Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат барҳақ қайд намуданд: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеъҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».
Мардуми деҳоти Ванҷи боло ва Язгулом гиёҳҳои шифобахшро аз домони пиряхҳои Федченкову Хирсон, Кашолаях, соҳилҳои дарёҳои Ванҷобу Язгуломоб ва марғзорҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Дар вусъат ёфтани ин раванд бонуи ташаббускор ва меҳнатдӯст шодравон Васила Ғафурова саҳми муносиб гузошта буд. Писари Васила — апа Зумратшоҳ Нуриддинов, ки ҳоло дар вазифаи мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ванҷ фаъолият дорад, нақл мекунад, ки «модарам бист сол муқаддам даҳ нафар бонуи русторо гирд оварда, ғураи ангату гулхор ва меваи чормағзро ҷамъоварӣ ва равғанашонро тайёр мекарданд. Падарам Нуриддин, фарзандон ва хешу табор ба ӯ кумак мерасонидем».
Ин зани ташаббускор се сол муқаддам бо дастгирии Пешвои миллат корхонаи истеҳсоли равғани ангат,чормағз ва нӯшобаҳои дорувориро аз рустанӣ ва гиёҳҳои шифобахш созмон дод. Боиси сарфарозиаш шуд, ки дар расми баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд. Пешвои миллат ба бонуи ташаббукор Васила Ғафурова ва соҳибкори муваффақ Муфарраҳ Муҳаббатов ҷиҳати бунёди маҷмааи истироҳатӣ барои ҷаҳонгардон ва коргоҳи истеҳсолӣ дар деҳаҳои Ғуҷоваст ва Вишхарвак изҳори миннатдорӣ намуданд.
Чанд сол аст, ки маҳсулоти дорувории аз беҳтарин навъҳои чормағзу гиёҳҳо тайёркардаи ин корхона дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлобу Бохтар, Хуҷанд, Москва, Санкт — Петербург ва дигар ҷойҳо бо нархи арзон ба фурӯш бароварда мешавад. Дар Ванҷ ва дигар ноҳияҳои вилоят низ кору амали неки Васила Ғафуроваро дигар бонувони бадахшонӣ идома дода истодаанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор