Сафари кории Пешвои миллат ба Туркманистон

№104 (3898) 25.08.2018

44189636062_12328f9093_o24 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркманистон сафари корӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

24 августи соли 2018 дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Дар он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ, асосҳои шартномавию ҳуқуқии хазина баррасӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ, донорҳо, ба хотири ҳалли мушкилоти минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо аз раванди муколамаи доимии сатҳи олӣ ва муносибатҳои ду кишвар, ки ба таври назаррас рушд меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, бахши кишоварзию саноат, тиҷоратию иқтисодӣ, алоқаи ҳавоӣ, рушди равобити илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардиданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда низ тақвият меёбанд.

www.president.tj