Диловари Мирзо солҳост, ки дар майдони адабиёт заҳмат мекашад. Ӯ ҳам шоир асту ҳам нависанда. Шеър ва ҳикояву қиссаҳояш дар китобҳои «Вопасин набард», «Заринёле баъди падар», «Борон изҳоро мешӯяд…», «Мусаввараи нотамом», «Борон доғҳоро мешӯяд…», «Афсонаҳои қисмат», «Қандил», «Хунёгар», «Алихуши Найистонӣ»… гирд омадаанд. Нависанда кӯшидааст зиндагии мардуми одӣ, шахсиятҳои маъруфу машҳур, ғаму шодӣ ва ормони инсониву миллии онҳоро ба риштаи тасвир кашад. Ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, фоҷиаву муборизаҳои гоҳе хушунатбору гоҳе созанда низ чун хати сурх дар маркази ҳикояву қиссаҳои ӯ ба чашм мерасанд.
Романи «Алихуши Найистонӣ»-и нависанда, ки ба рӯзгори ибратбахш, вале фоҷиабори нависанда, шоир ва рӯзноманигори машҳур Алӣ Хуш бахшида шудааст, ҷолиб мебошад. Ҳодисаву воқеаҳои роман дар Қаротегин, Сталинобод (шаҳри Душанбе) ва Самарқанд дар се даҳсолаи аввали асри ХХ мегузаранд.
Рӯзгори нобасомон, истибдод, зулм, талаву тороҷ дар Қаротегин ҳукмрон аст. Ҷавонмардон пайи дарёфти ризқу рӯзӣ ба муздурӣ мераванд. Онҳо бо баҳои ҷону саломатӣ дар сарзаминҳои бегона мардикорӣ мекунанд. Ягона ноноварони хона ҳастанд, чашми умеди аҳли байт ба онҳост. Ин воқеияти талхи зиндагии он замонро нависанда дар симои Хушмуҳаммад тасвир намудааст. Вақте ӯ аз муздурӣ бармегардад, хонаашонро холиву вайрона меёбад. Падару модараш дар набудани ӯ яке паси дигар аз олам мегузаранд. Болои ин мусибат муллоимом ва арбоби деҳа даъво мекунанд, ки волидонашро гӯручӯб кардаанду хароҷоташонро баргардонад. Пулу моли аз муздурӣ овардаашро кашида мегиранд ва ӯро бераҳмона ба ҳукми тақдир ҳавола мекунанд. Ин қисмати романи «Алихуши Найистонӣ» саргузашти қаҳрамони асари устод Садриддин Айнӣ «Одина»-ро ба ёд меорад, ки ба чунин тақдир гирифтор шуда буд.
Диловари Мирзо дар асар урфу одат ва суннатҳои мардуми кӯҳистонро хеле хуб инъикос менамояд. Дасти ҳамдигарро гирифтан, дар ғаму шодии якдигар шарик шудани одамони одиву заҳматкашро дар симои бобои Раҳим, Давлатёри паҳлавон воқеъбинона тасвир месозад. Сокинони кӯҳистон мекӯшанд бо баҳонае суреву ҷашне ороянд ва дилҳои хаставу ғамгинашонро шод гардонанд. Аммо ҳокимон аксар вақт шодии дили онҳоро ба мотам табдил медиҳанд. Ин гуна ҳодисаро нависанда ҳангоми фарзанддор шудани Давлатёри паҳлавон ва ҳамроҳи ҳамдеҳагон маърака оростану бо ташрифи фарзандони ҳокиму меҳмонони бадахлоқаш бо фоҷиа анҷом ёфтани онро нишон медиҳад: «Каме маъракаро тамошо карданду баъд байни қӯр даромаданд. Дар даст тозиёна доштанд. Нафаре хам шуда, аз почаи буз, ки дар китфи ҷавонмарде буд, қапиду тарафи худ кашид. Лаҷоми аспро сар дода, ба сағриаш тозиёна зад… Чанд нафар таги пои аспҳои ҷавмаст монд. Нафаре аз ҷавонҳои боғайрат лаҷоми аспро дошту дуюмӣ аз дасти савора бузро кашида гирифт. Савор бо тозиёна ба сари ҷавон зад. Аз пешонаи кафидаи ӯ хун шорид. Дигар касе маътал нашуд. Ҷавонони аз оқибати кор бехабар ба меҳмонони нохонда дарафтоданд…
Рӯзи дигар ба деҳа дастаи сарбозони ҳоким омада, мардумро назди масҷиди деҳа ҷамъ карда, маҷлис оростанд. Арбоб гуноҳро ба гардани Давлатёр зад. Давлатёри паҳлавон ва панҷ ҷавони бақуввати деҳаро ҷудо карда, ба навбат қамчин заданд ва аз сокинони деҳа товон ситонда, дастҳои паҳлавон ва он ҷавонони ҷабрдидаро ба пушт баста, ба Ғарм бурданд. Дигар аз онҳо дарак нашуд».
Дар баробари ҳокимону арбобони золим дар кӯҳистон сарватмандони инсондӯсту хайрхоҳ низ буданд. Абдукаримбой яке аз онҳост, ки кори ҳалол, дили поку беғаши Хушмуҳаммади пойлучро дида, духтараш Шарифамоҳро ба ӯ медиҳад.
Покиву иффат, меҳрубониву вафодорӣ хоси занони тоҷик аст. Ин хислатҳо дар шахси Шарифамоҳ ҷамъ омадааст. Ӯ на танҳо зани меҳрубону вафодор аст, балки соҳиби дониш ва ақлу заковати хос мебошад. Зани Ҳофизу Бедилдон ва забонвару қиссагӯст. Нависанда тавонистааст, ки дар симои Шарифамоҳ образи занони босабру матинирода ва оқилаву фарзонаи кӯҳистонро офарад, заноне, ки Алӣ Хуш барин фарзанди бузургро ба дунё меоранд.
Романи «Алихуши Найистонӣ» асари таърихист. Ҳамон тавре ки ёдрас шудем, он рӯзгори мардуми кӯҳистони Қаротегинро дар се даҳсолаи аввали асри бист фаро мегирад. Рӯзноманигор ва адиби машҳур Алӣ Хуш қаҳрамони асосии асар аст. Вай соҳиби ҳуш ва заковати баланд буда, аз дигар ҳамсолон фарқ дорад. Дониш ва маҳорати ӯро ба инобат гирифта, дар синни 12 котиби ҷамоат ва баъди чанд сол котиби Кумитаи инқилобии тумани Нусратобод таъин мекунанд. Сипас, Алӣ Хуш Мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Самарқандро хатм карда, дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба кор медарояд. Вай ба ғояҳои Ҳукумати Шӯравӣ содиқ аст, ба муқобили онҳое, ки бедодгарӣ мекунанд, аз мансаб ва мавқеи иҷтимоияшон истифода мекунанд, муборизаи беамон мебарад.
Нависанда дар асар симоҳои бузурги адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзодаро низ офаридааст. Алӣ Хуш шогирди бевоситаи устод Садриддин Айнӣ буда, бо раҳнамоии он кас кору эҷод мекунад. Садриддин Айнӣ дар оянда дар симои Алӣ Хуш шахсияти дурахшони адабиёти муосирро мебинад. Деҳотӣ бошад, шарикдарси ӯ буда, бо Турсунзода риштаи дӯстӣ дорад.
Солҳои сиюми асри гузашта, хусусан соли сиву ҳафти он даврони пурфоҷиа аст. Ин қисмати зиндагии он рӯзгорро дар романи «Алихуши Найистонӣ» нависанда басо таъсирбахш тасвир намудааст. Хусусан дар муколамаи мӯсафеди солҳо дардманду бистарӣ ва ҳамсари пираш, ки ӯро нигоҳубин мекунад, воқеияти он даврон дар пеши назари хонанда ҷилвагар мешавад.
Ин ҳамон мӯсафедест, ки замоне раис буду Алӣ Хуш ва бегуноҳони дигарро туҳмат карда, аз байн бардоштааст. Ҳатто шавҳари аввалаи ҳамсарашро нобуд намуда, ӯро маҷбуран ба занӣ гирифтааст. Кампир ба ӯ рӯи хуш намедиҳад, ҳар замон бо неши забон заҳр мезанад, хиёнатҳои шавҳарашро ба ӯ гӯшзад мекунад, вале мӯсафеди бистариашро парасторӣ менамояд.
- Занак, ҳо зана-аа-ак… Омад…
- Талхакафам кардӣ, — чашмони хоболудашро бо пушти даст молида гуфт кампир. – Кӣ омад?…
- Алӣ омад!, – фарёд зад пиракӣ. – Ҳамроҳи ду-се нафар. Шарикҳои ӯро нашинохтам. Корду камон доштанд. Худо кӯрам кунад, агар дурӯғ бигӯям.
- Раҳматии Алӣ корду камон надошт, қалам дошту варақи сафед…».
Мӯсафедро бадрафториву хиёнатҳояш азоб медиҳанд. Ӯро хоб рафтан намегузоранд, азоби виҷдон мекашад, вале худкардаро давое нест. Ин гуна раисони золим дар даҳсолаҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ зиёд буданд.
Алӣ Хуш дар зиндон бо Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Баҳриддин Азизӣ, Рашид Абдулло, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Раҳим Ҳошим барин номварони адабиёти тоҷик шинос мешавад. Дар тасвири нависанда қомати нур мешиканад, ҳар касе бедор аст, дар дилаш чароғи илму маърифат фурӯзон гаштааст душмани халқу ватан эълон мешаванд, ҷисман аз байн мераванд. Аммо бо марги Сталин онҳоро сафед мекунанд, мефаҳманд, ки мардони бегуноҳро қурбон кардаанд.
Дар маҷмӯъ, романи «Алихуши Найистонӣ»-и Диловари Мирзо даврони то Инқилоби Октябр ва баъд аз онро дар Қаротегину шаҳри Душанбе бозгӯйӣ мекунад. Муҳимтар аз ҳама, хушбинии нависанда дар эҷоди роман нисбат ба Давлати Шӯравӣ эҳсос мегардад ва худ низ мисли Алӣ Хуш ба он эҳтиром дорад.
ВОРИС, «Садои мардум»