Чанде пеш ҳайати хабарнигорони расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба кишвар омаданд. Мо бо яке аз меҳмонон — хабарнигори рӯзномаи «Халқ сӯзи» («Сухани мардум») Шоим Бутаев мусоҳиб шудем.
- Таассуротатон аз сафар чӣ гуна аст?
- Боиси хушнудист, ки бо саъю талоши роҳбарони ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя сарҳадҳо боз гашта, робитаҳои фарҳангию иқтисодӣ густариш ёфтанд. Мо гурӯҳи 13- нафараи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон чанд рӯз аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорем. Моро дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Душанбею Ҳисор гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Зимни сафар бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки муштаракоти зиёд дорем. Дар даврони истиқлолият дар ин ҷумҳурии ба мо бародар иншооти зиёди хуштарҳу гулгашту хиёбон ва роҳҳои замонавӣ сохта шудаанд.
Дар доираи сафар аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Мамнӯъгоҳи таърихӣ – кишваршиносии «Қалъаи Ҳисор», боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дидан кардем. Мулоқот дар Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон хеле хотирмон буд. Хушҳолам, ки баъди чандин сол бо дӯстону ҳамкасбони тоҷикистониам вохӯрдам.
- Мехостем каме дар бораи фаъолият дар рӯзномаи «Халқ сӯзи» ба хонандагон маълумот диҳед.
- Муассиси рӯзнома Палатаи қонунбарори Олий Мажлис (Маҷлиси Олӣ)- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Он аз 1 январи соли 1991 ҳафтае 5 маротиба, бо теъдоди 78000 нусха чоп мешавад. Ҳамчунин, ба забони русӣ рӯзномаи «Народное слово» ба табъ мерасад, ки теъдоди нашри он 19000 нусхаро ташкил медиҳад. Рӯзномаи мо бо ҳуруфи кириллӣ ва лотинӣ ба табъ мерасад. Ҳамчунин, дар интернет саҳифаи онлайни рӯзнома ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ фаъол аст. Дар ҳар вилоят мухбирони махсус фаъолият мекунанд.
- Муҳтавои рӯзномаро кадом мавзӯъҳо ташкил медиҳанд?
- Матолиби рӯзнома асосан сиёсат, санадҳо, яъне фармону қарорҳои Президент, қонуну асноди дар парлумон қабулшуда, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мавзӯъҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва воқеаҳои муҳимтарини дунёро дар бар мегирад. Ҳамчунин, бо мақсади рушди туризм рубрикаи доимии «Welcom to Uzbekistan» (Хуш омадед, ба Ӯзбекистон) мавҷуд аст, ки иқтидори туристии кишварро муаррифӣ мекунад.
Дар рӯзнома зери рубрикаҳои «Депутат фикри», «Сенатор мушоҳадаси», «Халқ билан мулоқот» андешаҳои депутатҳо дар хусуси мавзӯъҳои доғи рӯз, баррасии мушоҳидаи сенатор, натиҷаи вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва ғайра ба табъ мерасанд. 27 июни соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Дастури «Ҷавонон — ояндаи мо» қабул шуд. Зери ин рубрика мақолаҳои зиёде, аз қабили «Ба тақдири ҷавонон бефарқ набояд буд», «Мактабҳо ба соли нави таҳсил тайёранд?», «Ватан- муқаддас, ҳимоя кардани он қарз аст» чоп шуданд. Илова бар ин, ҷараёни амалисозии Дастури «Деҳаи обод» низ зуд- зуд дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос меёбад. Мақолаҳои танқидӣ низ зиёд ба табъ мерасанд, зеро рисолати мо расонидани ҳақиқат ба ҷомеа аст.
- Дар хусуси робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ мақолаҳо чоп мешаванд?
- Баъди эҳё шудани робита бо кишварҳои ҳамсоя аз ҳама пеш дар бораи муносиботи фарҳангию иқтисодӣ бо Тоҷикистон мақола ба табъ расид. Сипас, чунин мақолаҳо доир ба дигар кишварҳои ҳамсоя таҳия шуданд. Дар зарфи се рӯзе, ки дар Тоҷикистон ҳастем, аллакай ду гузориш чоп шуд. Ҳамчунин, хотираҳои раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим, сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманнонзода аз сафарашон ба Ӯзбекистон чанде пеш зери унвони «Дӯстии аз имтиҳони асрҳо гузашта» ба табъ расид. Ин силсила оянда низ идома хоҳад ёфт.
- Шароити кории кормандони рӯзнома чӣ гуна аст?
- Идораи рӯзнома дар маркази шаҳри Тошканд ҷой гирифтааст. Ходимони рӯзнома бо нақлиёт таъминанд. Мо китобхонаи худро дорем, ки хеле ғанӣ аст. Рӯзноманигорони ҷавон хеле зиёд ба хотири таҷрибаомӯзӣ ба идораи мо меоянд. Он ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил ёфтааст. Рӯзномаи «Халқ сӯзи» ранга чоп шуда, ғайр аз обуна тариқи дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ низ паҳн мешавад.
Ният дорем, ки оянда робитаро бо ҳамкасбони ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон низ ба роҳ монда, аз таҷрибаи ҳамдигар омӯзем, барои таҳияи мақолаҳо ҳамкорӣ намоем.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «Садои мардум». Суратгир Н. АЛИЕВ