Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «…таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ ва шаҳраку деҳот вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошад ва дар ин самт корҳо бояд тақвият дода шаванд».
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баҳри татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём дарҷшуда дар талошанд. Вусъат гирифтани корҳои таъмиру таҷдид дар роҳҳои дохилишаҳрӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳр далели ин гуфтаҳост.
Бино ба иттилои Хуррам Холбобоев — сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳри Турсунзода, роҳҳои мошингарди дохили деҳоти «Регар», «Турсун Туйчӣ» ва ба номи Ҷӯра Раҳмон, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, таъмири асосӣ мешаванд. Алҳол азнавсозии роҳҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон бомаром ҷараён дорад. Роҳсозон мумфаршсозии қисмати зиёди роҳро аллакай ба итмом расондаанд.
- Роҳҳои деҳоти мазкур, ки дар ҳолати ногувор қарор доранд, бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷалби соҳибкорон бояд пурра азнавсозӣ гардад. Ғайр аз ин, роҳҳои деҳоти дигар низ таъмир хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, тибқи дастури роҳбарияти шаҳр 40 километр роҳ таҷдид мешавад.
Дар тавозуни муассиса 281 километр роҳ мавҷуд аст, ки 250 километри он аҳамияти маҳаллӣ, 28 километр ҷумҳуриявӣ ва 7 километр аҳамияти байналмилалӣ дорад. Айни замон 30 нафар дар муассиса кор карда истодаанд. Шаш техникаи муосири гуногунтамға дорем, ки дар ҳолати хуби техникианд, — иброз намуд Х. Холбобоев.
Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»