Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Имомназар Х. Л.

№98 (3892) 14.08.2018

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 4 ва 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Имомназар Хоҷаназар Лутфулло  узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 560