Ташкилоти террористӣ — экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) то ҳанӯз аз ақидаи ифротгароёна ва усули муборизаи зӯроварона даст накашидааст. Исботи амалии ин гуфтаҳо содир гардидани амалиёти террористии 29 июли соли 2018 аст, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ин ташкилот дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Гурӯҳи террористони марбут ба ТТЭ ҲНИ бо зоҳир кардани бераҳмии ба наҳзатиҳо хос ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда, онҳоро ба қатл расонданд. Ин амали нангин ба ҷиноятҳои сангини солҳои навадуми асри гузашта содиркардаи наҳзатиҳо, ки мухолифон ва хориҷиҳоро мавриди ҳадаф қарор медоданд, бисёр шабоҳат дорад.
Ин ҳодисаи мудҳиш ва фоҷиабор бевосита бар зидди манфиатҳои давлату миллат равона гардида, барои ноором сохтани вазъият, вайрон кардани қонуният, даҳшат барангехтан дар ҷомеа анҷом дода шудааст. Махсусан, имсол, ки аз тарафи Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, сар задани чунин ҳодисаҳо бевосита зарба ба пайкараи идеологияи миллӣ ва монеа ба пешрафти кишвар мебошад.
Бояд қайд кард, ки ин ҷиноят тасодуфӣ набуда, маҳз аз тарафи душманони миллат – ҳизби фирории наҳзатӣ тарҳрезӣ шудааст. Даст доштани наҳзатиҳо ва пуштибонҳои хориҷиашон дар амали террористии мазкур бо далелҳои раднопазир исбот гардидааст.
Мутаассифона, баъзе коршиносони хориҷӣ бо ҳадафҳои муғризона ба ин ҳодиса назар карда, бе таҳлили мунсифона онро инъикос кардаанд. Дар ҳоле ки аз вазъияти воқеии кишвар дуруст огоҳ ҳам нестанд ва ба даъвоҳои пешоварда ягон асос надоранд.
Баъди дар матбуот чоп шудани мақолаи «Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд», ки бар далелҳои аниқ асос ёфтааст, ошкор гардид, ки масъулони наҳзатӣ кайҳо боз ин амали ваҳшиёнаашонро тарҳрезӣ мекардаанд ва фурсати муносиб меҷустанд.
Хуб дар хотир дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо хатарҳои исломи сиёсӣ, ифротгаройӣ ва терроризми динӣ, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ мегардиданд, дучор шуд. Он замон дастандаркорони Ҳизби наҳзати исломӣ бадтарину сангинтарин ҷиноятҳоро содир карданд, сохти конститутсиониро аз байн бурданд, иқтисоду хоҷагии халқро хароб карданд ва оқибат оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар аланга доданд, ки боиси марги беш аз 150 ҳазор ва овораю сарсонии садҳо ҳазор аҳолии Тоҷикистон шуд.
Дар баробари ин, солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо ҷиноятҳои он замон барои кишвар наву даҳшатнок — терроризм, экстремизм, қочоқ ва хариду фурӯши силоҳу маводи нашъадор, савдои одамон, гаравгонгириро ривоҷ доданд. Онҳо мехостанд бо роҳи зӯрӣ ва тарсафканӣ мардуми озоду огоҳро мутеъ ва ғулом созанд ва ҳокимияти сиёсиро бо зӯрӣ ғасб карда, сохти давлатдориро ба манфиат тағйир диҳанд. То ташкил ёфтани ТТЭ ҲНИ дар ҷомеаи Тоҷикистон оромию осудагӣ ҳукмфармо буд ва мардум ҳатто аз мавҷудияти ҷиноятҳои дар боло номбаршуда хабар надошт.
Разилию палидии наҳзатиҳо ва вобастагиашон аз доираҳои манфиатдор ва душманони хориҷӣ то дараҷаест, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва афв гардиданашон низ аз роҳи қаблии мубориза, яъне зӯроварию террор, даст накашиданд. Онҳо оқибат моҳи сентябри соли 2015 ба сангинтарин ҷинояту хиёнат – ошӯби низомӣ даст заданд ва чеҳраи аслии худро нишон доданд. Хушбахтона, мақомоти марбутаи давлатӣ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар тавонистанд, ки дар кутоҳтарин фурсат пеши роҳи табаддулотро гиранд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҷамъ омадааст ва барои пешрафту ободӣ заҳмат мекашад. Сохторҳои қудратии кишвар то андозае тавоноянд, ки ҳамеша амнияти Ватанро таъмин карда метавонанд. Ягон имконияти паҳн гардидану тақвият ёфтани падидаҳои номатлуб ва ақидаҳои наҳзатӣ дигар мавҷуд нест. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои сохти демократию дунявӣ ва пешсафи мубориза бо терроризму ифротгаройӣ шинохта шудааст.
Дигар аз дасти як тӯда фирории ТТЭ ҲНИ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ва мардуми Тоҷикистон гурехта, дар Аврупо панаҳ бурдаанд, коре намеояд.
Акнун фаъолияти онҳо танҳо аз иғвогарию буҳтон задан ба Давлату Ҳукумати Тоҷикистон иборат хоҳад буд. Наҳзатиҳо аз ҳар фурсату имконият истифода бурда, мехоҳанд кишварро сиёҳ кунанд. Маълум аст, ки ҳамаи ин амалҳои наҳзатиҳо аслан барои нигоҳ доштани имкониятҳои моддию молӣ дар Аврупо ва бештар ба даст овардани пулҳои муфт аз хоҷагони хориҷӣ анҷом дода мешаванд. Ҳоло идома ёфтани фаъолияти ташкилоти мазкури террористӣ, ки дар Тоҷикистон дигар пайраву такягоҳе надорад ва заифу нотавон гардидааст, дигар бемаънист.
ТТЭ ҲНИ ҳамчун неруи аҳримании харобкор дар кишвар ва арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст ва аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ ба сифати ташкилоти террористию ифротӣ эътироф гардидааст. Бинобар ин, тамоми тоҷикистониҳо ва мардуми солимфикр ТТЭ ҲНИ-ро, ки имрӯз бо террору даҳшатафканӣ мехоҳад оромию осудагии кишварро халалдор созад, маҳкум мекунанд.
Ёралӣ НАБИЕВ, рӯзноманигор