Ахиран Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мақолае таҳти унвони «КДАМ ва даъвои беасоси он» аз ниҳодҳои маҳаллии Кумитаи амнияти миллии кишвар изҳори норизоятӣ кардааст, ки гӯё масъулини амниятӣ фаъолияти ҳизбашонро «шабу рӯз пайгирӣ намуда», ба ҷуз дунболагирии онҳо дигар коре надоранд. Ҳамчунин омадааст, ки ҳизби мазкур зиёда аз 40 сол арзи вуҷуд дорад ва тӯли фаъолияти худ мутобиқи қонунгузории кишвар шаффоф амал кардааст, яъне санҷишҳои ниҳодҳои амниятиро нисбати наҳзатиҳо «даъвои беасос» номидааст.
Албатта, кӣ «дӯғи худро турш гуфтааст?» — Хуб мебуд, агар на ҷониби ҲНИТ, балки нафаре ғайриҳизбӣ оид ба шаффофияти ҳизби мазкур сухан мегуфт. Дар мақола ҲНИТ аз даъватҳои аъзои худ ба мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳори нигаронӣ карда, матни даъватномаро «ишораи амромез» унвон кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки иҷрои вазифаи тамоми мақомот дар ҳама давру замон ба ҷо овардани рисолати хизматии он дар асоси принсипҳои муқарраргардидаи низоми ҳамон мақомот аст. Фикр мекунам, бо назардошти он ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ сохтори қудратӣ аст, табиист, ки даъватномаи он ҳам дар доираи принсипҳои ин мақомот, яъне махфияти масъалаи баррасишаванда ва бидуни таоруфоте мисли «муҳтарам», «лутфан» ва ғайра таҳия мешавад. Ё наҳзатиҳо мақомоти амниятро ниҳоди фарҳангӣ пиндошта, дар даъватнома хоҳишу таваллоро бо калимаҳои «оқо»-ю «ҷаноб» ва монанди инҳо мунтазиранд? Ҳама тасмимҳои КДАМ ҳамчун ниҳоди асосӣ ва масъули таъмини амнияти шахсият, ҷамъият ва давлат бояд қатъӣ ва фаврӣ амалишаванда бошанд, то суботи сартосарии давлату миллат, ки мо низ як ҷузъи ҷудонашавандаи ин ҷомеаем, таъмин бошад.
Аз ҷониби дигар, дар ин матн: «Шумо бояд санаи 07-уми сентябр, соати 1000 дақиқа ба қабулгоҳи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон…., бо масъалаи ба шумо тааллуқдошта ҳозир шавед», куҷо ишораи амромез дида мешавад? Матни мазкур як қолаби маъмулии даъватномаи мақомоти қудратӣ асту халос.
Агар ҳамин ҳам баҳона бошаду боиси интиқоди мақомоте гардад, вой бар ҳоли фарҳанги сиёсии он ҳизб. Чаро ба ҲНИТ, ки ҷаласаву суханрониҳои худро бо қироати сурае аз Қуръон ё «Бисмил-лоҳ», ки таҷассумгари принсипи исломӣ будани ин ҳизб аст, оғоз кардан раво будаасту риоя намудани принсипи даъват намудани мақомоти қудратӣ боиси ташвиши эшон шудааст?
Фаромӯш набояд кард, ки оромию субот, ҳамон ҷаласаву суханрониҳо бевосита натиҷаи заҳмати шабонарӯзии мақомоти амниятӣ мебошанд.
Маро аҷабам меояд. Тасаввур кунед, ки дар Россия ФСБ, дар Амрико ФБР ва СРУ, дар Британияи Кабир МИ-6, дар Олмон БНД, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой МГБ, дар Эрон Вазорати иттилоот, дар Ӯзбекистон СНБ ва ғайра ниҳодҳои махсуси дигар кишварҳои ҷаҳон нафаре аз шаҳрвандони кишварро даъват кунанду онҳо ба чунин иқдоме (дар маърази ом гузоштани даъватнома) даст зананд, ҳамон лаҳза бо ҷурми таҳдид ба ифшосозии иттилооти сиррӣ нисбаташ дигар тадобирро хоҳанд андешид. Вале наҳзатиҳои тоҷик, ҳанӯз бо ходимони амниятӣ ҳамсуҳбат нашуда, онҳоро гунаҳгор мекунанд, ки ин «ҷанобони баландмартаба»-ро ба наздашон мехонанд.
Аз тарафи дигар, агар ин мардум аз рафтанашон ба мақомот метарсанду ҳатто аз даъваташон дигаронро дар ҷараён гузоштанӣ ҳастанд, пас ба таъбири халқ «зерашон тар аст». Бигузор онҳо дар тамоми олам ҷор зананд, лекин фаъолияту корашон бояд мӯшикофона санҷида шавад.
Чаро наҳзатиҳо ин қадар зуд фаромӯш карданд, ки оилаи Давлатовҳо, сокинони деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ки занҷираи пайвасткунандаи ҲНИТ бо мулло Абдулло ва хориҷи ҷумҳурӣ буданд, онҳо аллакай ҳамҳизбҳои худ, аъзои дастаи террористии Алии Бедакӣ, Лоиқов Муртазобек, лақабаш «Мустақим» ва Нозимов Шараф, зодагони ноҳияи Рашт, Қиронов Бахтиёр, лақабаш «Алишери Исфарагӣ», зодаи шаҳри Исфара, Абдулҳақов Нурмаҳмад, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, Умаров Саидҷон, лақабаш «Ҳоҷӣ Саид», зодаи шаҳри Душанбе, Шукуров Маҳмуд, лақабаш «Маҳмудча — Зубайр», зодаи ноҳияи Ҳисор, Эшов Фазлиддин, лақабаш «Қорӣ Мусо», зодаи шаҳри Турсунзодаро фаромӯш кардаанд. Онҳо беш аз 53 нафар аъзои ҲНИТ-ро, ки бевосита дар ҳаводису амалиётҳои террористии Рашт, Хуҷанду Исфара даст доштанд ва рӯйхати пурраашон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сомонаҳои интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ нашр шуда буд, дар ёд надоранд. Сарвари минтақавии ягон ҳизбе сарвари гурӯҳи муташаккили ҷинойӣ (Имумназар Имумназаров) ва ё ҷанговари силоҳбадасти чунин гурӯҳ (С. Мамадризоев, Ш. Карамхудоев) набудааст.
Шахсияти маъруфу мондагори ҷаҳонӣ Махатма Гандӣ мегӯяд: «Ман муқобил нестам, ки дар хонаи ман шамоли беруна гардиш кунад, лекин намегузорам, ки ин шамол маро аз пой афтонад». Дар фаъолияти пешгирифтаи ҲНИТ сахрае аз чунин шамол эҳсос мегардад ва даъвати аъзои он ба ниҳодҳои давлатӣ низ, фикр мекунам, аз ҳамин зовия маншаъ мегирад. Агар ҳақиқат ин аст, беҳтар нест, ки наҳзату роҳбаронаш самти вазиши фаъолияташонро ҷониби манфиатҳои миллӣ ва давлатдории мустақили тоҷикон баргардонанд. Он гоҳ дигар не ҷойи тарс аз даъватшавӣ ба назди ниҳодҳо мемонаду не аъзои ҳизб бо гурӯҳҳои машкуку ҷинояткору террорист ҳамроҳ мешаванд.
Зиёвуддини Авлиёпур