Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба ноҳияи Фархор сафар кардан дар деҳоти «Гулшан» бо боғдорону сабзавоткорон суҳбат ороста, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода буданд, ки таҳрикбахши фаъолият гардида, пешравиҳои зиёдро рӯи кор оварданд.
Дуртар аз бинои осоишгоҳи деҳоти мазкур, дар домани талу теппа, наздики роҳи калон боғе бунёд ёфтааст. Соҳиби он Парвизи Нурмуҳаммад, директори мактаби варзишии ноҳияи Фархор мебошад, ки фориғ аз кор онро бунёд кардааст.
Парвиз ҷавон буда, аз соли 2015 раиси Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аст. Номбурда дорандаи камарбанди дараҷаи –Т «ТИТУЛ» мебошад.
Бо нияти суҳбат бо ӯ субҳи барвақт ба наздаш омадем. Парвиз моро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт ва пас аз салому алейк ба сайри боғ таклиф кард. Аз миёни боғ ҷӯйи калони тезҷараён ҷорист, ки саргаҳи он 500 — 600 метр болотар воқеъ аст. Насоси обкаш обро аз рӯди Панҷ кашида, ба он равона мекунад. Бӯйи гулу пудинаву райҳон димоғҳоро муаттар месохт.
- Варзиши «кикбоксинг» чӣ гуна варзиш аст? Чӣ маъно дорад ва аз куҷо пайдо шудааст? — пурсидам аз ӯ.
- Ин намуди варзиш ба қатори варзиши якҳарбаи шарқӣ — «Тайван — кюван» «К-I» дохил мешаваду маънои муштзанӣ бо даст ва зарба бо пойро дорад, — гуфт ӯ ва ёдовар шуд, ки аз хурдӣ ба варзиш шавқу завқи беандоза дошт. Бозии футбол, давидану ҷаҳидан ва гӯштинро беҳад меписандид. Соатҳои 3-4 шаб аз хоб хеста, 8-10 км медавид. Аз устодаш Азизуллоҳ Шарифов — соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ ва «Камарбанди сиёҳ» таълиму маслиҳат гирифтааст.
Парвиз хатмкардаи ду таълимгоҳи олӣ — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, риштаи иқтисод (соли 2011) ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (соли 2016) мебошад.
Дар Тоҷикистон «таэквандо» ва «кикбоксинг» дар байни наврасону ҷавонон мухлиси зиёд дорад. Биноан, Парвиз биноеро, ки пештар анбори мағозаи тиҷоратӣ буд, таъмир карда, ба ҷойи машқи шогирдон табдил дод.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи ноябри соли 2009 Парвизи Нурмуҳаммад дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал гардид.
Соли 2013 мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Истаравшани бостонӣ баргузор шуд, ки варзишгарон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд. Дар он тими кикбоксинг дар ҳайати Парвизи Нурмуҳаммад, Ҷумъахон Гиёев ва Суҳроб Идимадов ҷойи аввалро соҳибӣ кард.
Баъдан, зимни мусобиқаҳое, ки дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Чин, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон баргузор шуданд, ширкат варзида, соҳиби камарбанди «Титул-I» гашт. Хулоса, варзишгари умедбахшест Парвиз ва мо ба ӯ барору комёбӣ хоҳонем.
Исматуллоҳ Яъқубзод