Тоҷику ӯзбек

№99 (3893) 16.08.2018

Чун гӯшту нохун, пайванду наздик,

Бо ҷону бо хун ӯзбеку тоҷик.

Ҳамсояву хеш, ҳамдину ҳамкеш,

Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик.

 

Чун шоху барги сарсабзи як гул,

Дар як либосу расму таомул.

Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик,

Омехта бо ҳам монанди маҳлул.

 

Бобост тоҷик, бибист ӯзбек,

Бобост ӯзбек, бибист тоҷик.

Оре, ки ӯзбек бошад Навоӣ,

Сад дарсад, аммо Фонист тоҷик.

 

З – он обу хоке ҳар ду сиришта,

Покизаву пок мисли фаришта.

Мирзо Улуғбек олими ҳардуст,

Баҳри ду миллат Айнӣ навишта.

 

Чун дӯстии Ҷомӣ, Навоӣ,

Поку муаттар обу ҳавое.

Як об нӯшанд, як ҷома пӯшанд,

Рақсанду бозанд бо як навое.

 

Тоҷику ӯзбек – ошиқу маъшуқ,

Чун дастаҳои ганҷина сандуқ.

Дар шодию ғам, дар суру мотам,

Мӯнису ғамхор, бар ҳам тасаддуқ.

 

Пайванд бо ҳам он гуна гашта,

Бо риштаҳои нозуку борик.

Гоҳо ба ҳайрат пурсанд аз ҳам:

- Мебахшӣ, ҷӯра, ӯзбекӣ, тоҷик?

 

Чун гӯшту нохун пайванду наздик,

Бо ҷону бо хун ӯзбеку тоҷик.

Халқе дигар нест ин гуна ҳамдил,

Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик!

Мирзо РУСТАМЗОДА