат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд.

Мактаб аз бинои иншооти гуногун ва утоқу толорҳои зиёд иборат буда, дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи сатҳи баланди хонандагон мебошад. Толори маҷлисии мактаб тавре бунёд ёфтааст, ки дар он метавонанд баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро низ ба роҳ монанд.

Мактаб дорои толори калони варзишӣ ва ҳам майдонҳои васеъ барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мебошад.

Таҳхонаи мактаб низ босамар истифода мегардад, зеро дар он ду коргоҳи дарсҳои дӯзандагӣ барои духтарон ва ошхона ҷойгир шудаанд. Ошхонаи мактабӣ, бо дарназардошти таъмини шароити матлуби санитарию гигиенӣ бунёд ёфта, дорои дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва толори барҳаво мебошад.

Хобгоҳи мактаб, ки бинои боҳашамати дуошёна мебошад, дорои 32 утоқи муҷаҳҳази хоб, утоқу толорҳои дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат буда, барои 280 нафар пешбинӣ гардидааст.

Варзишгоҳи нав

16 сентябри соли 2013 дар деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин варзишгоҳи бошукӯҳи дорои ҳафт ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, сохтмони ин варзишгоҳи бошукӯҳ соли 2011 оғоз ёфта, дар майдони шаш гектар соли 2011 бо харҷи беш аз ҳашт миллион сомонӣ дар давоми ду сол барои баҳрабардорӣ омода гардид.

Корти тенниси варзишгоҳ мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ бунёд ёфта, метавонад боиси рушди ин намуди варзиш дар ин деҳот гардад.

Варзишгоҳ дорои ҳавзи болопӯшидаи шиноварии стандартӣ ва майдонча барои волейбол, баскетбол, машқҳои гимнастикӣ ва дигар бозиҳо мебошад.

www.president.tj