Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон чанде пеш дар шаҳри Турсунзода дар мавзӯи «Татбиқи асосҳои иқтисоди сабз» семинар доир гардид.
Директори Маркази захиравии «Орхус» Сулҳия Содиқова иброз дошт, ки аз 9 июни соли 2001 Тоҷикистон ба Конвенсияи Орхус шомил шудааст. Он барои пурқувват кардани мақоми намояндагони аҳли ҷомеа ва ташкилоти экологӣ дар раванди муҳофизат ва беҳтар кардани муҳити зист барои наслҳои оянда равона гардидааст. Яке аз ҳадафҳои он таъмини намояндагони аҳли ҷомеа ба маълумоти экологии дар ихтиёри мақомоти давлатӣ мавҷудбуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи ошкорбаёнӣ мебошад.
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Мурод Раҳмонзода дар бораи вазъияти иқтисодӣ ва экологии шаҳр маълумот дода, зикр намуд, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» баҳри назорати доимии вазъи муҳити атроф корҳои зиёдро анҷом медиҳад. Муайян шудааст, ки дар давоми сол 50 фоизи самти ҳаракати шамол дар ҳудуди корхонаи мазкур ба ҷониби шарқ, яъне ба ҷониби Тоҷикистон мебошад. Дар сурати аз 1 то 3 метр дар як сонияро ташкил додани суръати шамол моддаҳои олудакунанда асосан дар мамлакат паҳн шуда, то ба марзи ҷумҳурии ҳамсоя намерасанд.
- Партовҳои сахти маишӣ асосан аз ҳисоби аҳолӣ, дӯкону мағоза, бозорҳо, корхонаю муассисаҳо, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, рӯбучин ҳосил мешаванд, — гуфт М. Раҳмонзода. — Тамоми партов ба воситаи нақлиёт, ба партовгоҳи асосии шаҳр — деҳаи Қуруқсойи деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмонов, ки масоҳати умумии он 11, 62 гектарро ташкил медиҳад, интиқол дода мешавад. Мақомоти масъул партовҳоро ҳар моҳ хокпӯш намуда, бо маҳлули хлор безарар мегардонад.
Ҳаҷми солонаи партовҳои маишии шаҳри Турсунзода 35000 метри кубиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ду гектари ин партовгоҳи 40- сола барои бунёди боғ замина тайёр карда шудааст. Алҳол барои кашонидани партов 7 нақлиёти боркаши гидравликии худборкунанда дастрас гардидааст ва дар маҳаллаҳои шаҳр барои партофтани партов 450 қуттии оҳанӣ гузошта шудааст.
Сардори Маркази Орхуси шаҳри Турсунзода Азимҷон Раҳмонзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои об дар равандҳои интегратсионии байналмилалии Осиёи Марказӣ ҷалб намуд. Номбурда аз таҷрибаи хуби ҳамкории се ниҳод баҳри тозагии дарёи Қаратоғ мисол оварда, гуфт, ки солҳои пеш сокинони як қатор деҳаҳои назди соҳил рӯдро ба партовгоҳ табдил дода буданд. Дар натиҷаи фаъолияти муштараки шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, Шабакаи телевизиони шаҳрии «Регар» ва прокуратураи шаҳр ба ин амали ноҷо хотима дода шуд. Танҳо дар се рӯзи рейди муштарак нисбат ба 48 ифлоскунандаи об протокол тартиб дода шуд. Бинобар ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ, ҷалби омӯзгорону ходимони дин, тақсими дастуру роҳнамоҳо ҳодисаҳои ба дарёи Қаротоғ партофтани партовҳои маишӣ хеле кам гардид. Ин таҷрибаи самарабахш барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ намунаи ибрат аст.
Аксар сокинони деҳот дар гӯшаи ҳавлӣ чоҳи махсус доранд, ки партовҳои биологӣ, аз қабили поруи ҳайвонот, хазон, пасмондаи растаниҳоро дар он хокпӯш мекунанд. Пас аз 6 — 7 моҳи хокпӯш шудан партов ба нурии органикӣ табдил меёбад ва истифодаи он дар обчакорӣ боиси фаровонҳосилӣ мегардад. Ривоҷу равнақ додани тайёркунии компост талабот ба нуриҳои минералиро, ки асосан аз хориҷа оварда мешавад, кам мекунад. Ин як бахши «Иқтисоди сабз» аст. Имрӯз кишоварзии органикӣ дар мамолики пешрафта бештар мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Зеро аксарият дарк намудаанд, ки ҳаёт бо «Иқтисоди сабз» зебову бехатар аст.
Дар хотима Сулҳия Содиқова иброз намуд, ки чорабинии зикршуда ва ба он монанд бо кормандони ВАО минбаъд дар ҳама минтақаи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, то ба аҳолӣ вобаста ба мавзӯи муҳим бештар иттилоот пешниҳод шавад.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»